Главная / Ҷамъият / Муҳлати шартномаи меҳнатӣ

Муҳлати шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 25-и Кодекси Меҳнат. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ

  1. Шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати зерин баста мешавад:

– ба муҳлати номуайян;

– ба муҳлати муайян – на камтар аз як сол, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои сеюм, чорум ва панҷуми ҳамин қисм;

– барои иҷрои уҳдадориҳои корманди ҳозирнабуда, ки мутобиқи Кодекси мазкур ҷойи кораш нигоҳ дошта мешавад;

– ба муҳлати иҷрои кори муайян;

– барои иҷрои корҳои мавсимӣ.

  1. Агар дар шартномаи меҳнатӣ муҳлати амали он нишон дода нашуда бошад, шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисоб меёбад ва он бе розигии корманд аз нав барои муҳлати муайян баста намешавад.
  2. Баъд аз ба итмом расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ ҳангоми такроран бастани он бо корманде, ки уҳдадориҳои меҳнатиашро дар асоси шартномаи меҳнатии муайяни на камтар аз як сол басташуда иҷро менамояд, чунин шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисобида мешавад, агар тарафҳо дигар шартномаи меҳнатии муҳлатнокро ба расмият надароранд.
  3. Шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ дар ҳолатҳое баста мешавад, ки вобаста ба шароити табиию иқлимӣ кор метавонад дар давраи муайян (мавсим), на бештар аз шаш моҳ анҷом дода шавад.
  4. Шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян дар ҳолатҳое баста мешавад, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити иҷрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани шартнома барои муҳлати номуайян имконнопазир бошад.
  5. Бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян бо мақсади даст кашидан аз додани кафолат ва ҷубронҳое, ки барои кормандони шартномаи меҳнатии ба муҳлати номуайян басташуда пешбинӣ шудаанд, манъ аст.
  6. Агар яке аз тарафҳо баъд аз ба охир расидани муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ дар давоми рўзи охирини кор (баст) қатъ намудани муносибатҳои меҳнатиро талаб накунад, шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисоб карда мешавад.
  7. Шартномаи меҳнатӣ бо шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи корфармо – шахси ҳуқуқӣ ба муҳлати муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилот ё созишномаи тарафҳо баста мешавад ва ба чунин шартнома муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур татбиқ намегардад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …