Главная / Чамъият / Мухлатхои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Мухлатхои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Моддаи 136-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Мухлатхои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар мухлати бист шабонаруз аз лахзаи протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар маводи парвандаро гирифтани судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки барои баррасии парванда ваколатдор мебошанд, барраси карда мешавад.
  2. Дар сурати ворид шудани дархост аз чониби иштирокчиёни пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури ё хангоми зарурати ба таври иловаги муайян кардани холатхои ин парванда аз чониби судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаро барраси менамоянд, мухлати баррасии парванда метавонад на бештар аз як мох дароз карда шавад. Дар бораи дароз кардани мухлат судя, макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) баррасикунандаи парванда таъинот ё карори асоснок мебароранд.
  3. Парвандахои хукуквайронкунии маъмури оид ба конунгузори дар бораи интихобот ва раъйпурси дар мухлати  панч шабонаруз аз лахзаи протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар маводи парвандаро гирифтани судя барраси карда мешаванд. Ин мухлат  дароз карда намешавад.
  4. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури, ки содир кардани он боиси татбики чазои хабси маъмури ё бо рохи маъмури берун кардан аз худуди Чумхурии Точикистон мегардад, дар рузи гирифтани протоколи хукуквайронкунии маъмури барраси карда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  5. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури, ки барои содир кардани он чазои маъмури метавонад дар намуди боздошти маъмурии фаъолият таъин карда шавад, бояд аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) дар мухлати на дертар аз панч шабонаруз аз лахзаи катъи вокеии фаъолияти ташкилот, филиалхо, намояндагихо, вохидхои сохтории шахси хукуки, китъахои истехсоли ва истифодаи агрегатхо, объектхо, биною иншоот, намудхои алохидаи фаъолият (кор ва хизматрасони) барраси карда шавад. Мухлати муваккатан манъ кардани фаъолият ба мухлати боздошти маъмурии фаъолият дохил карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …