Главная / Ҷамъият / Мӯҳлатҳои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Мӯҳлатҳои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 136-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мӯҳлатҳои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мӯҳлати бист шабонарӯз аз лаҳзаи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи парвандаро гирифтани судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки барои баррасии парванда ваколатдор мебошанд, баррасӣ карда мешавад.
  2. Дар сурати ворид шудани дархост аз ҷониби иштирокчиёни пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҳангоми зарурати ба таври иловагӣ муайян кардани ҳолатҳои ин парванда аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаро баррасӣ менамоянд, мӯҳлати баррасии парванда метавонад на бештар аз як моҳ дароз карда шавад. Дар бораи дароз кардани мӯҳлат судя, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) баррасикунандаи парванда таъинот ё қарори асоснок мебароранд.
  3. Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ дар мӯҳлати  панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи парвандаро гирифтани судя баррасӣ карда мешаванд. Ин мӯҳлат  дароз карда намешавад.
  4. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки содир кардани он боиси татбиқи ҷазои ҳабси маъмурӣ ё бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад, дар рӯзи гирифтани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  5. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки барои содир кардани он ҷазои маъмурӣ метавонад дар намуди боздошти маъмурии фаъолият таъин карда шавад, бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) дар мӯҳлати на дертар аз панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи қатъи воқеии фаъолияти ташкилот, филиалҳо, намояндагиҳо, воҳидҳои сохтории шахси ҳуқуқӣ, қитъаҳои истеҳсолӣ ва истифодаи агрегатҳо, объектҳо, биною иншоот, намудҳои алоҳидаи фаъолият (кор ва хизматрасонӣ) баррасӣ карда шавад. Мӯҳлати муваққатан манъ кардани фаъолият ба мӯҳлати боздошти маъмурии фаъолият дохил карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …