Главная / Илм / МОР дар Канзи Шифо (Китоб)

МОР дар Канзи Шифо (Китоб)

mor-kobraКисмхои ин гуногуни мор хаст: кофчак, сиёх, зард ва гайра. Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст бо куввати хушккунандаги. Хислатхои шифобахши он: равганашро ба чашм моланд, фуромадани оби зарарнокро аз гавхараки чашм манъ мекунад.

Пусташро дар шароб чушонида, он шаробро нимгарм дар гуш чаконанд, дарди онро шифо мебахшад. Инро дар сирко чушонида, он сиркоро дар дахан гардонанд, дарди дандонро таскин медихад.

Чун мори сиёхи хонагиро дар кузаи нав андохта, дар оташи хаммом гузоранд ё дар оташи танур бимонанд, то ки мор бисузад, баъд бароварда соида, бо асал соида ба чашм кашанд, чашмро багоят кави мегардонад. Инро бо равгани зайтун сиришта бар ханозер (хукгардан) бимоланд, онро тахлил медихад; бо сирко хамир карда, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш бимоланд, муй меруёнад ва ба носур бимоланд, хушк мекунад.

Пусти морро сухта, бо равгани загир даромехта, чанд руз хамон тавр бимонанду баъд ба носурхои кухна бимоланд, хеле хуб таъсир мекунад.

Чун дум ва захраи онро дар равган андохта, то мухарро шудан бичушонанд, баъд онро ба махав ва озах бимоланд, онхоро дур мекунад. Дандони морро дар зинда буданаш канда, бо ришта дар латтае баста, ба гардан овезанд ва ё муттасил дили онро биёвезанд, таби дуруздармиёнро шифо мебахшад.

Пусти онро, ки хар сол як бор мепартояд, ба рони занони хомила бибанданд, зоидани онхо осон мегардад. Агар инро сузонида, занхои хомила худро ба дудаш бидоранд, бачаи онхоро аз шикам меафтонад; касони гирифтори бавосир макъади худро ба ин дуд бидоранд, донаи бавосирро хушк мекунад.

Тухми морро бо сирко ва танакор бисоянду ба доги пес бимоланд, песро дафъ мекунад. Табиби кадими юнони Макротис гуфтааст, ки чун шиками мор аз сар то думаш чок карда, чизхои даруни шикамашро гирифта дур сохта, ба чойи онхо шохитараи хушкро, ки дар об тар карда, нам гиронда бошанд, пур кунанду баъд чойи чокро духта, дар оташ гузоранд, то ки бипазад. Сони шохитараро бароварда, ба доги пес гузошта банданду баъд аз як шабонаруз бикушоянд, тамоман сихат мегардонад.

Мизочи пусти мор дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст, ба кавли баъзехо дар севум хушк аст. Хислатхои шифобахши он: 3,5 грамм пусти морро реза карда, бо 7 грамм орди чав хамир сохта, монанди нони кумоч дар зери сангрезахои тафсони оташ пухта бихуранд, бавосири зохири ва ботиниро дафь мекунад.

Агар хар руз то се руз 3,5 грамми онро бо се адад хурмо бихуранд, аввалан баромадани озаххоро манъ мекунад ва агар баромада бошад, хушк карда мерезонад. 3,5 грамм пусти морро бо зок, ки сухта хокистар гардонида бошанд, бихуранд, санги хичакро майда карда мерезонад.

Пусти морро дар сирко чушонида, он сиркоро дар дахан гардонанд, дарди дандон ва дарди милки дандонро дафъ мекунад ва захмхои милкро шифо мебахшад.  Равгани зайтунеро, ки дар он пусти мор чушонида шуда бошад ё муддате хамон тавр дар офтоб гузошта шуда бошад, дар гуш чаконанд, дарди онро таскин медихад ва моддаи аз даруни он равонро хушк мекунад. Ин равганро дар чашм чаконанд, кутури чашм, обрави, суст ва нотавон шудани пилкхо, рехтани мижахо ва шилпукиро дафъ мекунад, чашмро тез ва кави мегардонад. Агар инро дар макъад бичаконанд, кафидани онро сихат мекунад.

Пусти морро дар шароб чушонида, он шаробро дар гуш чаконанд, дарди гушро таскин медихад ва агар ин шаробро дар дахан гардонанд, дарди дандонро сокин мекунад.  Пусти морро бо барги кавар дар об чушонида ва мумравганеро, ки аз равгани зайтун ва муми занбури асал тайёр намуда, дар хамин об хал карда, ин таркибро дар дахан бигардонанд, барои дард ва кафидани лаб ва макъад дору мешавад.

Пусти морро сухта, бо навшодир даромехта гузошта банданд, доги сафеди пуст ва песро дафъ мекунад ва дигар догхоро низ аз пуст дур месозад.  Сухтаи пусти морро бо равгани зайтун ё бо шароб даромехта бимоланд, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад.

Агар онрю бисузанд, аз дуд ва буяш чонварони зарарнок мегурезанд. Ин дудашро занхои хомила ба зери шикам ва миёни похои худ бигиранд, бачаи онхо ва хамрохаки (ёраки) тифли онхоро хамон дам аз шикам меафтонад; агар ин дудро ба решхои тар бирасонанд, онхоро хушк мекунад.  Пусти морро занхо хангоми зоидан ба рони худ банданд, таваллудро осон мекунад.

Пусти морро ба танхои бихуранд, чашмро торик месозад ва монанди мор пуст мепартоёнад. Дар ин холат кашниз бояд бихуранд, ки ин зарар ислох ёбад. Микдори як бор хурдан аз пусти мор дар як руз то 3, 5 грамм аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …