Главная / Илм / МАХМУД ХАКИМИ ЁФОНи

МАХМУД ХАКИМИ ЁФОНи

nophotoМАХМУД ХАКИМИ ЁФОНи, Махмуд ибни Мулло Шодимухаммади Ёфонии Куканди (1851, Куканд – 1930, хамон чо), табиб. Дар Бухоро ва Самарканд тахсили илм намуда, дар зодгохаш Куканд зиндаги ва эчод кардааст. М. дар асоси истифодаи комёбихои тибби Шарк ва тачрибаву малакаи шахси чанд китоб таълиф намудааст. Дар байни онхо «Тарику-л-илоч» («Усули муолича»), «Маъхазу-л-адвия» («Манбаи дорухо»), «Конуну-л-илоч» («Конуни муолича»), «Мучарработи Махмуди» («Озмудахои Махмуди»), «Киссаи Абуали ибни Сино» ва г. хеле машхуранд. М. дар ин асархо дар бораи беморихои шуш, дил, чигар, меъда, гадуди пистон, руда, ноф, муй ва нохун, табларза, омос, чарохатхо, шикастани устухон, захрхо ва г. батафсил маълумот додааст. Вай оид ба таърих «Хулласу-т-таворих» («Хулосаи таъриххо») ва бо тахаллуси Хакими «Девони Хакими» ном мачмуаи газалхоро низ таълиф намудааст.

Т. Ахмадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …