Главная / Илм / ЛОЛАХАСАК

ЛОЛАХАСАК

lolahasakЛОЛАХАСАК (Roemeria refracta), лоласурхак, лолаказок, гиёхест яксола. Аз 10 то 60 см кад мекашад. Пояаш сершохаи патдор. Баргаш калон, пармонанд. Гулаш калон, сурхи баланд, гулбаргхояш бодбезакшакл. Апр. – май (дар нохияхои кухи июн – июл) гул карда, май – июл тухм мебандад. Дар нишебихои гилхоки доманакуху теппахо, сахро, бог, заминхои партов, чарию ёнахои бе долу дарахт, канори роххо меруяд. Онро дар хама нохияхои Точикистон (гайр аз Помири Шарки; дар баландии 700 – 3000 м) метавон дучор омад.
Л. дар тибби халки хангоми бемории чашм истифода мешуд. Шираи гулбаргхои онро дар мавриди офтобзадаги ва ихтилоли кори меъдаву руда (диспепсия) кор мефармоянд. Гулбаргхои хушки Л.-ро чун воситаи таскинбахши дарди дил ва узвхои хозима истеъмол мекунанд.
Реша ва баргу пояи Л.-ро дар давраи гулшукуфт барои хосил кардани алкалоидхо мегундоранд. Дар тибби илми доруи «рёмерин» тавсия шудааст. Он алкалоидест, ки таъсири кураремонанд дорад
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …