ЛОК

lokЛОК (аз нем. lack – нахустманбаъ), махлули моддахое, ки плёнка хосил мекунанд. Л. барои руйпуши тунук ва шаффоф, инчунин тайёр намудани рангхои эмали кор фармуда мешавад. Л. таърихи кадима дорад. Мас., дар хазораи дуюми то милод дар Хитой аз шираи дарахти Rhus verniciflua ва чанд аср мукаддам то милод дар Миср дар асоси кахрабо Л. тайёр карда мешуд. Л.-хо вобаста ба навъи плёнкае, ки хосил мекунанд, битуми, равгани, алкиди, полиуретани, эпоксиди, полиэфири ва г. мешаванд.
Л. дар атсетон, уайтспирт, метилатсетат, бутилатсетат, этилатсетат, скипидар, хлорбензол, ксилол, толуол, стирол ва г. хал мешавад. Ва махз ин гуна халкунандахо хангоми сару кор гирифтан бо онхо боиси захролуди шуда метавонанд. Захролуди аз чунин моддахо шадид ва музмин мешавад. Падидахои захролуди гуногун мебошанд. Мас., хангоми захролуди аз спирти метил ва трихлорэтилен силсилаи асаби маркази осеб меёбад; захролуди аз бензол ва толуол боиси зарар дидани хун ва узвхои хунофар мешавад. Дар натичаи ба пусти бадан расидани Л. он хоришу сузиш мекунад, дурушт шуда мекафад.
Бо максади пешгирии захролуди дар таркиби Л. бояд моддахои зиёновар кам карда шаванд. Чои корро хамеша шамол дода, аз либосхои махсус, противогаз, респиратор, айнак ва г. истифода бурдан лозим аст. Дар чунин коргоххо истеъмоли гизо манъ аст. Занхои хомиларо барои кор бо Л. рох намедиханд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …