Главная / Илм / Кукнор

Кукнор

kuknor-660x330Кукнор (Кукнор) — ин растани ба хама маълум аст, ки навъхои бустони ва сахрои дорад ва ба забони русси онро «Опийный мак» меноманд. Мизочи пусти кузаи он дар дарачаи дувум сард ва дар якум хушк аст ва афюнаш нагирифтаи он кавитар аз афюнаш гирифташудаи он мебошад.

Хислатхои шифобахши он: пусти кузаашро бихуранд, карахт мекунад; мачрохоеро, ки моддахои даркории бадан ба воситаи онхо харакат мекунанд, талх гардонида, чараёни онхоро манъ месозад ва дар бадан гиреххо пайдо мекунад (аз чумла дар магзи сар хам).

2 грамм пусти кузаи кукнорро пагохи ба дили нахор ва хамон микдор бегохи пеш аз хоб бо оби хунук бихуранд, исхоли хунин ва сафровиро банд мекунад; тафси меъда, рудахо ва сузиши хичакро шифо мебахшад.

Агар инро куфта, ба пешони гузошта банданд, барои дарди сар дору мешавад; бо хулба даромехта, дар гулоб чушонида, дар ибтидои дарди чашм гузошта банданд, дардашро таскин дода, иллати онро ислох месозад ва моддахои аз сар ба аъзо рехташавандаро манъ мекунад.

Кукнорро бихуранд, сурфаи гарм ва сурфаи тари рутубати ракикнок (суюкнок)-ро ба ибро меоварад — ин фоидааш бинобар сард, гафс ва шах гардонидани моддахо мебошад. Агар инро бо шароби мозу бихуранд, исхоли кухнаро мебандад.

Мизочи оби он сард ва моил ба рутубат аст. Таъсираш аз тухмаш кавитар мебошад. Инро бардавом бихуранд, пай, рагхо ва мачрохои баданро суст мегардонад, бохро катъ месозад ба дарачае, ки марди солим хез мегардад, узвхои хозима ва иштихоро аз амал бозмедорад, фаромушхотириро ба амал меоварад, хунро мурдор мегардонад, харорати табиии баданро ночур ва парешон менамояд, вале дардхои аз гарми  ва хушки  ходисшударо таскин медихад; гуё як андоза нишот меоварда бошад, хисро дигар мекунад ва ба шуши сардмизочон зарар дорад. Барои дафъ кардани ин зарараш шакар ва асал бихуранд, кифоя аст.

Микдори як бор хурдан аз оби он дар як руз аз 4,5 то 6,5 грамм аст. Мизочи тухми кукнор дар дарачаи дувум сард ва дар якум тар аст.

Инро хам бихуранд, карахти ва хоб меоварад, моддахои ракики сафровиро пазонида, барои дафъ гаштан тайёр месозад ва дарунро шах мекунад. Агар 35 грамм аз он бо шакар бихуранд, барои дагалии узвхои даруни сина ва касабаи шуш, сурфаи гарми хушк, хун кай кардан ва таби дик (логаркунанда) дармон мешавад; майнаро кувват мебахшад, сустии гурда ва чигарро ислох мекунад, баданро фарбех мегардонад, сузиш ва беморихои гарми хичакро шифо мебахшад; бо баробари он магзи бодоми ширин бардавом бихуранд, хуни солим пайдо мекунад, логарии баданро бархам медихад (хусусан дар ин амр тухми кукнорро то буяш баромадан тафсонида бошанд, таъсираш зиёдтар аст); бо асал бихуранд, куввати бохро меафзояд, вале агар бо ин усул бардавом бихуранд, бохро катъ мекунад. Тухми кукнорро тафсонида, буйи онро ба машом кашанд, бехобиро дафъ мекунад. Аз тухми будодаи кукнор аз 7 то 17,5 грамм бихуранд, сахт хоб меоварад.

Равгани тухмаш дар хислат заифтар аст аз худи тухми он. Вале хурдани ин хам хоб меоварад, дар бадан гиреххо пайдо мекунад.

Микдори як бор хурдан дар як руз аз тухми он то 35 грамм аст. Чун пусти куза ва кунгураи нав ва тозаи онро куфта, курсхо сохта бихуранд, барои сурфа, дарди узвхои даруни сина ва сузок даво мешавад, шиддати ташнагиро мешиканад, пешоби хеле вакт боз бандшударо мекушояд ва рутубатхои баданро хушк мекунад. Бинобар хамин хамаи касоне, ки кукнор истеъмол мёкунанд, баданашон кок ва камгушту камравган мебошад, инчунин гузошта бастани он курсхо рутубатхоро хушк ва аз хамин боис варамхоро хам тахлил медихад.

Микдори як бор хурдан дар як руз аз курси он то 17,5 грамм аст. Низ баъд аз расидан хамаи кисмхои гиёхи онро дар об чуш диханд, хислати худи кукнорро молик аст, вале заифтар аз курси он аст.

Гули кукнорро бо оби кашниз якчо карда, ба чашм кашанд, дард, сузиш ва захми онро шифо мебахшад. Агар гули онро ба танхои гузошта банданд, доги захм ва решро нест мегардонад: бо оби кашниз даромехта гузошта банданд, донача ва обилахои сурхаки дар пуст дамидаро, ки даванда ва зиёдшаванда бошанд, ба ибро меоварад, инчунин реши раддиро (злокачественные язвы)-ро шифо мебахшад.

Аз гули кукнор равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Дар зарфи шиша то нима равгани кунчиди тоза андохта, онро аз гули тару тозаи кукнор пур намуда, то чил руз ба офтоб мегузоранд, ба шарте ки хар хафта гулро фишурда дур сохта, гули нав дохил кунанд. Баъд равганро соф карда нигох медоранд.

Тарзи дигараш ин аст. Агар гули тари кукнор ёфт нашавад, гули хушки кукнорро хар чи кадар, ки хоханд, бигиранд. Дар оби панч баробари вазни гул як шабонаруз тар карда, баъд онро бо оташи мулоим бичушонанд, то он ки чоряки об бимонад. Пас молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида соф намуда, он обро дар зарфе карда, аз болояш баробари вазни об равгани кунчиди тоза дохил карда, бо оташи мулоим бичушонанд, то об тамоман бухор шуда, равган бимонад, вале эхтиёт кунанд, ки равган дог нагардад.

Ин равгани гули кукнорро бихуранд, карахти меоварад, дардхои гарммизочро таскин медихад, варамхои гармро мегардонад; барои назла, сурфаи гарм дармон мешавад. Агар нимгарм дар гуш бичаконанд, дарди онро, ки аз гарми бошад, таскин медихад, ннчунин варами гарми даруни онро шифо мебахшад.

Барги кукнорро дар об чушонида, он обро бо асал сиришта, лесида бихуранд, назлахои гуногунро банд мекунад, сурфаро таскин медихад, исхоли кухнаро мебандад. Барги онро дар об чушонида, он обро ба сар бирезанд, бехобиро дафъ мекунад.

Кунгураи куза, яъне сари кусаки кукнорро куфта, бо орди чав хамир сохта гузошта банданд, сурхбод ва варамхои гармро дафъ мекунад. Решаи онро дар об чушонида, он обро бинушанд, ба иллати чигар шифо мебахшад, моддаи гафси меъдаро ракик мегардонад. Барги навруидаи онро бо равган ва пиёз бирён намуда тановул кунанд, фарах мебахшад, хоб меоварад ва исхолро банд месозад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …