Моддаи 48-и Кодекси Мехнат. Катъ шудани шартномаи мехнати дар холатхое, ки ба иродаи тарафхо вобаста намебошанд
Шартномаи мехнати дар холатхои зерин, ки ба иродаи тарафхо вобаста намебошанд, катъ карда мешавад:
– хангоми даъват ё ба хизмати харби дохил шудани корманд;
– ба охир расидани мухлати ваколат;
– хангоми ба кор баркарор шудани корманде, ки пештар ин корро ичро мекард;
– хангоми эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркунандаи суд, ки дар асоси он корманд ва ё корфармо – шахси вокеи ба чазои махрум кардан аз озоди махкум шудааст, халномаи суд, ки бо он корманд ва ё корфармо гайрикобили амал эътироф гаридааст ё кобилияти амали у махдуд карда шудааст ва давом додани муносибатхои мехнатиро истисно менамояд;
– бинобар вафот кардани корманд ва ё корфармо – шахси вокеи, инчунин аз тарафи суд фавтида эълоншуда ё бедарак гоибшуда эътироф гардидани корманд ё корфармо – шахси вокеи;
– дар сурати вайрон кардани коидахои мукарраршудаи кабул ба кор;
– дар холатхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст.