Главная / Ҷамъият / Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд

Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд

Моддаи 48-и Кодекси Меҳнат. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд

Шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд, қатъ карда мешавад:

– ҳангоми даъват ё ба хизмати ҳарбӣ дохил шудани корманд;

– ба охир расидани муҳлати ваколат;

– ҳангоми ба кор барқарор шудани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард;

– ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, ки дар асоси он корманд ва ё корфармо – шахси воқеӣ ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, ҳалномаи суд, ки бо он корманд ва ё корфармо ғайриқобили амал эътироф гаридааст ё қобилияти амали ў маҳдуд карда шудааст ва давом додани муносибатҳои меҳнатиро истисно менамояд;

– бинобар вафот кардани корманд ва ё корфармо – шахси воқеӣ, инчунин аз тарафи суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф гардидани корманд ё корфармо – шахси воқеӣ;

– дар сурати вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи қабул ба кор;

– дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …