Главная / Илм / «КИТОБУ-Т-ТАЙСИР Фи-Л-МУДОВОТ ВА-Т-ТАДБИР»

«КИТОБУ-Т-ТАЙСИР Фи-Л-МУДОВОТ ВА-Т-ТАДБИР»

kitob-2«КИТОБУ-Т-ТАЙСИР Фи-Л-МУДОВОТ ВА-Т-ТАДБИР» (Китоби осониовар дар дармон ва тадбир), асари Абумарвон Абдулмалик ибни Зухр (ваф. 1162). Бехтарин китобест, ки Ибни Зухри Андалуси дар тиб таълиф кардааст, зеро у баъд аз пухтагии касби хосил кардану тачрибахои зиёд андухтан дар тиббу табобат ва ба кавле бо маслихати дусту рафики наздики худ Ибни Рушд ба навиштани он икдом менамояд. Муаллиф бештар ба чанбаи амалии тиб эътибор дода, кушидааст он чизхоеро баён кунад, ки хам ба осони ба даст оянд ва хам ба осони дар амал татбик шаванд. Накл аст, ки китоб баробари таълиф шудан шухрат ёфтааст. Муаллиф хануз онро ба охир нарасонда нусхабардорон ба нусхабардори ва тарчумонхо ба тарчима кардани он пардохтаанд. Дар натича дар як вакт ду тарчимаи аз якдигар номаълуми он ба забони яхуди ба вучуд меояд. Тарчумахоро ба Италия бурда, аз руи яке аз онхо китобро ба забони лотини мегардонанд ва хамин тарик он дар марказхои илмию фархангии Аврупо пахн шуда, мавриди мутолиа ва омузиш карор мегирад. Китоб то ибтидои а. 18 дастури мухими таълими дар донишгоххои тиббии Аврупо ба шумор мерафт. Ба шаходати шаркшиноси франсави Леклер (ваф. 1892) накши он дар таърихи тиб на камтар аз накши «Ал-Хови»-и Абубакри Рози ва «Ал-Конун»-и Ибни Сино будааст.
«К.» аз мукаддима, ду сифр (кисм) ва як мулхак бо номи «Китобу-л-чомеъ» иборат аст. Сифри якум тамоми беморихову иллатхои бахши болои тан аз сар то поёни кафаси сина ва роххои муоличаи онхоро дарбар гирифтааст. Сифри дуввум дар баёни беморихову иллатхои бахши поёнии тан буда, инчунин табхо, бухронхо, беморихои вабои ва роххои муоличаи онхоро дарбар мегирад. Муаллиф дар мулхаки китоб, ки онро бо дархости амири Ишбилия навиштааст, як кисм дорухои мураккаби барои мардуми гайри табиб муносибу маъруф, аз кабили ошомиданихо, маъчунхо ва равганхоро ёд кардааст. Матни комил ва интикодии «К.» бо тахкикоту тавзехоти доктор Мишел ал-Хури ва бо мукаддимаи доктор Мухийюддини Собир дар асоси чахор дастхати кадимаи он ки дар китобхонахои гуногуни чахон (Париж, Работ, Оксфорд ва Лондон) махфузанд, бори аввал с. 1983 дар Димишк ба табъ расидааст.
«К.» бо сабки нигориши худ аз тамоми китобхои тиббии кабл ва баъд таълифшуда фарк мекунад. Муаллиф дар он аз ибтидо то интихо одоби шаръиро бо камоли назокату фасохат риоя карда, нишон додааст, ки акл бо эмон ва илм бо шариат чи андоза ба хам робитаи ногусастани доранд.
Ад.: Ибни Зухр, «Китобу-т-тайсир фи-л-мудовоти ва-т-тадбир», Димишк, 1983.
С. Шахобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …