Главная / Маданият ва санъат / КАШФИЁТХОИ БУЗУРГИ ЧУГРОФИ

КАШФИЁТХОИ БУЗУРГИ ЧУГРОФИ

То нимаи дуюми асри XV одамони аврупо асосан дар бораи Европа. Осиё ва кисмхои сохилии Африка тасаввурот доштанд. Дар бораи дигар кисмхои хушки маълумоте надоштанд. Бинобар ин олимон дар харитаи тартибдодаи худ факат хамон материкхо ва бахру укёнусхои ихотакардаашонро нишон додаанд. Он харитахо галатхои зиёд доштанд. Харитаи оламе, ки олими Юнон Батлимус (Птояемей. асри II милод) тартиб додааст, аз кабили чунин харитахо мебошад. Дар он харита кисми зиёди кураи Заминро хушки ташкип медихад. Ammo мо медонем, ки хафтоду як фоизи руи Заминро об ташкил кардааст.

kashfi-jugrofi

Укёнуси Хиндро хамчун бахри дохили хушки тасвир карда, аз гарб ба шарк тул кашидани худуди материки Европаю Осиёро аз будаш хеле зиёд нишон додаасг. Аммо сарфи назар аз ин галатхо, харитаи олами Батлимусро бахрнавардон ва сайёхон чордах аср истифода бурданд. Дар харитаи Батлимус ва глобусе, ки дар асри XV Мартин Бехайм сохта буд (расми 3), Австралия, Антарктида. Америкаи Шимоли ва Америкаи Чануби акс наёфтаанд. Аммо вучуд доштани ин кисмхои хушкиро олимон тахмин мекарданд. Дар чануби нимкураи чануби мавчуд будани хушки (Австралия)-ро олимони кадим пешгуи карда буданд. Дар он тарафи Укёнуси Атлантика мавчуд будани хушкии калон (Америкаи Шимолй ва Чануби)-ро Абурайхони Беруни дар ибтидои асри XI тахмин кардааст. Чустучуи он сарзаминхои номаълум, роххои нави бахри ба мамлакатхои Шарк, инкишофи илм, бахрнаварди ва манфиати савдо ба кашфиётхои бузурги географи асос гузошт. Аввалин экспедитсияхоро испанихо ва португалихо ташкил карданд.

Кашфи Америка ва рохи бахри Хиндустон. Дар асри XV якчанд экспедитсия ташкил карда шуданд. Яке аз онхо экспедитсияи Христофор Колумб буд. Максади он чустучуи рохи бахри ба суи Хиндустон буд. Бо ин максад Христофор Колумб соли 1492 пас аз тайёрии зиёде бо се кишти аз Испания баромада, ба воситаи Укёнуси Атлантика ба самти гарб рахсипор гардид. У фикр мекард, ки Замин курашакл аст. Агар ба воситаи Укёнуси Атлантика ба гарб харакат кунад, дар шарк ба сохилхои Осиё хохад расид. Ба хамин фикру андеша Укёнуси Атлантикаро гузашта, баъди ду мох ба сохилхои Америкаи Марказй расид. Колумб хамаги ба сохилхои Америка чор маротиба экспедитсия ташкил кард, аммо ба гарб ягон гузаргох наёфта, то охири умри худ фикр мекард, ки у Хиндустонро кашф кардааст.

Экспедитсияхои Христофор Колумб тахмини Абурайхони Беруниро дар бораи дар он тарафи Укёнуси Атлантика вучуд доштани хушкии азим тасдик намуд. Аммо Христофор Колумб дар бораи он ки китъаи тамоман навро кашф намудааст, хабар надошт. Дертар ин китъаро Америка номиданд. Баъди панч соли экспедитсияи якуми Христофор Колумб барои ёфтани рохи бахри ба Хиндустон хукумати Португалия экспедитсия ташкил кард. Сарварии онро ба Васкода Гама супурданд. Соли 1447 Васко да Гама бо чахор кишти аз Португалия баромада. ба самти чануб харакат намуд. У сохилхои гарбии Африкаро давр зада, аз Укёнуси Атлантика ба Укёнуси Хинд гузашт ва соли 1448 ба бандари бахрии Хиндустон шахри Калкатта ворид шуд. Хамин тавр рохи бахри ба суи Хиндустон кашф гардид, ки дар таърихи савдои чахонй вокеаи нихоят мухим буд. Аммо хаминро кайд кардан зарур аст, ки сайёхи точик Абдураззоки Самаркандй аз Васко да Гамаи португалй 56 сол пештар ба Хиндустон аз тарафи Гарб ба воситаи Халичи Хурмуз ба Укёнуси Хинд ворид шуда буд.

Бехайм Мартин (1459 – 1507) географи немис аст. У соли 1492 глобуси нахустинро сохт, ки тасаввуроти географиро дар бораи сатхи Замин дар арафаи кашфи Олами Нав (китьаи Америка) акс намудааст.

Аввалнн экспеднтсияи гирди олам. Баъди кашфи китьаи Америка маълум гардид, ки вай аз шимол ба чануб тул кашидааст ва монеаест дар байни Европа ва Осиё. Баъд саволе ба миён омад, ки оё ии хушкиро давр зада ба гарб шино кардан мумкин аст ё не! Ин саволи душворро Магеллан хал намуд. У соли 1519 бо панч киштй ба нахустин сафари гирди олам баромад. Укёнуси Атлантикаро гузашта, ба воситаи гулугох Америкаи Чанубиро давр зада, киштихо ба Укёнуси Ором ворид гардиданд. Магелланро соли 1521 дар яке аз чазирахои Филиппин ба катл расонданд. Соли 1522 аз панч кипггии хайати экспедитсия факат як кипгги ба Испания баргашт. Ин экспедитсия курашаклии Заминро тасдик-намуд, бузургии сатхи Замин, ягонагии Укёнуси Олам ва аз об иборат будани кисми зиёди сатхи Замин маълум гардид.

Кашфи материкхон Австралия ва Антарктида. Дар харитахои олами асрхои миёна дар чануби Укёнуси Хинд хушкие бо номи Замини Чанубй акс ёфта буд. Холландихо барои муайян кардани он экспедитсия ташкил намуданд. Онро сайёх ва бахрнаварди машхур Абел Тасман сарварй мекард. Соли 1642 у сохилхои шимоли ва шимоли гарбии Австралияро тадкик намуда, дар самти чанубни он чазираеро кашф кард, ки онро баъдтар Тасмания ном гузоштанд. Экспедитсияи Тасман муайян намуд, ки Австралия материки алохида буда, он кадар калон нест.

Материки Антарктидаро русхо кашф намуданд. Соли 1819 ду кишти бо сарварии Ф. Ф. Беллинсгаузен ва М. П. Лазарев аз Петербург баромада, ба тарафи доираи Кутби Чанубй шино карданд, 16 январи соли 1820 ба сохилхои Антарктида наздик шуда, аз дур нишонаи наздик будани заминро мушохида карданд. Ин рузро олимон санаи кашфи Антарктида мешуморанд. Хамин тавр тавассути кашфиётхои бузурги географи материкхо ва укёнусхои нав кашф карда шуданд. Дониши одамон оид ба Замин афзун гардид.

Тадкикоти муосири географи. Киссхои калони руи Замин – материкхо ва укёнусхо тадкик карда шуданд. Вале табиати дохили материкхо, укёнусхо ва кутбхои Шимоли ва Чануби холо пурра омухта нашудаанд. Бинобар ин олимони сохаи илми география дар замони мо хам ба тадкикоти табиати сатхи Замин машгуланд. Онхо дар тадкикотхои худ аз усулхои гуногуни илмй истифода мебаранд. Аз чумла барои омухтани табиати кисмхои алохидаи материкхо ва укёнусхо экспедитсияхо ва марказу нуктахои мушохидакунии доими ташкил менамоянд.

Барои мушохида ва хисоб кардани маълумотхо аз асбобу мошинхои хозиразамон истифода мебаранд. Натичаи тадкикотхои географиро дар харита акс намуда, барои ташкил ва инкишофи саноат, хочагии кишлок ва наклиёт истифода мебаранд. Расмхои аз кайхон гирифтаро чамъбасту тахлил менамоянд (расми 5). Ба максадхои гуногун дар табиат тачриба мегузаронанд. Масалаг.. дар Туркманистон барои ба иклими биёбон мутобик кунондани набототи гармидуст, дар Помир барои мутобик кунондани дарахтони мевадиханда ва гайра тачриба гузаронда мсшавад. Натичаи онро мамлакатхое, ки дар минтакаи биёбон ва баландкух чойгир шудаанд, истифода мебаранд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …