Главная / Илм / КАЖДУМ дар Канзи Шифо (Китоб)

КАЖДУМ дар Канзи Шифо (Китоб)

kajdum-660x300Каждум навъхои гуногун дорад. Каждуме, ки дар вакти харакат дунболаи худро баланд гирад, онро каждуми сайёла меноманд ва агар думашро бар замин кашида равад, онро каждуми чаррора мегуянд. Каждуми чаррора аз сайёла хурдтар ва захраш кавитар, ки кушанда мебошад. Захри каждуми мода кавитар аз нари он аст. Бадтарини хамаи инхо навъи сиёхи он аст. Хелхо каждуми бадзахр бисёранд. Хатто чунин каждум хам хаст, ки агар неш ба санг занад, онро реза-реза мегардонад.

Мизочи каждум дар дарачаи севум сард ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: равганашро бимоланд, фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), нотавон ва суст шудани аъзо, кач шудани руй, дарди бугумхо ва карахтиро шифо мебахшад.

Хокистари онро бо мурч соида, ба он занчабил ва гайра давохои гарммизочи муносиб даромехта, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашм ва нохунаки чашми инсонро дафъ мекунад. Каждуми сухтаро ба ним вазни он саргини муш даромехта, ба чашм кашанд, чашмро кави мегардонад, кутур ва пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад.

Каждумро бирён ё кабоб карда бихуранд, сурфаи кухнаеро, ки аз сарди бошад ва захмхои узвхои пешобро шифо мебахшад. Каждуми сухтаро бо шилми олу ё бо тухми куфтаи гули хайри ва ё бо шибит бихуранд, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвории шошадонро осон мекунад, хатто дар ин бобат назир надорад, кулинчхои (колитхои) гуногунро шифо мебахшад.

Каждуми калонро хушк сохта, ос карда, бо сирко сиришта бимоланд, доги песро, ки нав бошад, дафъ мекунад; инчунин барои доги сафеди пуст ва доги кунчидак дору мешавад ва ба чохои гирдак-гирдак муйи рехтаи сар ва риш муй меруёнад.

Чун каждумро дар равгани зайтун бисузонанду ба реши радии бадфиоли бехнашаванда бимоланд ва аз болои он куфтаи каждуми сухтаро бипошанд, фоида мебахшад, инчунин он равганро ба чойи сар ва риш, ки муяш гирдак-гирдак рехта бошад, бимоланд, муй меруёнад. Ва агар ин равганро ба бавосир пай дар пай бимоланд, донаашро меафтонад.

Каждуми зиндаро чок кард ба чойи каждумгазида барбанданд, захри онро ба худ мекашад. Ва агар кабоб ё бирён кардаи онро бихуранд, захри газидаи каждумро дафъ мекунад.

Агар дар охири мох, ки се-чор руз аз он монда бошад, як адад каждумро дар шиша андохта, бар болояш равгани зайтун рехта, дахани шишаро махкам карда, чанд руз онро дар офтоб бигузоранд, то ки куввати каждум ба равган бигузарад. Ин равганро бимоланд, дарди пушт ва иркуннасоро (радикулитро) шифо мебахшад, инчунин фоличро ба ибро меоварад ва донаи бавосирро меафтонад. Агар адади каждум зиёд бошад, микдори равганро дар таносуби ба як адад каждум 35 грамм равгани зайтун дар вакти ба офтоб гузоштан афзоянд ва чил руз дар офтоб гузоранд, баъд ин равган равгани каждум хисоб меёбад. Агар ин равганро аз ру бимоланд, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

kajdum-2-300x168Накл кардаанд, ки занеро бача дар вакти хомилаги аз шикам меафтода бошад, каждуми мурдаи хушкро ба худ биёвезад, бачаи вай дигар намеафтад. Микдори як бор дар як руз хурдан аз хокистари каждум аз 1,75 то 4,5 грамм аст. Вале хурдани ин ба шуш зарар дорад. Давояш тухми карафс хурдан ва ошомидани оби пиёз то 180 грамм мебошад.

Агар каждум касеро бигазад ва чойи газидааш варам кунад, сахт ва сурх гардад ва он каси каждумгазида ду холати зидди хамдигарро хис кунад, ки гох хунук хурад ва гох гарм гардад, гамгин шавад, дар изтироб ояд, сусти дар дили худ хис кунад, араки хунук ояд, сустии бадан, ларза, бечошавии акл, паридан лабхо, оруг ва кайи сахт ходис гардад ва дар вай чизе часпак барояд, бод дар шикамаш пайдо гардад, дандонхо бархам афтанд, бехуши содир шавад, рангаш бипарад, забонаш гафс гардад, узвхо сард ва суст гарданд, закараш варам кунад, макъадаш (кутанаш) барояд — ин хам илочпазир намебошад.

Хуллас, илочи он дархол, агар мумкин бошад, сахт бастани болои он мавзеъ, монанди моргазида ба амал оваранд; тухми загир ва гугирдро куфта, бо равгани савсани сафед ё равгани савсани кухи сиришта, ба он мавзеъ гузоранд; хояи сагоби, мурчи дарозро бо сирко сиришта, ба он чо сахт бимоланд, бо оташ гармбанди кунанд, сир (чеснок) бихуронанд ва низ сирро куфта банданд, чадвор бар он бимоланд ва аз истеъмоли давохои кушояндаи гиреххо худдори намоянд. Ва агар имконияташ бошад, он каждуми газидаро бигиранду куфта, ба чойи газидааш банданд, захрашро дафъ мекунад. Охак ва барги тутро гирифта, бо равгани дунба саришта, ба чойи захми он низ ва охаку равганро ба чойи газидаи он бимоланд, дардаш сокин мегардад. Агар он равганро бо асал даромехта, чун кудак аз модар зоида шавад, 1,75 грамм аз он ба комаш бимоланд, баъд аз он агар дар тамоми умраш уро каждум бигазад, дард намекунад.

Чирки гуши хукро ба мавзеъи каждумгазида бимоланд, дардаш сокин мешавад. Барги токро куфта, ба чойи газидаи он гузоранд, дардашро таскин медихад. Агар магзи чормагз, анчир, сири куфта бар захми он бимоланд, низ судманд мебошад. Шамъчаи яхро дар макъад бардоранд, дарди онро таскин медихад. Шиками мушро чок карда, гармогарм ба он чо гузошта банданд, тухми юнучкаро гузошта банданд; решаи кавар, талхшувок — хардуро баробар гирифта, куфта, бо асал маъчун сохта аз он 2 грамм бихуронанд, фоида дорад.

Накл аст, ки касе гирифтори фолич гашта, ба хестан ва рох гаштан кодир набуд. Иттифокан дар вакти шаб хангоми хоб чанд чойи уро каждуми чаррора газид ва бемор аз иллати мазкур начот ёфт.

Агар каждуми чаррора бигазад, давояш хурдани равгани гов ё гусфанд ва он равганро тафсонида, ба такрор ба чойи газидааш рехтан аст; инчунин аз он мавзеъ хун гирифтан ё чок карда, хуни он чоро сар додан аст: оби себи туршро дар оташ гафс гардонида ошомидан аст; талкони себи туршро бо оби сард ошомидан, косни ва дигар таскиндихандахои фишори хун, аз чумла: оби чав, оби каду, оби бодиринг ва монанди инхо биёшоманд; инчунин барги себи турш, кашнизи хушк — аз хар як баробар микдори се каф бихуранд, фоида дорад.

Тарики сухтани каждум ин аст. Каждуми зиндаро дар зарфи мис ё охан, ё сафол андохта, дахани онро бо хамир махкам намуда, танурро бо хезуми ток ва гайра тафсонида, баъд оташро аз танур бароварда, он зарфи каждумдоштаро шаб дар он гузоранду дахани танурро бипушанд, пагохи каждумро бароварда бисоянд. Шарташ хамин, ки танур гарми бад набошад, ки мабодо каждум сухта, тамоман хокистар гардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …