Главная / Илм / КАБУДи

КАБУДи

kabudiКАБУДи, баргу пояи баъзе гиёххои боги ва худруй, ки чун хуроки одам истеъмол мешавад. К. иштихоро зиёд ва таомро хуштамъу сервитамин мекунад. Вобаста ба тарзи истифода се гурухи К.-хо мавчуданд: К.- е, ки ба таом меандозанд (шилха, испанох, чагчаг ва г.); К. – е, ки аз он салат тайёр мекунанд (навъхои гуногуни коху, кресс – салат) ва К. – и хушбую хуштаъм (шибит, кашнич, чаъфари, райхон, наъно, карафс, пиёзи кабуд ва г.).
К. дар таркибаш микдори зиёди витамин, намакхои минерали, моддахои зарурии биологи дошта, манбаи бехамтои калтсий, охан, фосфор, мис мебошад. Аз ин чихат истеъмоли К. барои организм муфид аст. К.- е, ки ба микдори зиёд намакхои калий дорад (гайр аз шилха ва испанох), барои табобати беморихои дилу гурда фаровон истифода мешавад. Дар таркиби К. кислотахои органики, канд, моддахои нитрогендор ва бенитроген низ мавчуданд. Гиёххои хушбую хуштаъм инчунин моддахои хушмаза ва мушкине доранд, ки ба таом тези ва буи махсуси форам мебахшанд. Моддахо (фитонсидхо)-е, ки дар таркиби пиёзи кабуд мавчуданд, микробхо ва занбуругакхоро махв месозанд.
Баъзе гиёххои худруй ва полизиро низ чун К. истифода бурдан мумкин аст. Чунончи, баргу пояи лаблабу, газна, барги коку, юнучка, мугчаи настаран ва г. барои тайёр кардани хар гуна таому хуришхо, тархун, марза, пудина, марзангуш, лимугиёх, хурфа, руморанро чун К. – и хушбую хушхазм кор мефармоянд. Азбаски К. дорои витаминхои гуногун, намакхои минерали ва г. мебошад, онро ба хуроки одамони солим ва гизохои пархези илова мекунанд. Ба бемороне, ки гирифтори амрози меъдаю руда (решмараз, газаки меъда, газаки рудаи гафс, энтероколит, беморихои чигар, холесистит), илтихоби гурда, нефроз ва пиелонефрит мебошанд, бе маслихати духтур истеъмоли К. тавсия карда намешавад. Дар хурок чойхои таррак ва нозуки растаниро истифода мекунанд. К. тез вайрон мешавад. Онро дар харорати 0 – 40 аз 2 – 3 руз зиёд нигох доштан мумкин нест. К. – ро барои муддати зиёд нигох доштан намак мекунанд ё дар харор. 45 – 500 мехушконанд. Дар ин хол кимати гизои ва витаминхои К. кадре кам мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …