Главная / Илм / КАБУДӣ

КАБУДӣ

kabudiКАБУДӣ, баргу пояи баъзе гиёҳҳои боғӣ ва худрӯй, ки чун хӯроки одам истеъмол мешавад. К. иштиҳоро зиёд ва таомро хуштамъу сервитамин мекунад. Вобаста ба тарзи истифода се гурӯҳи К.-ҳо мавҷуданд: К.- е, ки ба таом меандозанд (шилха, испанох, ҷағҷағ ва ғ.); К. – е, ки аз он салат тайёр мекунанд (навъҳои гуногуни коҳу, кресс – салат) ва К. – и хушбӯю хуштаъм (шибит, кашнич, ҷаъфарӣ, райҳон, наъно, карафс, пиёзи кабуд ва ғ.).
К. дар таркибаш миқдори зиёди витамин, намакҳои минералӣ, моддаҳои зарурии биологӣ дошта, манбаи беҳамтои калтсий, оҳан, фосфор, мис мебошад. Аз ин ҷиҳат истеъмоли К. барои организм муфид аст. К.- е, ки ба миқдори зиёд намакҳои калий дорад (ғайр аз шилха ва испанох), барои табобати бемориҳои дилу гурда фаровон истифода мешавад. Дар таркиби К. кислотаҳои органикӣ, қанд, моддаҳои нитрогендор ва бенитроген низ мавҷуданд. Гиёҳҳои хӯшбӯю хуштаъм инчунин моддаҳои хушмаза ва мушкине доранд, ки ба таом тезӣ ва бӯи махсуси форам мебахшанд. Моддаҳо (фитонсидҳо)-е, ки дар таркиби пиёзи кабуд мавҷуданд, микробҳо ва занбӯруғакҳоро маҳв месозанд.
Баъзе гиёҳҳои худрӯй ва полизиро низ чун К. истифода бурдан мумкин аст. Чунончи, баргу пояи лаблабу, газна, барги қоқу, юнучқа, муғчаи настаран ва ғ. барои тайёр кардани ҳар гуна таому хуришҳо, тархун, марза, пудина, марзангӯш, лимугиёҳ, хурфа, рӯморанро чун К. – и хушбӯю хушҳазм кор мефармоянд. Азбаски К. дорои витаминҳои гуногун, намакҳои минералӣ ва ғ. мебошад, онро ба хӯроки одамони солим ва ғизоҳои парҳезӣ илова мекунанд. Ба бемороне, ки гирифтори амрози меъдаю рӯда (решмараз, газаки меъда, газаки рӯдаи ғафс, энтероколит, бемориҳои ҷигар, холесистит), илтиҳоби гурда, нефроз ва пиелонефрит мебошанд, бе маслиҳати духтур истеъмоли К. тавсия карда намешавад. Дар хӯрок ҷойҳои таррак ва нозуки растаниро истифода мекунанд. К. тез вайрон мешавад. Онро дар ҳарорати 0 – 40 аз 2 – 3 рӯз зиёд нигоҳ доштан мумкин нест. К. – ро барои муддати зиёд нигоҳ доштан намак мекунанд ё дар ҳарор. 45 – 500 мехушконанд. Дар ин ҳол қимати ғизоӣ ва витаминҳои К. қадре кам мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …