Главная / Гуногун / Инкилоби буржуази-демократи дар Мексика (солхои 1910- 1917)

Инкилоби буржуази-демократи дар Мексика (солхои 1910- 1917)

Аз соли 1876 то соли 1911 дар Мексика хокимияти диктатори дар дасти президент генерал Порфирио Диас буд. Вай мамлакатро ба давлати харбию политсияги ва ниммустамликаи импернализми Америка табдил дод. Сиёсати доир ба замин, ки Диас ба амал мебаровард, барои халк нихоят халокатовар буд. У зуран дехконони хиндуро аз замин махрум карда, заминхои чамоавиро кашида мегирифт. Миллионхо кишоварзони хиндуи хонавайроншуда мачбур буданд, ки дар конхо, корхонахои нафткоркуни, заминхои ширкатхои инхисории хоричи ва дар заминхои замнидорони махалли кор кунанд. Замин, чангал ва дороии дигари кишоварзонро ширкатхои инхисории хоричи ва рухониёни Мексика кашида шрифта, аз худ мекарданд.

revol_v_mexike

Эмилиано Сапата (1880 – 1919) – техники камбагал, аз синни навраси ба мукобили бедодгарихои заминдорои мубориза мебурд.

Аз солхои аввали асри XX харакатхои инкилобии ахолии мамлакат ба мукобили диктатураи Диас огоз ёфтанд. Дар шахрхо ва минтакахои саноати кухии Мексика ахли мехнат ва табакахои гуногуни буржуазия корпартои ва намоишхои зиддихукумати ташкил менамуданд. Дар чануби мамлакат дастахои чирикии кишоварзон бо сардории Эмилиано Сапата (1877-1919) ва дар шимол бо сардории Франсиско Виля (1877—1923) амал мекарданд. Чаллод Порфирио Диас баромадхои мардумро бо зарбаи тиру шамшер фуру менишонд. Дар солхои 1910-1911 харакатхои парокандаю бенизоми нерухои пешкадами мамлакат ба нехзати пурзури инкилобии Мунтазами зидди тартиботи пусидаи диктатории Диас табдил ёфтанд ва дар Мексика инкилоби буржуазию демократи галаба кард. Диктатор Порфирио Диас мачбур шуд, ки аз мамлакат фирор кунад. Дар Мексика хокимият ба дасти буржуазияи милли гузашт.

Оммаи кишоварзони безамин ва камзамин барои ба даст даровардани замин мубориза мебурданд. Онхо ба дастахои инкилоби дохил мешуданд ва шиорхои Сапата “Замин ва озоди” ва “Бо сарбаланди мурдан бех аз зистан бо сари хам”-ро сармашки муборизаи худ карда буданд. Буржуазияи дар сари хокимиятбуда зуд ба кишоварзон замин дода натавонист. Ин холат авчи харакати инкилобиро боз хам баландтар кард. Дастахои чирики дар зери рохбарии Сапата ва Виля ба артишхои мунтазами кишоварзон табдил ёфта буданд.

Чанги *«шрнкхои Мексика бо америкавихо дар Веракрус. Империализми ИМА аз бенизомии дар натичаи инкилоби буржуазию демократии Мексика баамаломада истифода бурда, солхои 1914 ва 1916 ду маротиба бар зидди инкилоби Мексика тачовузи мусаллахона ташкил намуд. Лекин муковимати кахрамононаи оммаи мардум ИМА-ро мачбур намуд, ки сарбозонашро аз Мексика барорад.

Муборизаи часуронаи мардуми Мексика ба мукобили иртичои дохили ва империализми хоричи ба он оварда расонд, ки соли 1917 Конститутсияи демократии Мексика кабул карда шуд. Ин консгитутсия Мексикаро чумхури эълон намуда, ба мардуми он озодии сухан, матбуот ва хукуки интихоботи дод. Хукукхои хоричиён дар мавриди истифодаи сарватхои зеризаминии мамлакат махдуд карда шуданд.

Дар конститутсия таксимоти мулкхои калон, ба заминдорони хурд ёри расонидан, чори кардани рузи кории 8-соата, хукуки корпартои ва барпо намудани иттифокхои касаба дар назар дошта мешуд.

Вале Конститутсияи соли 1917-и Мексика пурра дар хаст татбик нагардид. Ашхоси иртичои ба мукобили он баромада, борхо даст ба табаддулоти аксулинкилоби заданд. Хатто катли пешвоёни харакати инкилоби Сапата ва Виляро ташкил намуданд.

Аз харакатхои инкилобии ибтидои асри ХХ-и Америкаи Лотини калонтаринашон инкилоби буржуазию демократии Мексика буд. Ин инкилоб харчанд, ки мардуми Мексикаро аз истисмори феодали ва мамлакатро аз асорати империализми хоричи озод карда натавонист, кариб дар тамоми Америкаи Лотини нерухои миллию озодихохро ба чунбиш даровард. Бедории инкилобии мардуми ин кисмати китъаи Америка махз аз инкилоби буржуазию демократии солхои 1910 – 1917-и Мексика огоз ёфтааст.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

urolog

Урологи бехтарин аз Хиндустон октябри 2021 ба Точикистон меояд

Дар Маркази тиббии «Шафран» муоличаи беморихои уролочи бе чарохи тарики дастгоххои эндоскопи ва лазери аз …