Главная / Гуногун / Инқилоби буржуазӣ-демократӣ дар Мексика (солҳои 1910- 1917)

Инқилоби буржуазӣ-демократӣ дар Мексика (солҳои 1910- 1917)

Аз соли 1876 то соли 1911 дар Мексика ҳокимияти диктаторӣ дар дасти президент генерал Порфирио Диас буд. Вай мамлакатро ба давлати ҳарбию политсиягӣ ва ниммустамликаи импернализми Америка табдил дод. Сиёсати доир ба замин, ки Диас ба амал мебаровард, барои халқ ниҳоят ҳалокатовар буд. Ӯ зӯран деҳқонони ҳиндуро аз замин маҳрум карда, заминҳои ҷамоавиро кашида мегирифт. Миллионҳо кишоварзони ҳиндуӣ хонавайроншуда маҷбур буданд, ки дар конҳо, корхонаҳои нафткоркунӣ, заминҳои ширкатҳои инҳисории хориҷӣ ва дар заминҳои замнидорони маҳаллӣ кор кунанд. Замин, ҷангал ва дороии дигари кишоварзонро ширкатҳои инҳисории хориҷӣ ва рӯҳониёни Мексика кашида шрифта, аз худ мекарданд.

revol_v_mexike

Эмилиано Сапата (1880 – 1919) – техники камбағал, аз синни наврасӣ ба муқобили бедодгариҳои заминдорои мубориза мебурд.

Аз солҳои аввали асри XX ҳаракатҳои инқилобии аҳолии мамлакат ба муқобили диктатураи Диас оғоз ёфтанд. Дар шаҳрҳо ва минтақаҳои саноати кӯҳии Мексика аҳли меҳнат ва табақаҳои гуногуни буржуазия корпартоӣ ва намоишҳои зиддиҳукуматӣ ташкил менамуданд. Дар ҷануби мамлакат дастаҳои чирикии кишоварзон бо сардории Эмилиано Сапата (1877-1919) ва дар шимол бо сардории Франсиско Виля (1877—1923) амал мекарданд. Ҷаллод Порфирио Диас баромадҳои мардумро бо зарбаи тиру шамшер фурӯ менишонд. Дар солҳои 1910-1911 ҳаракатҳои парокандаю бенизоми нерӯҳои пешқадами мамлакат ба неҳзати пурзури инқилобии Мунтазами зидди тартиботи пӯсидаи диктатории Диас табдил ёфтанд ва дар Мексика инқилоби буржуазию демократӣ ғалаба кард. Диктатор Порфирио Диас маҷбур шуд, ки аз мамлакат фирор кунад. Дар Мексика ҳокимият ба дасти буржуазияи миллӣ гузашт.

Оммаи кишоварзони безамин ва камзамин барои ба даст даровардани замин мубориза мебурданд. Онҳо ба дастаҳои инқилобӣ дохил мешуданд ва шиорҳои Сапата “Замин ва озодӣ” ва “Бо сарбаланди мурдан беҳ аз зистан бо сари хам”-ро сармашқи муборизаи худ карда буданд. Буржуазияи дар сари ҳокимиятбуда зуд ба кишоварзон замин дода натавонист. Ин ҳолат авҷи ҳаракати инқилобиро боз ҳам баландтар кард. Дастаҳои чирикӣ дар зери роҳбарии Сапата ва Виля ба артишҳои мунтазами кишоварзон табдил ёфта буданд.

Ҷанги *«шрнкҳои Мексика бо америкавиҳо дар Веракрус. Империализми ИМА аз бенизомии дар натиҷаи инқилоби буржуазию демократии Мексика баамаломада истифода бурда, солҳои 1914 ва 1916 ду маротиба бар зидди инқилоби Мексика таҷовузи мусаллаҳона ташкил намуд. Лекин муқовимати қаҳрамононаи оммаи мардум ИМА-ро маҷбур намуд, ки сарбозонашро аз Мексика барорад.

Муборизаи ҷасуронаи мардуми Мексика ба муқобили иртиҷои дохилӣ ва империализми хориҷӣ ба он оварда расонд, ки соли 1917 Конститутсияи демократии Мексика қабул карда шуд. Ин консгитутсия Мексикаро ҷумҳурӣ эълон намуда, ба мардуми он озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи интихоботӣ дод. Ҳуқуқҳои хориҷиён дар мавриди истифодаи сарватҳои зеризаминии мамлакат маҳдуд карда шуданд.

Дар конститутсия тақсимоти мулкҳои калон, ба заминдорони хурд ёрӣ расонидан, ҷорӣ кардани рӯзи кории 8-соата, ҳуқуқи корпартоӣ ва барпо намудани иттифоқҳои касаба дар назар дошта мешуд.

Вале Конститутсияи соли 1917-и Мексика пурра дар ҳаст татбиқ нагардид. Ашхоси иртиҷоӣ ба муқобили он баромада, борҳо даст ба табаддулоти аксулинқилобӣ заданд. Ҳатто қатли пешвоёни ҳаракати инқилоби Сапата ва Виляро ташкил намуданд.

Аз ҳаракатҳои инқилобии ибтидои асри ХХ-и Америкаи Лотинӣ калонтаринашон инқилоби буржуазию демократии Мексика буд. Ин инқилоб ҳарчанд, ки мардуми Мексикаро аз истисмори феодалӣ ва мамлакатро аз асорати империализми хориҷӣ озод карда натавонист, қариб дар тамоми Америкаи Лотинӣ нерӯҳои миллию озодихоҳро ба ҷунбиш даровард. Бедории инқилобии мардуми ин қисмати қитъаи Америка маҳз аз инқилоби буржуазию демократии солҳои 1910 – 1917-и Мексика оғоз ёфтааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …