Главная / Чамъият / Имтиёзхо

Имтиёзхо

Моддаи 110-и Кодекси Андоз. Имтиёзхо

  1. Аз андоз аз фоида озоданд:

1) Муассисахо, ташкилотхои дини, эхсонкори, ташкилотхои байнихукумати ва байнидавлатии (байналмилалии) гайритичорати, ба истиснои фоидае, ки онхо аз фаъолияти сохибкори мегиранд. Хамзамон чунин муассисахо ва ташкилотхо бояд бахисобгирии чудогонаи фаъолияти асоси (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти сохибкориро пеш баранд.

2) Маблаггузаронихои ройгон, молу мулки ройгон ва грантхое, ки ташкилотхои гайритичорати мегиранд ва барои фаъолияти гайритичорати истифода мебаранд, инчунин аъзохаккихо ва хайрияи ба онхо дастрасшуда.

3) Корхонахо, ба истиснои корхонахое, ки ба фаъолияти савдо, миёнарави, таъминоти – фуруш ва захиракуни машгуланд, ки дар онхо дар як вакт дар соли хисоботии андоз:

а) на камтар аз 50 фоизи шумораи кормандонро маъюбон ташкил медиханд;

б) на камтар аз 50 фоизи маблагхои музди мехнат ва дигар таъминоти модди, аз чумла натурали, барои эхтиёчоти маъюбон сарф карда шудааст.

4) Хазинаи сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи (КЧТ аз 18.03.15с., №1188).

5) Суди сахмияхое (дивидендхое), ки корхонахои резиденти аз корхонахои резиденти мегиранд.

6) Корхонахои нави молистехсолкунанда аз санаи бакайдгирии ибтидоии давлати хангоми аз чониби муассисони онхо дар мухлати 12 мохи таквимии аз санаи бакайдгирии давлати ба фонди оинномавии чунин корхонахо ворид намудани хачмхои дар поён пешбинигардидаи сармоягузорихо ба мухлати:

а) 2 сол, агар хачми сармоягузорихо бештар аз 200 хазор доллари ИМА то 500 хазор доллари ИМА бошанд;

б) 3 сол, агар хачми сармоягузорихо бештар аз 500 хазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошанд;

в) 4 сол, агар хачми сармоягузорихо бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошанд;

г) 5 сол, агар хачми сармоягузорихо бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошанд.

7) Даромадхо аз фаъолияти сайёхи ба мухлати 5 сол аз санаи бакайдгирии давлати.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1423)

  1. Озодкуни аз андоз аз фоида (таътили андоз) мутобики бандхои 6) ва 7) кисми 1 хамин модда дар холати аз нав бакайд гирифтани корхона ё азнавташкилдихии он, тагйирот дар шакли ташкилию хукуки ва дигар чунин тагйирот татбик карда намешаванд. Имтиёзи мазкур нисбат ба шахсоне, ки низомхои имтиёзноки андозбандиро истифода мебаранд (ё каблан истифода мебурданд), татбик намегардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1423)
  2. Давраи имтиёзхо, ки дар банди 6) кисми 1 хамин модда пешбини шудааст, метавонад дар асоси аризаи андозсупоранда хангоми гузариш ба низоми махсуси андозбанди ва баръакс давом ёбад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Cortes_de_cadiz-1

Харакати милли дар Испания дар огози асри XX

Аз даст додани мустамликахои америкои зарбае буд бар буржуазияи Каталония ва Басконияи Испания. Дар баробари …