Главная / Ҷамъият / Имтиёзҳо

Имтиёзҳо

Моддаи 110-и Кодекси Андоз. Имтиёзҳо

  1. Аз андоз аз фоида озоданд:

1) Муассисаҳо, ташкилотҳои динӣ, эҳсонкорӣ, ташкилотҳои байниҳукуматӣ ва байнидавлатии (байналмилалии) ғайритиҷоратӣ, ба истиснои фоидае, ки онҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ мегиранд. Ҳамзамон чунин муассисаҳо ва ташкилотҳо бояд баҳисобгирии ҷудогонаи фаъолияти асосӣ (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соҳибкориро пеш баранд.

2) Маблағгузарониҳои ройгон, молу мулки ройгон ва грантҳое, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мегиранд ва барои фаъолияти ғайритиҷоратӣ истифода мебаранд, инчунин аъзоҳаққиҳо ва хайрияи ба онҳо дастрасшуда.

3) Корхонаҳо, ба истиснои корхонаҳое, ки ба фаъолияти савдо, миёнаравӣ, таъминотӣ – фурўш ва захиракунӣ машғуланд, ки дар онҳо дар як вақт дар соли ҳисоботии андоз:

а) на камтар аз 50 фоизи шумораи кормандонро маъюбон ташкил медиҳанд;

б) на камтар аз 50 фоизи маблағҳои музди меҳнат ва дигар таъминоти моддӣ, аз ҷумла натуралӣ, барои эҳтиёҷоти маъюбон сарф карда шудааст.

4) Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188).

5) Суди саҳмияҳое (дивидендҳое), ки корхонаҳои резидентӣ аз корхонаҳои резидентӣ мегиранд.

6) Корхонаҳои нави молистеҳсолкунанда аз санаи бақайдгирии ибтидоии давлатӣ ҳангоми аз ҷониби муассисони онҳо дар мўҳлати 12 моҳи тақвимии аз санаи бақайдгирии давлатӣ ба фонди оинномавии чунин корхонаҳо ворид намудани ҳаҷмҳои дар поён пешбинигардидаи сармоягузориҳо ба мўҳлати:

а) 2 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 200 ҳазор доллари ИМА то 500 ҳазор доллари ИМА бошанд;

б) 3 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 500 ҳазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошанд;

в) 4 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошанд;

г) 5 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошанд.

7) Даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ ба муҳлати 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1423)

  1. Озодкунӣ аз андоз аз фоида (таътили андоз) мутобиқи бандҳои 6) ва 7) қисми 1 ҳамин модда дар ҳолати аз нав бақайд гирифтани корхона ё азнавташкилдиҳии он, тағйирот дар шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва дигар чунин тағйирот татбиқ карда намешаванд. Имтиёзи мазкур нисбат ба шахсоне, ки низомҳои имтиёзноки андозбандиро истифода мебаранд (ё қаблан истифода мебурданд), татбиқ намегардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1423)
  2. Давраи имтиёзҳо, ки дар банди 6) қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, метавонад дар асоси аризаи андозсупоранда ҳангоми гузариш ба низоми махсуси андозбандӣ ва баръакс давом ёбад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …