Главная / Чамъият / Ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони

Ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони

Моддаи 66-и  Карори шахрсози. Ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони

  1. Ичозат барои огози корхои сохтмони мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи низоми ичозатдихи» дода мешавад.
    2. Сохтмон, тачдиди объектхо, инчунин таъмири асосии онхо, агар хангоми гузаронидани он ба хусусиятхои конструктиви ва дигар хусусиятхои боэътимоди ва бехатарии чунин объектхо таъсир нарасад, дар асоси ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони амали карда мешавад, ба истиснои холатхои пешбининамудаи моддаи мазкур.
    3. Ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони дар объектхои дорои ахамияти чумхурияви ва стратеги, ки номгуи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик намудааст, аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози дода мешавад. Ичозат барои огоз намудани корхои сохтмонии дигар объектхо аз чониби макомоти махаллии меъмори ва шахрсози бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дода мешавад.
    4. Шахс бо максади гирифтани ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони, тачдид, таъмири асосии объектхои дахлдор ба макомоти махаллии меъмори ва шахрсози ариза пешниход менамояд. Ба ариза бояд нусхаи хуччатхои зерин замима карда шаванд:
    – хуччати тасдиккунандаи хукуки истифодаи китъаи замин (сертификати хукуки истифодаи замин);
    – хуччати лоихавии тасдикшуда;
    – хулосаи мусбии экспертизаи хуччатхои лоихави дар холати тибки моддаи 64 Кодекси мазкур хатми будани экспертизаи давлатии хуччатхои лоихави;
    – хулосаи экспертизаи давлатии экологи.
    5. Талаб кардани дигар хуччатхое, ки дар моддаи мазкур пешбини нашудаанд, манъ аст.
    6. Макомоти махаллии меъмори ва шахрсози дар давоми се рузи кори аз рузи гирифтани ариза дар бораи додани ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони:
    – мавчуд будани хуччатхои ба ариза замимагардидаро месанчад;
    – мутобикати хуччатхои лоихавиро ба талаботи конунгузории шахрсози муайян менамояд;
    – макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози барои корхои сохтмони ичозат медихад ё бо нишон додани сабабхои асоснок аризаро дар бораи додани ичозат рад мекунад.
    7. Макомоти махаллии меъмори ва шахрсози дар давоми се руз аз рузи додани ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони нусхаи онро ба макомоти ваколатдори назорати давлатии назорати меъмори ва шахрсози мефиристонад.
    8. Макомоти махаллии меъмори ва шахрсози метавонад танхо дар холати мавчуд набудани хадди акал яке аз хуччатхои пешбининамудаи кисми 4 моддаи мазкур ё мутобик набудани хуччатхои пешбинишуда ба талаботи конунгузори оид ба шахрсози, додани ичозатро барои огоз намудани корхои сохтмони рад намояд.
    9. Гирифтани ичозат барои огоз намудани корхои сохтмонии бино ва иншооте, ки тибки кисми 3 моддаи 63 Кодекси мазкур барои сохтмони онхо омода ва мувофика намудани хуччатхои лоихави хатми нест, талаб карда намешавад.
    10. Ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони барои объекти мушаххас бо нишон додани мухлати давомнокии сохтмони ин объект дода мешавад.
    11. Мухлати амали ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони дар асоси аризаи сохиби ичозат, ки на кам аз як мохи таквими то ба охир расидани мухлати амали он пешниход шудааст, аз чониби макоме, ки онро додааст, тамдид карда мешавад. Ариза дар бораи тамдиди мухлати амали ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони танхо дар холате мумкин аст рад карда шавад, агар сохтмон, тачдид, таъмири асосии объекти сохтмон то ба охир расидани мухлати пешниходи чунин ариза шуруъ нагардида бошанд.
    12. Хангоми гузаштани хукуки истифодаи китъаи замин ва объектхои сохтмони ба дигар шахс, мухлати амали ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони, ки пеш аз гузаштани хукуки истифодаи китъаи замин ва объектхои сохтмони гирифта шудааст, нигох дошта мешавад.
    13. Додани ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони дар объектхое, ки маълумот дар бораи онхо дорои сирри давлати мебошад, мутобики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сирри давлати амали карда мешавад.
    14. Дар холати рад гардидани ариза оид ба додани ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози ва ё суд шикоят кардан мумкин аст.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …