Главная / Илм / ИХТИЛОЛИ МУЧОМААТ

ИХТИЛОЛИ МУЧОМААТ

ihtiloli-mujoaatИХТИЛОЛИ МУЧОМААТ. Сабабхои халал ёфтани хисси шахвони гуногун мебошанд, мас., бемори ё осеби узвхои таносул, истеъмоли машруботи спирти, мухаддирот, амрози рухи, муносибати шахси, амрози асаб ва г.
Ихтилоли мучомаат дар мардхо. Нисбатан бештар ихтилоли нуъуз ё сусткамари ба мушохида мерасад. Суст будани нуъуз (эрексия) барои ичрои мубошарат имкон намедихад. Ихтилоли таносул дар хар синну сол метавонад рух намояд. Холатхое низ дучор меоянд, ки мард мас., бо хамсари худ метавонад мубошарат намояд, вале бо зани бегона аз ухдаи ин кор намебарояд. Сабаби чунин холат асосан майзадаги, осеби сутунмухра ва аъзои таносул, беморихои эндокрини (диабети канди), истеъмоли дуру дарози баъзе дорухо (нейролептикхо, барбитуратхо, маводи мухаддир) мебошанд. Кисми зиёди ночурихо бисёр вакт хусусияти функсионали дошта, ба шахсият (мушаввашхотири, мутаассири, бадгумони ва г.), аксуламал нисбати мухит (хисси тарс аз мубошарат) ва ихтилоли рухи (невроз, афсурдарухи, шизофрения) вобастаанд.
Инзоли бармахал то огози алокаи чинси ё хамон лахза баъди огози он ба вучуд меояд. Мард дар ин гуна мавридхо суръати инзол (эякулятсия)-ро идора карда наметавонад. Ночурии мазкур хоса хамон вакт шиддат меёбад, ки агар мард дар ин бора бисёр фикр кунад ё аз ноомади кор дар харос афтад. Сабаби инзоли бармахал асосан омилхои равонию ичтимои мебошанд (мас., муддати зиёд худдори кардан аз алокаи чинси, муносибати дагали зан, масти ва г.).
Таъхири инзол дар холатхое рух менамояд, ки нуъуз ва хаячон вучуд дорад, вале мард конеъ намешавад. Дар баъзе мавридхо хангоми мубошарат инзол умуман рух намедихад, хол он ки бинобар мастурбатсия ё дидани хобхои шахвони мани хорич мешавад (эхтилом). Ин гуна иллатхо сабаби узви надоранд. Кобили инзол набудан гохо дар нашъамандон ва хангоми баъзе беморихои асабу рухи ба мушохида мерасад.
Мучомаати дарднок бисёр вакт дар натичаи илтихоби узвхои чинси рух менамояд. Иллати мазкур бо дард кардани олати таносул, хоя ва гадуди зермасона (простата) хангоми мубошарат зохир мегардад.
Ихтилоли мучомаат дар занхо бо нишонахои шахватсарди (сардии шахвони) ба вучуд меояд. Зани шахватсард ба мубошарат рагбат надорад, хисси шахвонии у хомуш буда, лаззати шахват (оргазм) намебинад. Феълан аз истилохи аноргазмия (набудани оргазм) истифода мекунанд. Занхои гирифтори аноргазмияи якумин хеч гох лаззати шахват надидаанд; занхои гирифтори аноргазмияи дуюмин каблан лаззати шахват чашидаанд, вале минбаъд бо сабабхои гуногун ин кобилиятро гум кардаанд.
Аноргазмия шаклхои бисёр дорад. Баъзе занхо ба мубошарат чун вазифаи хамсари менигаранд ва аз алокаи чинси лаззат намебаранд. Занхои дигар оргазм хис накунанд хам, мубошаратро муфид ва машгулияти дилкаш мешуморанд. Сабабхои аноргазмия гуногун мебошанд. Дар баъзе мавридхо он бинобар беморихои аъзои таносул ва узвхои чинси рух менамояд. Иллату ночурихои рухи (неврозхо, афсурдарухи ва г.), номувофикии равони ва физиологии зану мард ва надонистани нозукихои шахвони сабабхои маъмули аноргазмия мебошанд. Вагинизм, алокаи чинсии дарднок, шахвонияти барзиёд низ мансуби ихтилоли таносул дар занхост.
Беморихои аъзои таносулро, ки сабаби халал ёфтани мубошарат гаштаанд, мутахассисон – гинекологхо, урологхо табобат мекунанд. Агар ягон бемории узви ошкор карда нашавад, пас ба духтури шахватшинос (сексопатолог) мурочиат кардан лозим аст. Хам зан ва хам мард муоина ва табобат карда мешаванд. Ба муоличаи босамар факат дар сурати хамдигарфахми метавон ноил гашт. Усули муолича ба таври фарди (вобаста ба тарзи ихтилол) интихоб карда мешавад. Агар сабаби ночурии шахвони бемории рухи бошад, пас онро равонпизишк табобат мекунад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …