Главная / Чамъият / Хифзи хукук ва манфиатхои кудаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

Хифзи хукук ва манфиатхои кудаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

Моддаи 122-и Кодекси оила. Хифзи хукук ва манфиатхои кудаконе, ки  бе  парастории падару модар  мондаанд 

  1. Хифзи хукук ва манфиатхои кудакон дар холатхои фавти падару модар, аз хукуки падару модари махрум кардани онхо, махдуд кардани хукуки падару модари, гайри кобили амал эътироф шудани онхо, бемори ва муддати тулони гайрихозир будани падару модар, саркашии падару модар аз тарбияи фарзандон ё аз хифзи хукук ва манфиатхои онхо, аз чумла хангоми аз чониби падару модар рад кардани гирифтани кудакони худ аз муассисахои тарбияви, муассисахои табобати ва муассисахои хифзи ичтимоии ахоли ва дигар муассисахои ба ин монанд, инчунин холатхои дигари набудани парастории падару модар, ба зимаи макомоти васояту парастори гузошта мешавад.

Макомоти васояту парастори кудаконеро, ки бе парастории падару модар мондаанд, ошкор намуда, бахисобгирии онхо ва бо назардошти холатхои мушаххаси махрум шудан аз парастории падару модар усули чобачосозии кудакони бе парастории падару модар мондаро (моддаи 124 хамин Кодекс) интихоб менамоянд ва хамчунин назорати минбаъдаи шароити таъминот, тарбия ва таълими онхоро амали менамоянд.

Ба гайр аз макомоти васояту парастори ба дигар шахсони хукуки ва вокеи барои ошкор намудан ва чобачокунии кудакони бе парастории падару модар монда,  ичозат дода намешавад.

  1. Макомоти васояту парастори макомоти ичрояи махаллии хокимияти давлати мебошанд. Масъалахои ташкил ва фаъолияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати барои амали намудани васояту парастории кудакони бе парастории падару модар монда аз чониби макомоти зикргардида, тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур, Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи хукукхои кудак» ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791; КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …