Главная / Илм / ХУК дар Канзи Шифо (Китоб)

ХУК дар Канзи Шифо (Китоб)

ХУК — ин хайвон хам ахли ва хам вахши низ мебошад. Гушташ ширин, монанди гушти инсон аст. Пеш аз пайдоиши мазхаби ислом точикон гушти онро мехурданд ва дар бозорхо фурухта мешуд. Баъд дини ислом онро харом хукм кард ва хурдан, инчунин фурухту харидаш манъ гардид. Мизочи хук дар аввали дарачаи дувум гарм ва дар дарачаи севум тар аст.

Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, гиреххои узвхоро мекушояд, баданро фарбех месозад, барои мизочи инсон мувофиктарин гушт аст, хамаи он баъд аз хазм ёфтан чузъи бадан мегардад, ба кавле дар бадан хилти (моддаи) гафс пайдо мекунад, хирси шадидро ба амал ва дарди давомнок меоварад, ба иллати филпо, ки пойхои одами монанди пойхои фил гафс мегарданд, гирифтор менамояд; бинобар тарии мизочаш дар бугумхо дард пайдо мекунад; аклро паст месозад, мурувватро нест мекунад, яъне камхиммат мегардонад; гайратро суст менамояд. Хамаи ин хислатхои бадашро шароб нушидан, шакар ва канд ошомидан ба ислох меоварад.

xuk-300x198
ХУК — СУРАТ ВА РАСМАШ

Хангоми истеъмоли гушти хук бояд синну соли кас, меъёр ва микдори хурданаш, инчунин мизочи хуранда риоя карда шавад. Яъне ба кудакон ва чавонон, азбаски мизочи онон тари баланд аст, зарар дорад, зеро мизочи кудакон ва чавонон аксар ба тари моил мебошад, тармизочон бояд инро нахуранд ва дигархо низ микдори бисёр истеъмол нафармоянд ва гайра.

Бучулаки пойи онро орд барин куфта, 9 грамми онро бо шароб бихуранд, барои газидани чонварони захрнок дору мебошад. Агар ин ордакро бо асал хамир сохта, гузошта банданд, доги песро дафъ мекунад — ин озмуда шудааст; 4,5 грамми онро ба дарачаи сафед шудан сухта бихуранд, дард ва бодхои рудахоро, ки кухна шуда бошанд, дафъ мекунад.

Пешоби хуки вахширо бинушанд, санги хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад. Пешобашро бимоланд, доги кунчидакро аз пуст пок мекунад; бо сирко даромехта бимоланд ё дар дахан бигардонанд, дарди дандонро таскин медихад. Агар инро бо хазориспанд чушонида, бо он узви карахтро бишуянд, ба хис меоварад, яъне шифо мебахшад.

Чун зираро як шабонаруз дар пешоби хукбача тар карда, баъд онро бароварда хушк намуда, махин куфта, хар руз мувофики бардошти мизоч аз ин тановул намоянд, ба иллати истиско (водянка) фоида дорад. Инро бо пешоби одами даромехта, бемори таби дуруздармиёндоштаро похо бишуянд, шифо мебахшад.

Саргини хушки онро бо об ё бо шароб бихуранд, хун кай карданро, ки он хун аз даруни сина меомада бошад, дафъ мекунад, дарди пахлуро шифо мебахшад.

Саргини онро бо сирко хамир сохта, гузошта банданд, сустии мушакхоро ба ибро меоварад; бо муми занбури асал ва равган якчо омехта гузошта банданд, асабхои печидаро рост мегардонад.

Захраи онро чаконанд, реш ва захмхои даруни гушро сихат мекунад; агар инро ба бавосир бимоланд, онро дафъ месозад; бо асал ва мурчи куфта хамир сохта, бимоланд, муйи сари калро меруёнад. Бо равганаш хукна (клизма) кунанд, иллатхои рудахоро дафъ мекунад. Чарбиашро ба зери ноф гузошта банданд, дардхои бачадон ва макъадро таскин медихад, сухтагии оташ ва сармозадагиро шифо медихад.

Равгани кухнашудаи онро бихуранд, дарунро мулоим ва гарм мегардонад. Равгани онро бо шароб шуста, ба охак ё хокистар даромехта гузошта банданд, варамхои гарм ва варамхои пардахои даруни синаро тахлил медихад.  Хакими машхури асри якуми милод Чолинус гуфтааст, ки мумиёро дар равгани бенамаки он хал карда, дар гуш чаконанд, карии гушро, хатто агарчи модарзод бошад, шифо мебахшад.

Равгани онро ба узвхои чингакшуда бимоланд, онхоро ба ибро меоварад; агар муттасил бимоланд, барои пучак ва ханозер (хукгардан) дору мешавад. Хуни хук дар хама бобат монанди хуни инсон аст. Агар инро бимоланд, пистони бузурги занхоро кучак мегардонад, шир дар пистон шах шуда бошад, тахлил медихад ва инчунин варамхоро мегардонад.

Устухони сухтаи онро ос карда, бар бавосир бимоланд, онро сихат мебахшад. Сумашро сухта, ос карда, бихуранд, беихтиёр равон шудани пешобро ба ислох меоварад. Муяшро бо муми нефт якчо сухта, бо равгани гули сурх даромехта бимоланд, захмхои бедаворо шифо мебахшад.  Гуфт ки аз пусти хук пашшахо мегурезанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …