Главная / Чамъият / Гирифтани кудак бе махрум кардани падару модар аз хукуки падару модари

Гирифтани кудак бе махрум кардани падару модар аз хукуки падару модари

Моддаи 73-и Кодекси оила.  Гирифтани  кудак  бе махрум кардани падару модар аз хукуки  падару модари 

  1. Суд метавонад бо назардошти манфиати кудак дар бораи гирифтани кудак аз падару модар (яке аз онхо) бе махрум кардани онхо аз хукуки падару модари (махдуд кардани хукуки падару модари) халнома  кабул намояд.
  2. Гирифтани кудак бе махрум кардани падару модар аз хукуки падару модари дар холате мумкин аст, ки агар бо падару модар (яке аз онхо) гузоштани кудак ба сабабхои ба онхо вобаста набуда (дар асари нокисии рухи ё дигар бемории кухна, шароити вазнин ва гайра) барои кудаки ноболиг хатарнок бошад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

Гирифтани кудак инчунин дар холате мумкин аст, ки агар гузоштани кудак бо падару модар (яке аз онхо) ба сабаби бадрафториашон барои кудак хатарнок буда, вале барои махрум кардани падару модар (яке аз онхо) аз хукуки падару модари  асоси кофи вучуд надорад. Агар падару модар (яке аз онхо) дар  давоми шаш мохи баъди аз чониби суд гирифтани кудак рафтори худро  ислох накунанд, макомоти васояту парастори вазифадоранд, ки дар хусуси  аз хукуки падару модари  махрум кардани у даъво пешниход намоянд. Макомоти васоят ва парастори хукук доранд ба манфиати кудак то гузаштани ин мухлат  дар мавриди махрум кардани падар ё модар ( яке аз онхо) аз хукуки падару модари  даъво пешниход  кунанд.

  1. Даъво дар хусуси гирифтани кудак аз тарафи макомоту муассисахои давлатие, ки конун вазифаи химояи хукуки кудакони  ноболигро ба зиммаашон гузоштааст (кисми 1 моддаи 70 хамин Кодекс), муассисахои тарбияви, тибби, муассисахои хифзи ичтимоии ахоли ва дигар муассисахо, хешовандони наздики кудак, инчунин прокурор  пешниход шуда метавонад.
  2. Парвандахо оид ба махдуд кардани хукуки падару модари бо  иштироки прокурор ва макомоти васояту парастори барраси мешаванд.
  3. Хангоми баррасии парванда оиди махдуд кардан аз хукуки падару модари суд масъалаи барои кудак аз падару модар (яке аз онхо) ситонидани алиментро хал мекунад.
  4. Суд вазифадор аст, ки дар мухлати 3 рузи баъди эътибори конуни пайдо кардани халномаи суди оид ба махдуд кардани хукуки падарию модари, иктибоси онро ба макомоти сабти асноди холати шахрвандии чои бакайдгирии давлатии таваллуди кудак фиристад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …