Главная / Ҷамъият / Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ

Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ

Моддаи 73-и Кодекси оила.  Гирифтани  кӯдак  бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи  падару модарӣ 

  1. Суд метавонад бо назардошти манфиати кӯдак дар бораи гирифтани кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) бе маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ (маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ) ҳалнома  қабул намояд.
  2. Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ дар ҳолате мумкин аст, ки агар бо падару модар (яке аз онҳо) гузоштани кӯдак ба сабабҳои ба онҳо вобаста набуда (дар асари ноқисии рӯҳӣ ё дигар бемории кӯҳна, шароити вазнин ва ғайра) барои кӯдаки ноболиғ хатарнок бошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

Гирифтани кӯдак инчунин дар ҳолате мумкин аст, ки агар гузоштани кӯдак бо падару модар (яке аз онҳо) ба сабаби бадрафториашон барои кӯдак хатарнок буда, вале барои маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ  асоси кофӣ вуҷуд надорад. Агар падару модар (яке аз онҳо) дар  давоми шаш моҳи баъди аз ҷониби суд гирифтани кӯдак рафтори худро  ислоҳ накунанд, мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки дар хусуси  аз ҳуқуқи падару модарӣ  маҳрум кардани ӯ даъво пешниҳод намоянд. Мақомоти васоят ва парасторӣ ҳуқуқ доранд ба манфиати кӯдак то гузаштани ин мӯҳлат  дар мавриди маҳрум кардани падар ё модар ( яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ  даъво пешниҳод  кунанд.

  1. Даъво дар хусуси гирифтани кӯдак аз тарафи мақомоту муассисаҳои давлатие, ки қонун вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони  ноболиғро ба зиммаашон гузоштааст (қисми 1 моддаи 70 ҳамин Кодекс), муассисаҳои тарбиявӣ, тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳо, хешовандони наздики кӯдак, инчунин прокурор  пешниҳод шуда метавонад.
  2. Парвандаҳо оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ бо  иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд.
  3. Ҳангоми баррасии парванда оиди маҳдуд кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) ситонидани алиментро ҳал мекунад.
  4. Суд вазифадор аст, ки дар мўҳлати 3 рўзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи судӣ оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падарию модарӣ, иқтибоси онро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои бақайдгирии давлатии таваллуди кўдак фиристад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …