Главная / Илм / ГУТОРОВА Лариса Денисовна

ГУТОРОВА Лариса Денисовна

no-photoГУТОРОВА Лариса Денисовна (29. 10. 1932, Витебск – 03. 04. 1991, Душанбе), микробиолог, доктори илми тиб (1974), проф. (1975). Баъд аз хатми Ин-ти тиббии санитарию бехдошти Ленинград (холо Санкт-Петербург; 1956) дар аспирантураи он тахсил кардааст. С-хои 1959 – 62 ассистенти кафедраи микробиологияи ДДТТ буд. Ходими калони илми (1962 – 77) ва мудири лабораторияи экологияи бактерияхои рудаи Ин-ти тадкикоти илмии эпидемиология ва бехдошт (1977 – 86), мудири кафедраи микробиологияи ДДТТ (1986 – 91). Оид ба бактериофагия, микробиология ва иммунологияи беморихои сироятии руда, робитаи биосенозии микроорганизмхои руда, экология ва генетикаи энтеробактерияхо, плазмодияхо тадкикот анчом додааст. Муаллифи зиёда аз 152 китобу маколахои илми оид ба омузиши микрофлораи рохи хозима, генетикаи энтеробактерияхо, инчунин этиология, патогенез ва ташхиси касалихои руда мебошад. Оид ба мавзуи «Микрофлораи аэробии рудаи кудакон дар холати солими ва бемори. Истифодаи маълумотхои бактериологи барои тавсифи вазъи кори аъзои хозима» рисолаи доктори химоя намудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …