Главная / Илм / ГУТОРОВА Лариса Денисовна

ГУТОРОВА Лариса Денисовна

no-photoГУТОРОВА Лариса Денисовна (29. 10. 1932, Витебск – 03. 04. 1991, Душанбе), микробиолог, доктори илми тиб (1974), проф. (1975). Баъд аз хатми Ин-ти тиббии санитарию беҳдошти Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург; 1956) дар аспирантураи он таҳсил кардааст. С-ҳои 1959 – 62 ассистенти кафедраи микробиологияи ДДТТ буд. Ходими калони илмӣ (1962 – 77) ва мудири лабораторияи экологияи бактерияҳои рӯдаи Ин-ти тадқиқоти илмии эпидемиология ва беҳдошт (1977 – 86), мудири кафедраи микробиологияи ДДТТ (1986 – 91). Оид ба бактериофагия, микробиология ва иммунологияи бемориҳои сироятии рӯда, робитаи биосенозии микроорганизмҳои рӯда, экология ва генетикаи энтеробактерияҳо, плазмодияҳо тадқиқот анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 152 китобу мақолаҳои илмӣ оид ба омӯзиши микрофлораи роҳи ҳозима, генетикаи энтеробактерияҳо, инчунин этиология, патогенез ва ташхиси касалиҳои рӯда мебошад. Оид ба мавзӯи «Микрофлораи аэробии рӯдаи кӯдакон дар ҳолати солимӣ ва беморӣ. Истифодаи маълумотҳои бактериологӣ барои тавсифи вазъи кори аъзои ҳозима» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …