Главная / Чамъият / ГУРЕЗАХО

ГУРЕЗАХО

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ГУРЕЗАХО

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.2002, №4, к.1, мод.305; с.2010, №1, мод.14;

с.2012, №12, мод.1013; Конуни ЧТ аз 26.07.2014 с., № 1124)

Конуни мазкур асосхо ва тартиби дар Чумхурии Точикистон гуреза донистани шахсони панохчуянда, инчунин макоми хукукии гурезахоро муайян намуда, кафолатхои иктисоди, ичтимои, хукуки ва манфиатхои онхоро мукаррар мекунад.

Children run after a truck loaded with presents for Eid Al-Adha in a refugee camp near Atma, Idlib province, Syria. A powerful car bomb exploded in Damascus on Friday and scattered fighting broke out in several areas across Syria, quickly dashing any hopes that a holiday cease-fire would hold.
Children run after a truck loaded with presents for Eid Al-Adha in a refugee camp near Atma, Idlib province, Syria. A powerful car bomb exploded in Damascus on Friday and scattered fighting broke out in several areas across Syria, quickly dashing any hopes that a holiday cease-fire would hold.

Моддаи 1. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи гурезахо 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи гурезахо ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конун мазкур, дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин  санадхои хукукии байналмилале, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (КЧТ аз 28.12.12с., № 919) 

Моддаи 2. Мафхуми асоси

 

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

гуреза – шахсе, ки шахрванди Чумхурии Точикистон набуда, дар каламрави он карор дорад ва бинобар сабабхои комилан асосноки дар давлати мансубияти шахрвандии худ бо аломатхои нажоди, эътикоди дини, шахрванди,  мансубият ба гурухи муайяни ичтимои ё эътикоди сиёси дучори таъкиб гашта, аз таъсири ин сабабхо наметавонад ё намехохад аз химояи он давлат истифода намояд, ё шахсе, ки шахрвандии муайян надошта, бинобар чунин холатхо дар Чумхурии Точикистон карор дорад ва бо сабаби мавчуд будани хамин гуна хавф наметавонад ё намехохад ба давлати истикомати доимии худ баргардад;

шахси панохчуянда– шахрванди хоричи ё шахси бешахрванде, ки давлати шахрвандии худ ё чои истикомати пештараашро  бо максади пешниход намудани дархост барои гирифтани макоми  гуреза дар Чумхурии Точикистон тарк намудааст;

чойи зисти муваккати – чойи сукунати муваккатии шахсони панохчуянда ва аъзои оилаи онхо, ки дар хусуси гуреза дониста шуданашон дархост пешниход намудаанд ё гуреза дониста шудаанд; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

шаходатномаи муваккатии панохчуянда– хуччати тасдиккунандаи шахсияти шахсони панохчуянда ва вазъи хукукии онхо, ки мувофики Конуни мазкур чихати дар Чумхурии Точикистон гуреза дониста шуданашон дархост пешниход мекунанд; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

маркази чойгиркунии муваккатиМаркази махсусгардонидашудаи макомоти корхои дохили барои чойгиркунии муваккатии шахсони панохчуянда ва аъзои оилаи онхо, ки дар бораи гирифтани макоми гуреза дар давраи гузаронидани чорабинихои ибтидоии айнияткунони ва бакайдгирии пешбинигардида дархост пешниход намудаанд; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

хуччати сафарихуччате, ки аз чониби макомоти корхои дохили ба шахсони гуреза донисташуда барои аз каламрави Чумхурии Точикистон берун баромадан ва ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид шудан дода мешавад; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

шаходатномаи гуреза – хуччати намунааш мукарраргардида, ки шахсияти шахсони панохчуяндаи дар Чумхурии Точикистон гуреза донисташударо тасдик менамояд;

макоми гуреза – вазъи хукукии (мачмуи хукукхои умуми, озодихо, ухдадорихо ва манфиатхои конунии муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон) шахсони панохчуянда, ки дар Чумхурии Точикистон гуреза дониста шудаанд.

 

Моддаи 3. Шахсони ба химояи байналмилали сазовор набуда ё эхтиёч надошта

 

  1. Мукаррароти Конуни мазкур нисбат ба шахсони панохчуянда ва гурезахо  дар холатхои зерин татбик намегарданд: 

– агар асосхои кофи мавчуд бошанд, ки онхо эхтимол чиноятхои харби ё чиноятхо ба мукобили сулх ва амнияти инсониятро содир намудаанд, ки онхоро санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон пешбини намудаанд; 

– агар асосхои кофи мавчуд бошанд, ки онхо эхтимол пеш аз ворид шудан ба каламрави Чумхурии Точикистон берун аз худуди он чинояти вазнини хусусияти сиёсинадошта содир кардаанд; 

– агар асосхои кофи мавчуд бошанд, ки онхо эхтимол дар содир намудани кирдори хилофи максад ва принсипхои Созмони Милали Муттахид гунахгоранд; 

– агар онхо аз химоя ё кумаки макомот ё муассисахои Созмони Милали Муттахид, гайр аз Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттахид оид ба кор бо гурезахо истифода баранд.

  1. Мукаррароти Конуни мазкур хамчунин нисбат ба шахсоне татбик намегардад, ки давлати мансубияти шахрвандии худро (махалли истикомати пештараи худро) бинобар сабабхои ичтимоию иктисоди  дар натичаи гуруснаги, эпидемия ё холатхои фавкулоддаи табии ва хусусияти техногенидошта тарк намудаанд.

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

 

Моддаи 31. Принсипхои кор бо шахсони панохчуянда ва гурезахо 

 

Кор бо шахсони панохчуянда ва гурезахо дар асоси принсипхои зерин амали гардонида мешавад:

– гайритабъиз;

– берун накардан;

– муттахидшавии оила;

– махрамият;

– афзалияти химояи манфиатхои шахсони осебпазир.

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

 

Моддаи 4. Макомоти идораи давлати оид ба масъалахои гурезахо

 

Макомоти идораи давлати, ки татбики сиёсатро нисбати гурезахо таъмин мекунанд, инхоянд:

– макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистон;

– макомоти амнияти миллии Чумхурии Точикистон;

– макомоти корхои хоричии Чумхурии Точикистон;

– макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати.

(КЧТ аз 12.01.10с., №590)

 

Моддаи 5. Ваколат ва хамкории макомоти идораи давлати

 

  1. Макомоти корхои дохили:

– фаъолияти макомоти идораи давлатиро оид ба масъалаи гурезахо хамоханг месозад;

– фаъолияти вохидхои макомоти дахлдори корхои дохилиро дар махалхо рохбари ва назорат менамояд;(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– тибки тартиби мукарраргардида маълумотро дар хусуси вазъи сиёси, ичтимоию иктисоди, санитарию эпидемиологи дар кишвари мансубияти шахрвандии (махалли истикомати пештараи) шахси дар хусуси гуреза дониста шудан дархост карда, инчунин маълумотро оид ба тагйирот дар низоми шиносномавию раводидии (визавии) давлатхои хоричи ва коидахои истикомати шахсони панохчуянда  дар Чумхурии Точикистон мегирад ва ба макомоти дахлдори корхои дохили ирсол менамояд; (КЧТ аз 12.01.10с., №590).

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон Низомномаи шаходатномаи гуреза, намунахои бланкахои шаходатномаи гуреза, хуччати сафари, инчунин чихати такмили санадхои меъёрии хукуки дар ин соха таклифхо пешниход менамояд;(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– барои шахсони панохчуянда ва аъзои оилаи онхо марказхои чойгиркунии муваккати таъсис дода, фаъолияти онхоро таъмин менамояд;(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– аз шахсони вокеи ва хукуки сарфи назар аз шакли моликият ба тарзи ройгон иттилоотеро мегирад, ки барои тафтиши маълумоти пешниходнамуда оид ба дархости  шахси панохчуянда дар хусуси гуреза донистанаш зарур мебошад; (КЧТ аз 28.12.12с., № 919)

– ба шахсе, ки дар хусуси гуреза дониста шудан дархост намудааст ё гуреза донисташуда, ки ба синни хаждахсолаги нарасидааст ва бе хамрохии намояндаи конунии худ ба Чумхурии Точикистон омадааст, дар дастрас намудани маълумот оид ба мавчуд будан ва чои истикомати падару модар, ё дигар намояндагони конуни, ё хешовандонаш ёри мерасонад; (КЧТ аз 28.12.12с.. № 919)

– дар асоси карори комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди макомоти корхои дохили оид ба муайян намудани макоми гуреза барои пешниход намудани макоми гуреза дар Чумхурии Точикистон ичозат медихад ё додани ичозатро рад менамояд;(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– дар асоси хуччатхои бакайдгирии шахсонеро, ки барои гуреза дониста шудан дархост пешниход намудаанд, санчида, дурустии маълумоти додаи онхоро муайян менамояд; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– шаходатномаи муваккатии панохчуяндаро медихад; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– ба шахсоне, ки макоми гуреза гирифтаанд, шаходатномаи гуреза, инчунин хуччати сафарии намунааш мукарраршуда медихад;(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– азнавбакайдгирии харсолаи гурезахоро якчоя бо вохидхои  дахлдор анчом медихад; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– мувофики мукаррароти Конуни мазкур дар хусуси аз даст додани макоми гуреза ё дар бораи махрум намудан аз макоми гуреза  карор кабул менамояд;

– бо макомоти идораи давлати, макомоти  ичроияи махаллии хокимияти давлати, шахсони вокеива хукукисарфи назар аз шакли моликияташон оид ба масъалахои дигаре, ки ба салохияти он вогузор гардидаанд, хамкори мекунад; (КЧТ аз 28.12.12с., № 919)

– шахсони панохчуянда ва гурезахоро ба кайд мегирад ва мухлати бакайдгирии онхоро тамдид менамояд;(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

барои шахсоне, ки мувофики тартиби мукарраргардида гуреза дониста шудаанд ва аъзои оилаи онхо мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунхои Чумхурии Точикистон ичозати муваккатии зистро ба расмият дароварда, ба онхо месупорад ва мухлати амали онро дароз мекунад;

– хангоми зарурат расмиёти айниятгардонии (идентификатсияи) шахсияти онхоеро, ки барои гуреза дониста шудан дархост намудаанд ва хуччати тасдиккунандаи шахсият надоранд, анчом медихад;

– дактилоскопияи (накши панчахо) шахсонеро, ки барои гуреза дониста шудан дархост намудаанд, анчом медихад; (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

– дар сурати каламрави Чумхурии Точикистонро ихтиёран тарк накардани шахсони панохчуянда ва гурезахо, дар доираи ваколати худ мачбуран берун кардани онхоро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба ичро мерасонад.(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

2.Макомоти амнияти миллии  Чумхурии Точикистон: (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

-дар доираи салохияти худ оид ба холатхои пешбининамудаи моддахои 3 ва 7 Конуни мазкур доир ба шахсони панохчуянда, ки изхори хохиши гуреза дониста шудан намудаанд ё дар хусуси гуреза дониста шуданашон дархост кардаанд, ба макомоти корхои дохили   маълумот пешкаш менамояд; (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

-дар мувофика бо Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон дар бораи хорич кардани шахсоне, ки нисбати онхо карори нихои дар хусуси рад намудани бакайдгирии дархости гуреза донистани онхо, дар хусуси рад намудани гуреза донистан, дар бораи беэътибор донистани макоми гуреза ё махрум намудан аз макоми гуреза ва аъзои оилаи онхо, ки аз Чумхурии  Точикистон дар мухлати мукарраргардида нарафта бошанд, карор кабул мекунад;

-хорич кардани шахсонеро, ки нисбати онхо дар бораи хорич карда шуданашон карор кабул шудааст, амали менамояд, дар сурате, ки хоричшавандагон дар мухлати як хафтаи баъди кабули карор дар ин бора ба макомоти болои ё ба суд шикоят накарда бошанд;

– мувофики тартиби мукарраргардида хангоми убури Сархади давлатии Чумхурии Точикистон аз гузаргоххо ё берун аз онхо шахсони панохчуяндаро, ки барои ворид шудан ба Чумхурии Точикистон ичозатнома надоранд, вале бинобар холатхои пешбининамудаи сархати дуюми моддаи 2 Конуни мазкур дар Чумхурии Точикистон гуреза дониста шуданро изхор намудаанд, бозмедорад ва дар мухлати на дертар аз 72 соат вазифадор аст бо риояи принсипи берун накардан дар ин хусус вохидхои макомоти дахлдори корхои дохилиро огох созад. (КЧТ аз 12.01.10с., №590; аз 26.07.14с., № 1024)

3.Макомоти корхои хоричии Чумхурии Точикистон:

-дар музокирот, тахия ва омодасозии лоихахои ахдномаю созишномахо ва ворид намудани пешниходот оид ба бастани онхо байни Чумхурии Точикистон ва дигар давлатхо дар масъалаи гурезахо иштирок менамояд;

-вазъи сиёси, ичтимоию иктисоди, санитарию эпидемиологиро дар ин ё он кишвари мансубияти шахсони панохчуянда, оид ба гуреза дониста шудан дархост намудаанд, тахлил намуда, хамоханг месозад ва дар ин хусус  маълумот пешниход менамояд;

-дар бораи тагйиротхои шиносномавию раводиди (визави) ва коидахои зист дар кишвархои хоричи маълумот тайёр менамояд;

-чараёни ичрои ахдномаи байналмилали ва шартномахои Чумхурии Точикистонро оид ба масъалахои гурезахо назорат менамояд;

-якчоя бо дигар макомоти ваколатдор масъалахои холати хукукии шахсони панохчуяндаро дар Чумхурии Точикистон барраси менамояд;

-барои шахсоне, ки мувофики тартиби мукарраргардида гуреза дониста шудаанд ва аъзои оилаи онхо хуччатхои хорич шудан аз Чумхурии Точикистон ва баргаштан ба Чумхурии Точикистонро мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунхои Чумхурии Точикистон тартиб дода, ба онхо месупорад ва мухлати амали онхоро дароз мекунад;

-дар доираи ваколатхои худ ва ичрои талаботи Конуни мазкур, таъмини аз Чумхурии Точикистон хорич кардани шахсоне, ки гуреза донистани онхо рад шудааст, аз макоми гуреза махрум гардида ё макоми гурезаро аз даст додаанд, мусоидат менамояд.

4.Макомоти  ичроияи махаллии хокимияти давлати: (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

-чои сукунати муваккатии шахсонеро, ки дархости гуреза донистани онхо аз чониби макомоти корхои дохили ба кайд гирифта шудааст, муайян мекунанд; (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

-ба хамгироии шахсони гуреза дониста шуда, бо назардошти мавчуд будани чойхои холии кори ва вазифахои ишголнагардида дар бозори мехнат  кумак мерасонанд;

-ба шахсони гуреза донисташуда, ки имконияти мустакилона сокин шудан надоранд, барои истикомати муваккати чойи зист пешниход мекунанд.

 

Моддаи 6. Тартиби мурочиат ва баррасии дархост дар бораи гуреза донистани шахсони

                      панохчуянда

 

1.Шахсе ки хохиши  дар Чумхурии Точикистон панох чустан  дорад, метавонад ба намояндагихои дипломати ё консулии Чумхурии Точикистон дар давлати сукунати вай бо дархост оид ба гирифтани макоми гуреза мурочиат намояд.

2.Шахси панохчуянда, ки изхори хохиши гуреза дониста шудан намуда, ба синни хаждах расидааст, ухдадор аст шахсан ё ба воситаи намояндаи ваколатдоршуда ба макомоти зерин бо дархости хатти мурочиат намояд: (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– дар гузаргохи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон ба  макомоти амнияти милли ва макомоти корхои дохили дар сурати убури ичбории гайриконунии Сархади давлатии Чумхурии Точикистон дар давоми як шабонаруз аз лахзаи убури Сархадидавлати. Дар сурати чой доштани холатхои аз шахсони панохчуянда вобаста набуда, ки барои сари вакт бо дархост оид ба гуреза дониста шудани у мурочиат намуданаш монеъ мешаванд, мухлати мурочиат метавонад аз ду шабонаруз зиёд бошад, вале на бештар аз давраи чой доштани холатхои бамиёномада; (КЧТ аз 28.12.12с., № 919)

– шахси дар каламрави Чумхурии Точикистон конуни карордошта, бинобар холатхои дар кишвари мансубияташ бавучудомада, метавонад бо тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур бо дархост дар бораи гирифтани макоми гуреза мурочиат намояд;(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

ба макомоти корхои дохили дар холатхои ба таври конуни омадан ба Чумхурии Точикистон дар мухлати на дертар аз як мох. (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

3.Агар шахси панохчуянда бинобар вазъи саломати имкони шахсан дар хусуси гуреза дониста шудан мурочиат кардан надошта бошад, ин корро метавонад намояндаи ваколатдори у бо пешниходи хуччати тибби оид ба вазъи саломатии пешниходшаванда анчом дихад.

  1. Шахсе, ки Сархади давлатии Чумхурии Точикистонро ичборан гайриконуни убур намудааст ва дар хусуси дар Чумхурии Точикистон гуреза дониста шудан изхори хохиш кардааст, бе истифодаи чорахои чазои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон нисбати у барои гайриконуни ворид шудан ба Чумхурии Точикистон ё гайриконуни карор доштан дар Чумхурии Точикистон аз чониби чузъу томхои кушунхои сархадии макомоти амнияти милли боздошт мешавад. (КЧТ аз 28.12.12с., № 919; аз 26.07.14с., № 1024)
  2. Чузъу томхои кушунхои сархадии макомоти амнияти милли дар хусуси хохиши шахсони панохчуянда барои гуреза дониста шудан ба наздиктарин макомоти дахлдори корхои дохили барои баррасии масъалаи бакайдгирии дархост дар муддати 72 соат хабар медиханд. (КЧТ аз 12.01.10с., №590; аз 26.07.14с., № 1024)
  3. Маълумот дар бораи аъзои оилаи шахсони панохчуяндаи ба синни хаждах нарасида, ки хамрохи у омадаанд, ба дархости падар ё модар, дар сурати набудани падару модар ба дархости намояндаи конунии онхо ё ба дархости яке аз аъзои оилаи онхо, ки ба синни хаждахсолаги расидааст ва ихтиёран масъулияти ахлоку тарбия ва нигохубини аъзои оилаи синнашон ба шонздах нарасидаро ба зиммаи  худ гирифтааст, ворид карда мешавад. (КЧТ аз 28.12.12с., № 919; аз 26.07.14с., № 1024)
  4. Дар холати  бе хамрохии намояндаи конуни ба Чумхурии Точикистон ворид шудани шахсоне, ки ба синни хаждах нарасидаанд ва хохиши гуреза дониста шуданро изхор намудаанд, макомоти корхои дохили бо онхо пурсиш гузаронида,  варакаи пурсишнома пур мекунад. То кабули карор оид ба муайян намудани вазъи хукукии онхо мувофики Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои ба макомоти васоят ва парастории Чумхурии Точикистон супурдани ин шахсон тадбирхо андешида мешаванд. (КЧТ аз 28.12.12с., № 919; аз 26.07.14с., № 1024)
  5. Вазъи хукукии шахсони панохчуянда, ки гайри кобили амал дониста шудаанд ва хохиши гуреза дониста шуданро доранд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  6. Баррасии дархости шахсони панохчуянда, ки аъзои як оила мебошанд, нисбат ба хар як узви ба синни хаждах расидаи оила, дар алохидаги бо назардошти талаботи Конуни мазкур анчом дода мешавад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)
  7. Дар сурати чой надоштани холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур нисбати яке аз аъзои ба синни хаждах расидаи оила, бо максади таъмини муттахидшавии оила ин узви оила низ бо хохиши у гуреза дониста мешавад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)
  8. Карор дар бораи бакайдгирии дархости шахс, дар хусуси гуреза донистани у аз чониби комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди макомоти корхои дохили оид ба муайян намудани макоми гуреза дар мухлати дах рузи кори пас аз лахзаи пешниход гардидани дархост тибки натичахои тартиб додашудаи анкетавии шахси панохчуянда, тартиб додани варакаи баёнот дар асоси доир намудани сухбати инфироди, инчунин тибки натичахои тафтиши дурустии маълумотхои бадастомада дар бораи ин шахс ва аъзои оилаи у, ки хамрохаш омадаанд, кабул карда мешавад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)
  9. Маълумот дар бораи аъзои оилаи ба синни хаждах нарасидаи шахсони панохчуянда, ба шаходатномаи падар ва модар, дар сурати набудани волидайн – ба шаходатномаи намояндаи конунии онхо ё ба шаходатномаи яке аз аъзои оилаи онхо, ки ба синни хаждахсолаги расидааст ва ихтиёран масъулияти ахлоку тарбия ва нигохубини аъзои оилаи синнашон ба шонздах нарасидаро ба зиммаи худ гирифтааст, сабт карда мешавад. (КЧТ аз 28.12.12с., № 919; аз 26.07.14с., № 1024)
  10. Хамчунин ба шахси панохчуяндаи ба синни хаждах нарасида, ки бе хамрохии намояндаи конуни ба Чумхурии Точикистон ворид шудааст ва дар хусуси гуреза дониста шудан дархост пешниход намудааст, бо назардошти таклифхои макомоти васоят ва парастори метавонад шаходатнома супурда шавад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)
  11. Шаходатнома барои бо тартиби мукарраргардида дар макомоти корхои дохилии чои истикомат ба кайд гирифтани шахс ва аъзои оилаи у, ки дар хусуси гуреза дониста шудан дархост пешниход намудаст, дар мухлати дида баромадани дархост асос мегардад.
  12. Шаходатнома хамчунин дар сурати зарурат барои сукунати муваккати роххат гирифтани шахси панохчуянда ва аъзои оилаи у асос мебошад;
  13. Комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди макомоти корхои дохили оид ба муайян намудани макоми гуреза аз намояндагони Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти корхои дохили, макомоти тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, макомоти мехнат, мухочират ва шугли ахоли, макомоти амнияти милли, макомоти корхои хоричи иборат мебошад. Тартиби ташкил ва фаъолияти комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди макомоти корхои дохили оид ба муайян намудани макоми гуреза аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

 

Моддаи 7. Махдудкунии хукукхои шахсони панохчуянда, ки дар хусуси гуреза  донистан

                     дархост пешниход намудаанд

 

Хукукхои шахсони панохчуяндае, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниход намудаанд, мумкин аст танхо дар холатхои пешбининамудаи конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, бо максади таъмини  химоя ва амнияти давлат, хифзи асосхои сохти конститутсиони, ахлок, саломатии ахоли, хукук ва озодихои дигар шахсон махдуд карда шаванд. (КЧТ аз 28.12.12с., № 919)

 

Моддаи 8. Асосхо барои рад кардани додани макоми гуреза ба шахси панохчуянда

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

 

Барои рад кардани додани макоми гуреза ба шахси панохчуянда холатхои зерин асос мешаванд, агар: (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

-дархости шахс комилан беасос бошад ё хусусияти суиистифода дошта бошад;

-холатхои истиснокунандаи тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур ошкор гарданд;

-дархости шахс пештар дар бораи гуреза дониста шудани у бинобар мавчуд набудани холатхои хавфи дучории таъкиб гаштан рад шуда бошад, дар сурате, ки вазъият дар кишвари мансубияти шахрвандии у (махалли истикомати пештараи у) аз рузи радия гирифтан то рузи пешниходи дархости нав тагйир наёфта бошад;

-шахс шахрванди давлати сеюме бошад, ки метавонад аз химояи он истифода намояд ё хукук дорад дар асоси конуни дар каламрави кишвари сеюм бе хавфи дучори  таъкиб шудан дар ин кишвар истикомат кунад;

– шахс бевосита аз каламрави кишвари сеюми бехатар омада бошад, ки то ворид шудан ба Чумхурии Точикистон муваккатан дар каламрави он тахти таъкиб карор надошт ё метавонист мувофики тартиби мукарраргардида панохгох ё макоми гуреза гирад; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– шахс давлати мансубияти шахрвандии (махалли истикомати пештараи) худро бинобар хавфи чазо гирифтан мутобики конунгузории ин давлат барои гайриконуни берун шудан аз каламрави он ё барои содир намудани дигар чиноят дар каламрави он тарк намуда бошад ва бо хамин сабабхо намехохад ба давлати мансубияти шахрвандии  (махалли истикомати пештараи)  худ баргардад;

– шахс ичборан гайриконуни Сархади давлатии Чумхурии Точикистонро бо максади пешниход намудани дархост дар хусуси гуреза дониста шудан убур намуда бошад ва мутобики тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур бе сабабхои узрнок бо дархост дар бораи хохиши гуреза дониста шуданаш мурочиат накарда бошад; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– шахс аз додани маълумот дар бораи худ саркаши намояд, дар бораи худ ё ки дар бораи холатхои ба Чумхурии Точикистон омаданаш маълумоти бардуруг пешниход намояд;

– шахс бо шахрванди Чумхурии Точикистон дар кайди никох бошад ва мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон имкон дорад барои истикомати доими дар Чумхурии Точикистон ичозат гирад;

– шахс барои истикомати доими дар Чумхурии Точикистон ичозатнома (ичозатномаи зист) дошта бошад.

 

Моддаи 9. Окибати рад кардани додани макоми гуреза

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

 

  1. Дар сурате, ки агар ба шахси панохчуянда додани макоми гуреза рад карда шавад, макомоти корхои дохили дар мухлати то панч рузи кори пас аз рузи кабули карор дар ин хусус ба у бо зикри сабабхои радкуни ва тартиби овардани шикоят аз руи карори кабулшуда, инчунин шархи вазъи хукукии минбаъдаи у ва аъзои оилааш дар Чумхурии Точикистон огохинома месупорад ё ирсол менамояд. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)
  2. Макомоти корхои дохили,  макомоти амнияти миллиро дар хусуси кабули карори нихои дар бораи рад намудани бакайдгирии дархости шахс дар хусуси гуреза донистани у дар Чумхурии Точикистон хабардор менамояд. Хамзамон ба макомоти дахлдор дар бораи ба ин шахс додани раводиди хуруч ба мухлате, ки барои шикоят намудан аз болои карор дар хусуси рад намудани бакайдгирии дархости у дар хусуси гуреза донистан вакт медихад,  дархост менамояд. (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

3.Шахсе, ки ба макомоти корхои дохили дар хусуси гуреза дониста шуданаш дархост намудааст ва дар бораи рад гардидани бакайдгирии дархост огохинома гирифтааст, вале хукуки шикоят аз болои ин карорро мутобики Конуни мазкур истифода набурдааст ва дар сурати надоштани дигар асосхои конуни барои истикомат дар Чумхурии Точикистон, ухдадор аст дар мухлати на дертар аз як мохи пас аз рузи гирифтани огохинома дар хусуси рад гардидани  дархосташ, якчоя бо аъзои оилаи худ Чумхурии Точикистонро тарк намояд. (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

 

Моддаи 10. Хукук ва ухдадорихои шахсони панохчуянда ва аъзои оилаи онхо

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

 

  1. Шахси панохчуянда ва аъзои оилаи у хукукхои зерин доранд:(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

-гирифтани иттилоот оид ба тартиби гуреза донистани онхо ва оид ба хукуку ухдадорихои худ мувофики Конуни мазкур;

-истикомат дар давраи баррасии дархост дар махалхои сукунати муваккати бо роххати макомоти корхои дохили ё сокиншавии мустакилона дар оилаи шахрванди Чумхурии Точикистон ё шахрванди хоричи вашахси бешахрвандидар Чумхурии Точикистон истикомати доими дошта; (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

-ёрии таъчилии тибби дар муассисахои давлатии тибби;

-гирифтани маълумоти ибтидои ва миёна;

– гирифтани ёрии ичтимои бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон;(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– хукук ба мехнат ва фаъолияти сохибкори мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

-пешниходи ариза дар хусуси катъи баррасии дархост.

  1. Шахсони панохчуянда, инчунин аъзои оилаи онхо ухдадоранд:(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

-талаботи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя намоянд; (КЧТ аз 28.12.12с., № 919)

макомоти корхои дохилиро дар давоми се рузи кори дар бораи иваз намудани махалли истикомат дар худуди Чумхурии Точикистон ва оид ба максади аз каламрави Чумхурии Точикистон берун рафтан огох созанд;(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

-тартиби мукарраргардидаи истикоматро риоя намоянд ва талаботи мукарраргардидаи меъёрхои санитарию гигиении истикомат дар махалли сукунати муваккатиро ичро кунанд;

– тибки тартибе, ки макомоти тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли муайян менамояд, фавран аз муоинаи хатмии тибби гузаранд; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

ба макомоти мухочират маълумоти сахехро барои кабули карор дар асоси дархост пешниход намоянд;

– аз тагйироти маълумотхои анкетави ва махалли истикомат ба макомоти мухочират хабар диханд.

 

Моддаи 11. Тартиби гуреза донистани шахсони панохчуянда

 

  1. Асосхо ва тартиби гуреза дониста шудани шахси дар Чумхурии Точикистон панохчуянда аз чониби макомоти корхои дохили бо рохи мукаррар намудани талаботи зерин муайян карда мешаванд:(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– натичаи маълумотхои анкетавии шахси панохчуянда дар асоси доир намудани сухбатхои инфироди; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– дурустии маълумоти бадастомада дар бораи шахси панохчуянда ва аъзои оилааш, ки уро хамрохи мекунанд;

-сабабхои ба Чумхурии Точикистон ворид шудан;

-мазмуни хуччатхои пешниходшуда;

-баёноти ба тарики расми тахияшуда, агар онхо мавчуд бошанд;

-дигар хуччатхо.

  1. Дархости гуреза донистани шахс дар мухлати на дертар аз се мохи пас аз ба кайд гирифта шудани он аз чониби макомоти корхои дохили  барраси карда мешавад. Мухлати амали бакайдгири низ ба хамин муддат дароз карда мешавад. (КЧТ аз 12.01.10с., №590)
  2. Мухлати баррасии дархост дар сурати мавчуд будани мушкилот дар муайян намудани асоснокии хавфи тахти таъкиб карор гирифтани аризадиханда аз чониби макомоти корхои дохили мумкин аст, дароз карда шавад, вале на бештар аз 3 мохи пас аз ба кайд гирифта шудани дархост дар хусуси гуреза донистан. (КЧТ аз 12.01.10с., №590)
  3. Расмиёти гуреза донистан метавонад дар хар мархила боздошта шавад, агар дар чараёни баррасии дархост маълум гардад, ки шахс дидаю дониста дар бораи худ маълумоти бардуруг пешниход намудааст ё кирдоре содир намудааст, ки амнияти давлати истикоматро тахти хатар мегузорад ё тартиботи чамъиятиро халалдор месозад.
  4. Карор дар бораи гуреза донистан ё дар хусуси рад намудани гуреза донистан аз чониби макомоти корхои дохили дар асоси хулосаи комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди макомоти корхои дохили оид ба муайян намудани макоми гуреза, ки бо назардошти расмиёти анчомдодаи баррасии дархост ва хуччатхои парвандаи шахсони панохчуянда пешниход гардидааст, кабул карда мешавад. (КЧТ аз 12.01.10с., №590; аз 26.07.14с., № 1024)
  5. Ба шахси панохчуяндаи гуреза донисташуда, ки ба синни хаждах расидааст, макомоти корхои дохили мутобики Дастурамали шаходатномаи гуреза, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик намудааст, шаходатномаи намунааш мукарраргардида медихад. (КЧТ аз 12.01.10с., №590) (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)
  6. Хамчунин ба шахси гуреза донисташудаи ба синни хаждах расидае, ки бе хамрохии намояндаи конуни ба Чумхурии Точикистон ворид шудааст, бо назардошти фикру мулохизахои макомоти васоят ва парастори метавонад шаходатнома супурда шавад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)
  7. Шаходатнома дар баробари пешниходоти макомоти корхои дохили барои гирифтани ичозати зист ба мухлати гуреза донистани шахси гуреза донисташуда ва аъзои оилаи у асос мебошад. (КЧТ аз 12.01.10с., №590)
  8. Шахси панохчуянда ба мухлати 3 сол гуреза дониста шуда, ба у ба ин муддат шаходатномаи гуреза дода мешавад. Хангоми дар давлати мансубияти шахрвандии (ё махалли истикомати пештараи) у боки мондани холатхое, ки у мавриди таъкиб карор гирифта буд, дар асоси карори комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди макомоти корхои дохили оид ба муайян намудани макоми гуреза мухлати гуреза дониста шудани у ва мухлати амали шаходатномаи гуреза ба хар 3 соли минбаъда тамдид карда мешавад.(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)
  9. Макомоти корхои дохили макомоти дахлдорро аз кабули карори нихои дар хусуси рад намудани гуреза донистани шахс хабардор сохта, онро аз кайд мебарорад ва ба вай ва ба аъзои оилааш барои додани раводиди хуруч аз Чумхурии Точикистон дархост мекунад. (КЧТ аз 12.01.10с., №590)
  10. Шахсе, ки тибки талаботи Конуни мазкур дар бораи рад гардидани гуреза донистан огохинома гирифтааст, дар сурати надоштани дигар асосхои конуни барои истикомат дар Чумхурии Точикистон, ухдадор аст дар мухлати на дертар аз як мох пас аз гирифтани огохинома дар хусуси рад гардидани дархосташ якчоя бо аъзои оилаи худ Чумхурии Точикистонро тарк намояд.
  11. Шахсе, ки гуреза донистани у рад карда шудааст, бинобар пайдо шудани холатхои нав хукук дорад бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур такроран барои гирифтани макоми гуреза ба макомоти корхои дохили дархост пешниход намояд.(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

 

Моддаи 12. Хукук ва ухдадорихои шахси гуреза донисташуда

 

1.Шахси  гуреза донисташуда ва аъзои оилаи у, ки хамрохаш омадаанд, хукукхои зеринро доранд:

-гирифтани иттилоот дар бораи хукук ва ухдадорихои худ, инчунин иттилооти дигар мувофики  Конуни мазкур;

-истикомат дар Чумхурии Точикистон дар давраи гуреза будан дар махалхои ахолинишине, ки номгуи онхоро Хукумати  Чумхурии Точикистон, муайян кардааст;

-сокиншавии мустакилона дар оилаи шахрванди Чумхурии Точикистон ё шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон;

-иштирок дар барномахои хамгироие, ки макомоти корхои дохили тахия менамояд; (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

-ёрии тибби, таъминшави бо кор, кор дар асоси кироя ё фаъолияти сохибкори, мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, агар тартиби дигар мукаррар нашуда бошад;

-гирифтани тахсилоти ибтидои ва миёна; (КЧТ аз 28.12.12с., № 919)

-кумаки макомоти корхои дохили дар дарёфти маълумот дар бораи хешовандоне, ки дар давлати мансубияти шахрвандии (махалли истикомати пештараи) шахси гуреза истикомат мекунанд; (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

– мурочиат ба макомоти корхои дохили дар махалли будубоши худ бо максади расонидани кумак ба у ва аъзои оилааш дар барасмиятдарории хуччатхои сафари дар мувофика бо макомоти амнияти миллии Чумхурии Точикистон;(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

-аз макомоти корхои дохилии махалли истикомат мувофики тартиби мукарраргардида гирифтани ичозати зист ва дигар хуччатхои дахлдор;

-бо ариза мурочиат намудан дар хусуси додани ичозат барои истикомати доими дар Чумхурии Точикистон бо асосхое, ки ба макоми гуреза вобастаги надоранд ё мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон сохиб шудан ба макоми  шахрвандии Чумхурии Точикистон;

-ихтиёран баргаштан ба давлати мансубияти шахрвандии (махалли истикомати пештараи) худ;

-рафтан ба давлати дигар барои истикомат;

-гирифтани ёрдампули ва дигар навъи кумак тибки тартибе, ки Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд;

-истифода аз дигар хукукхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон барои шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванди ба таври доими дар Чумхурии Точикистон истикоматкунанда пешбини намудааст.

2.Шахси гуреза донисташуда ва аъзои оилаи у, ки уро хамрохи мекунанд, ухдадоранд:

-талаботи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя намоянд; (КЧТ аз 28.12.12с., № 919)

-хангоми сокиншавии мустакилона дар мухлати на дертар аз се рузи кори пас аз  гирифтани шаходатнома дар   макомоти корхои дохилии махалли истикомат аз кайд гузаранд;

-пас аз гирифтани роххат барои сукунати муваккати аз макомоти корхои дохили дар мухлати на дертар аз се руз ба махалли ахолинишини нишондодашуда омада, баъди расидан дар мухлати на дертар аз се рузи кори дар макомоти махаллии корхои дохили аз кайд гузаранд; (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

-дар мухлати на дертар аз як хафтаи кори ба макомоти корхои дохили дар хусуси тагйири ному насаб, хайати оила, вазъияти оилави, дар бораи сохиб шудан ба шахрвандии дигар давлат ва дар бораи гирифтани ичозат барои истикомати доими дар Чумхурии Точикистон маълумот пешниход кунанд; (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

-аз максади тагйир додани чойи истикомат дар Чумхурии Точикистон ё кучида рафтан берун аз Чумхурии Точикистон макомоти корхои дохилиро хабардор намоянд; (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

– дар сурати иваз намудани чойи истикомат аз кайди макомоти корхои дохили бароянд ва дар давоми се рузи кори пас аз расидан ба махалли нави истикомат дар макомоти корхои дохилии он махал аз кайд гузаранд; (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

-дар мухлатхое, ки макомоти корхои дохили мукаррар менамояд, хар сол аз нав аз кайд гузаранд; (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

-дигар ухдадорихоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон барои шахрванди хоричи ва шахси бешахрванди дар Чумхурии Точикистон доими истикоматкунанда пешбини намудаанд, ичро кунанд.

 

Моддаи 13. Катъ гардидани  макоми гуреза ва махрум намудан аз он

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

 

  1. Макоми гуреза катъ мегардад, агар шахс:(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

-барои истикомати доими дар Чумхурии Точикистон ичозат гирифта бошад;

-шахрвандии Чумхурии Точикистон ё дигар давлатро сохиб шуда бошад;

-барои истикомати доими аз Чумхурии Точикистон рафта бошад;

– ихтиёран аз химояи давлати мансубияти шахрванди ё истикомати худ аз нав истифода барад;(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

– ихтиёран ба кишвари мансубияти худ, ки каблан бинобар хавфи таъкибот тарк карда буд, баргардад;(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

-аз химояи давлати мансубияти шахрвандии худ бо сабабхое, ки у гуреза дониста шуда буд, даст кашида натавонад, агар ин сабабхо дигар вучуд надошта бошанд.

2.Шахс дар холатхои зерин аз макоми гуреза махрум карда мешавад, агар :

-дидаю дониста маълумоти бардуруг ё хуччатхои калбакие пешниход намуда бошад, ки барои гуреза донистани  у асос шуда бошанд;

яке аз холатхои пешбининамудаи моддаи 3 Конуни мазкур ошкор гардад;(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

-ба амнияти милли, асосхои сохти конститутсиони, тартиботи чамъияти, саломати ва ахлокии ахолии Чумхурии Точикистон тахдид намояд.

  1. Карор дар бораи катъ гардидани макоми гуреза ё махрум намудан аз макоми гуреза аз чониби комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди макомоти корхои дохили оид ба муайян намудани макоми гуреза кабул карда мешавад.(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)
  2. Огохинома оид ба карори комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди макомоти корхои дохили оид ба муайян намудани макоми гуреза дар бораи катъ гаштани макоми гуреза ё  махрум намудан аз макоми гуреза бо нишон додани сабабхои кабули карор дар ин бора ва тартиби шикоят овардан аз руи карор аз чониби макомоти корхои дохили на дертар аз панч рузи кори пас аз кабули карор ба ин шахс супорида ё ирсол карда мешавад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)
  3. Макомоти корхои дохили макомоти дахлдорро аз карори кабулгардида дар бораи аз даст додани макоми гуреза ё дар бораи аз макоми гуреза махрум намудани шахс хабардор намуда,  онро аз кайд мебарорад, хамзамон дар хусуси ба расмият даровардани раводиди хуручи у ва аъзои оилааш аз Чумхурии Точикистон дархост менамояд. (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

6.Дар сурати аз даст додани макоми гуреза ё махрум гардидан аз ин маком, шаходатнома ба макомоти корхои дохили супурда шуда, он беэътибор дониста мешавад. (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

7.Шахсе, ки бинобар холатхои пешбининамудаи кисми якум ва дуюми хамин модда макоми гурезаро аз даст додааст ё аз макоми гуреза махрум гардидааст ва хукуки пешниход намудани даъворо нисбати ин карор мутобики Конуни мазкур истифода намекунад, инчунин барои сукунат дар Чумхурии Точикистон дигар асосхои конуни надорад, ухдадор аст дар мухлати на дертар аз як мох пас аз гирифтани огохинома дар хусуси макоми гурезаро аз даст додан ё дар бораи аз макоми гуреза махрум намудан якчоя бо аъзои оилаи худ Чумхурии Точикистонро тарк намояд.

8.Шахсе, ки бинобар холатхои пешбининамудаи кисми якум ва дуюми хамин модда макоми гурезаро аз даст додааст ё аз макоми гуреза махрум гаштааст ва аъзои оилаи у баъд аз карори нихои хукуки истифодаи истикоматгохеро, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати барои истикомати муваккати пешниход намудаанд, аз даст медихад. (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

 

Моддаи 14. Кафолатхои хукукии шахсони  панохчуянда ва гуреза донисташуда

 

1.Шахсони панохчуянда, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниход намудаанд, гуреза дониста шудаанд, макоми гурезаро аз даст додаанд ё аз макоми гуреза махрум карда шудаанд, хилофи иродаи онхо ба каламрави давлате, ки дар он ба хаёт ё озодии онхо бинобар нишонахои нажоди, эътикоди дини, шахрванди, мансубият ба гурухи муайяни ичтимои ё акидахои сиёси хатари таъкиб тахдид мекунад, баргардонида намешаванд.

2.Мукаррароти дар банди якуми хамин модда нишондодашуда ба гурезахое, ки бо асосхои муайян сабаби хавфи бехатарии давлате, ки дар худуди он мебошанд, шуда метавонанд ё махкумшудагоне, ки мувофики хукм ба гурухи содиркунандагони чинояти махсусан вазнин дохил шуда, барои давлат хатари умуми доранд,  татбик карда намешавад.

3.Маълумот дар бораи шахсоне, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниход намудаанд, ё ин  ки гуреза дониста шудаанд, ба макомоти хокимият ва ташкилотхои чамъиятии давлати мансубияти шахрвандии (махалли истикомати пештараи) онхо бе розигии хаттии ин шахсон пешниход карда намешавад.

4.Нисбати карор ва амалхои (беамалии) макомоти идораи давлати ва шахсони мансабдор вобаста ба ичрои Конуни мазкур ба макомоти болои ё суд шикоят пешниход намудан мумкин аст.

5.Мухлати пешниходи шикоят аз рузи гирифтани огохинома дар бораи рад гардидани бакайдгирии дархост дар хусуси гуреза донистан, дар хусуси аз даст додани макоми гуреза, дар бораи махрум гардидан аз макоми гуреза ба макомоти болои ё ба суд набояд аз як мох зиёд бошад. Шикоят ба макомоти болои шикояти судиро истисно намегардонад. Дар сурати шикоят ба макомоти болои баъди гузаштани мухлати на дертар аз як мох агар шахс чавоб нагирифта бошад ё чавоби рад гирифта бошад, хукук дорад ба суд мурочиат намояд.

  1. То кабули карор тибки шикоят шахси шикоят пешниходнамуда ва аъзои оилаи у дорои хукукхо ва ухдадорихои пешбининамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мебошанд. Зимнан мухлати амали шаходатномаи муваккатии шахси панохчуянда ё шаходатномаи гуреза аз чониби макомоти корхои дохили ба мухлати баррасии шикоят ва кабули карор аз тарафи макомоти суд тамдид карда мешавад. Хамзамон, аз тарафи макомоти корхои дохили мухлати бакайдгирии шахси панохчуянда ё мухлати амали шаходатномаи гуреза ва ичозати зисти онхо тамдид карда мешавад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)
  2. Шахсе, ки дар бораи рад гардидани бакайдгирии дархост дар хусуси гуреза донистан, дар бораи рад гардидани гуреза донистан, дар бораи аз даст додани макоми гуреза ё дар бораи махрум гардидан аз макоми гуреза мувофики Конуни мазкур огохинома гирифтааст ва хукуки пешниход намудани шикоятро нисбати ин карор мутобики хамин модда истифода намудааст, ухдадор аст   Чумхурии Точикистонро якчоя бо аъзои оилаи худ дар мухлати на дертар аз як мох пас аз гирифтани огохинома дар бораи рад гардидани шикоят, дар сурати набудани дигар асосхои конуни барои истикомат дар Чумхурии Точикистон, тарк намояд.

 

Моддаи 15. Сокин намудани шахсони панохчуянда ва гуреза донисташуда

 

1.Шахсони панохчуянда, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниход намудаанд ва барои мустакилона сокин шудан имконият надоранд, аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар махалли чойгиршавии макомоти дахлдори корхои дохили, ки дархостро ба кайд гирифтааст, сокин карда мешаванд. (КЧТ аз 12.01.10с., №590)

  1. Барои сокиншавии шахсоне, ки дар хусуси гуреза донистан дархост намудаанд, метавонанд марказхои чойгиркунии муваккати таъсис дода шаванд. Ин чойхо бо пешниходи макомоти корхои дохили ва бо мувофикаи вазорату идорахои дахлдор дар асоси карори Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дода мешаванд. (КЧТ аз 12.01.10с., №590; аз 26.07.14с., № 1024)

3.Шахсоне, ки гуреза дониста шудаанд ва имконияти мустакилона сокин шудан надоранд, мутобики квотахои кабули гурезахо барои хар як вилоят ва нохияи чумхури, ки Хукумати Чумхурии Точикистон хар сол мукаррар менамояд, таксим карда мешаванд.

4.Истикоматгох барои сукунати муваккатии шахсоне, ки гуреза дониста шудаанд, аз чониби раисони вилоятхо ва нохияхо тибки квотахои мукарраргардида дар асоси шартномаи ичора, ки бо ин гуна шахсон баста мешаванд, барои мухлати гуреза будани онхо пешниход карда мешавад.

  1. Карор дар бораи ба шахси гуреза донисташуда додани истикоматгох барои сукунати муваккати аз чониби макомоти дахлдор мувофики тартибе, ки тибки Низомномаи истикомати гурезахо дар Чумхурии Точикистон мукаррар гардидааст, кабул карда мешавад.

6.Дар сурати ба таври оммави ба Чумхурии Точикистон ворид шудани шахсони панохчуянда, ки дар хусуси гуреза дониста шудан бинобар холатхои пешбининамудаи хамин Конун дархост пешниход кардаанд, сокин намудани ин шахсон ва шароити нигохдории онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 16. Маблаггузори  вобаста ба татбики Конуни мазкур

 

Маблаггузори оид ба  кабул, расонидани кумак ба шахсони  панохчуянда, гуреза ва аъзои оилаи онхо ва инчунин харочоти вобаста ба хорич кардани онхо аз Чумхурии Точикистон, дар мавриди рад гардидани дархости гуреза донистани онхо, аз даст додани макоми гуреза, махрум гардидан аз макоми гуреза ва аъзои оилаи онхо тибки тартиб ва андозахое, ки Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд, инчунин аз хисоби маблагхое, ки аз созмонхои байналмилали ва дигар давлатхо дар асоси шартномахои (созишномахои) бо Чумхурии Точикистон басташаванда ворид мегарданд ва хайрияхои шахсони вокеи ва хукуки анчом дода мешавад.

 

Моддаи 17. Хамкории байналмилали оид ба масъалахои гурезахо

 

Чумхурии Точикистон бо дигар давлатхо, Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттахид оид ба гурезахо ва дигар созмонхои байналмилали бо максади халли масъалахои гурезахо хамкори менамояд.

 

Моддаи 18. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни  мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1024)

 

Моддаи 19. Дар бораи беэътибор донистани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи гурезахо»

 

Конуни Чумхурии  Точикистон аз 20 июли  соли 1994   «Дар бораи гурезахо» (Ахбори  Шурои Олии Чумхурии  Точикистон, с.1994, №15-16, мод.243; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1997, № 9, мод. 117 ;  с. 2001, № 4, мод. 182) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Президенти
Чумхурии Точикистон                     Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе, 10 майи соли 2002,

№ 50

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …