Главная / Илм / ГИНЕКОЛОГИЯ

ГИНЕКОЛОГИЯ

ginekologiyaГИНЕКОЛОГИЯ (Gynaecologia; аз юн. gyne, gynaikos – зан ва …логия), илми беморихои занона, як сохаи тибби клиникист, ки хосиятхои анатомию физиологии организм, инчунин иллати узвхои таносули занхоро меомузад. Вазифаи умдаи Г. аз овони кудаки андешидани тадбирхои пешгирии беморихои занона ва пешниход кардани усулхои муоличаи онхо мебошад. Маълумоти аввалин доир ба Г.-и амали дар «Папируси гинекологи»-и Миср (а. 30 то м.), навиштачоти Бобулистон (а. 22 то м.), китоби кадимии хиндухо «Аюрведа» (а.-хои 9 – 3 то м.) ва г. дучор меоянд. Дар ин сарчашмахо рочеъ ба аменорея, бенасли, газак ва диг. беморихои аъзои чинсии зан, инчунин усулхои муоличаи онхо маълумот дода шудааст. Дар асархои Букрот дар бораи аломату роххои ташхиси бемори, тарзи муолича ва чаррохии амрози гинекологи маълумоти муфассал мавчуданд. Дар инкишофи Г. Абуали ибни Сино сахми калон гузоштааст. у фасли махсуси китоби сеюми «Ал-Конун»-ро ба беморихои занона бахшидааст.
Г. хамчун илми мустакил дар а. 18 ба вучуд омад. Ба туфайли татбики асептика ва антисептика доираи ёрии чаррохи ба ашхоси гирифтори беморихои гинекологи васеъ гардид. Г. ба акушери робитаи зич дошта, аз фаслхои онкологияи гинекологи, урологияи гинекологи, эндокринологияи гинекологи, чаррохии гинекологи ва г. иборат аст. Дастовардхои анестезиология, истифодаи антибиотикхо, хунгузарони ва техникаи замонави ба пешрафти чаррохии гинекологи мусоидат карданд.
Дар Точикистон Г. чун илм таърихи чандон тулони надорад. С.-хои 40-уми а. 20 М. А. Турдаков, М. В. Войно-Ясенетский ва В. А. Лоситская доир ба беморихои гинекологии хоси чумхури пажухиш анчом доданд. Мавзуи асосии омузиши онхо бедардгардонии таваллуд, хунгузарони, дарёфти роххои табобати баъзе беморихои занона буд. Хусусан ба таъсири бемории варача ба чараёни хамл, таваллуд ва амрози гинекологи эътибори чидди дода мешуд.
Мавзуи тадкикоти минбаъдаи гинекологхои чумхури халли масъалахои эндокринологияи гинекологиро дар назар доштанд; таъсири гормонхои стероиди ба сабзиши хучайрахо муайян, микдори кислотахои нуклеат дар эндометрия ошкор, физиология ва патологияи хуни занхо тадкик карда шуд.
С. 1941 дар ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино кафедраи акушери ва гинекология таъсис ёфт. С. 1957 зарурати ташкил намудани боз чунин як кафедраи дигар пеш омад. Махз бо кушиши устодони кафедрахои мазкур бисёр масъалахои Г. мавриди омузиши амик карор гирифтанд, мас., таъсири мухит ба организми зани хомила ва тифл; танзими оила; пешгирии саратони гарданаи бачадон; эндокринологияи гинекологи; талассемия ва хомилаги; физиологияи таваллуд; ташхис ва табобати ихтилоли климакс; роххои бехтар гардондани шири модарон; зарари моддахои химияви, хусусан гербисиду пестисидхо ба фаъолияти насловарии занхо; таъсири омилхои антропогени ба инкишофи чинси ва чисмонии духтарон ва г. Пажухишхои солхои баъдии устодон ба дарёфти усулхои пешгирии фавти модару кудак, проблемахои модарии бехавф дар чумхури, таъсири мухит ба организми зани хомила ва тифл, танзими оила, ширмаконии кудакон ва г. бахшида шудаанд.
С. 1980 дар чумхури дар заминаи Лабораторияи беморихои занона, амрози ирси ва модарзоди кудакони ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино Ин-ти тадкикоти илмии хифзи модару кудак (хозира Пажухишгохи акушери, гинекология ва перинатология) ташкил карда шуд. Он муассисаи асоси оид ба хамохангсозии кумаки акушерию гинекологи ва педиатри дар чумхури мебошад. Аз чониби кормандони пажухишгох оид ба дарёфти асосхои илмию методии такмили хадамоти акушерию гинекологи ва педиатри, кам кардани бемории анемия ва оризахои гуногуни акушери дар байни занхои хомила, бемории кудакони то 3-сола ва г. тадкикоти назаррас анчом пазируфт.
Яке аз самтхои асосии фаъолияти муассисахои акушерию гинекологии чумхури хифзи солимии насловарии занхо мебошад. Айни замон дар чумхури марказу кабинетхои гуногун фаъолият доранд, ки роххои босамари пешгирии хамли номатлубро дарёфт менамоянд.
Дар ривочу равнаки Г. дар Точикистон сахми С.Б. Голубчик, А.К. Сафотеров, Л.Е. Гуртовой, С.Х. Хакимова, Л.И. Трубникова, М.Т. Пулодова, М.К. Абдурахмонов, Е.Н. Нарзуллоева, М.Ф. Додхоева, Р.Т. Мирсабурова, Т.М. Абдушукурова ва диг. арзанда аст.

М. Д. Файзуллоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …