Главная / Илм / ГЕПАТАРГИЯ

ГЕПАТАРГИЯ

gepatargijaГЕПАТАРГИЯ (аз юн. hepat, hepatos – чигар, argia – бефаъолияти), энсефалопатияи чигар, яке аз навъхои синдроми клиники. Г. бо ихтилоли асабию рухи, ки бинобар иллати вазнини чигар сар задааст, ба вучуд меояд. Бештар дар аснои гепатит, сиррози чигар, дистрофияи захрии чигар рух менамояд; он метавонад дар ашхоси гирифтори ихтилоли шадиди бо хун таъмин шудани чигар (тромбози шадиди венаи чигар, сахван бастани артерияи чигар дар вакти чаррохи), хамчунин дар бемороне, ки байни венахои боби ва тихии онхо анастомози сунъи гузошта шудааст, ба вукуъ пайвандад.
Инкишофи Г. ба кохиши фаъолияти безараргардонии чигар, ки боиси ихтилоли мубодилаи моддахо ва дар хун чамъ шудани аммиак, фенолхо ва диг. моддахои зарарнок (онхо силсилаи асаби марказро захролуд месозанд) мегарданд, вобастаги дорад.
Хангоми иллати шадиди чигар Г. тезутунд огоз меёбад: серхаячони, галлютсинатсияи бинои ва шунавои, хазаён, амнезия, игмои чигар ва г. Дар мавриди беморихои музмини чигар бошад, Г. тадричан сар мешавад: эйфорея ва депрессия, заъфи хотира, деменсия, ихтилоли хоб (хоболудии рузона ва бехобии шабона) ва босира, тагйир ёфтани хусни хат, сардард, сустхаракати, сарчархи ва г.; пилки чашм, лабхо ва даст меларзанд.
Бо максади табобати Г. иллати чигарро муолича мекунанд. Фарчоми бемори чидди аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …