Главная / Илм / ГЕМОЛИЗ

ГЕМОЛИЗ

gemolizГЕМОЛИЗ (Haemolysis; аз гемо… ва юн. lusis – тачзия), хароб гаштани эритроситхо, ки дар натича гемоглобини онхо озод мешавад. Зимни Г. хун ба моеъи тунуки сурх табдил меёбад. Г. дар хун (Г.-и дохили раг) ва узвхо (Г.-и дохили хучайра) ба вучуд меояд. Хамчун раванди муътадил бештар Г.-и дохилихучайрави ба мушохида мерасад. Дар мавриди он хамаруза як кисми эритроситхо дар магзи устухон ва сипурз хароб гашта, гемоглобине, ки озод шудааст, ба билирубин табдил меёбад. Хангоми Г.-и барзиёд хосил шудани билирубин ва ихрочи он бо талха меафзояд; хамчунин ихрочи уробилин, стеркобилин ва г. тавассути начосат ва пешоб зиёд мешавад. Окибати бевоситаи Г. анемияи гемолизи аст, ки метавонад бо пайдоиши санги талха анчом пазирад.
Г. сабабхои гуногун дорад, мас., таъсири харорати баланд ё паст, ултрасадо, моддахои химияви, баъзе дорухо ва г. Он хамчунин метавонад дар натичаи ба организм фиристодани хуни номувофик, тазрики махлулхои гипотони, нукси ирсии системаи эритроситхо ва г. низ пайдо шавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …