Главная / Илм / ГЕМОЛИЗ

ГЕМОЛИЗ

gemolizГЕМОЛИЗ (Haemolysis; аз гемо… ва юн. lusis – таҷзия), хароб гаштани эритроситҳо, ки дар натиҷа гемоглобини онҳо озод мешавад. Зимни Г. хун ба моеъи тунуки сурх табдил меёбад. Г. дар хун (Г.-и дохили раг) ва узвҳо (Г.-и дохили ҳуҷайра) ба вуҷуд меояд. Ҳамчун раванди мӯътадил бештар Г.-и дохилиҳуҷайравӣ ба мушоҳида мерасад. Дар мавриди он ҳамарӯза як қисми эритроситҳо дар мағзи устухон ва сипурз хароб гашта, гемоглобине, ки озод шудааст, ба билирубин табдил меёбад. Ҳангоми Г.-и барзиёд ҳосил шудани билирубин ва ихроҷи он бо талха меафзояд; ҳамчунин ихроҷи уробилин, стеркобилин ва ғ. тавассути наҷосат ва пешоб зиёд мешавад. Оқибати бевоситаи Г. анемияи гемолизӣ аст, ки метавонад бо пайдоиши санги талха анҷом пазирад.
Г. сабабҳои гуногун дорад, мас., таъсири ҳарорати баланд ё паст, ултрасадо, моддаҳои химиявӣ, баъзе доруҳо ва ғ. Он ҳамчунин метавонад дар натиҷаи ба организм фиристодани хуни номувофиқ, тазриқи маҳлулҳои гипотонӣ, нуқси ирсии системаи эритроситҳо ва ғ. низ пайдо шавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …