Главная / Гуногун / Эронихо – форсанд, мо-точик ?

Эронихо – форсанд, мо-точик ?

Савол: Ман хамчун рузноманигор дар баъзе Чаласахои пуршукух иштирок мекунам, мебинам, ки кариб хамаи зиёиёни точик дар баромадхояшон мафхуми «форсу точик»-ро ба кор бурда, ошкоро «форс» гуён Эрони муосир ва точик гуён мо мардуми муосири Точикистонро дар назар доранд. Ё шояд хак ба чониби онхост; Эронихо – форсанд, мо-точик ?

Чавоб: Биёед, азизам мо хам асабхоямонро вайрон накарда, ба китоби «Ориён»-и банда, ки соли 2002 бо хиёнати баъзехо бо душвори руи чопро дида буд, назар меафканем:

«Дар Мовароуннахр, яъне байни ду дарёи бузурги Осиёи Миёна Сир ва Ому, хануз дар замонхои хеле кадим халкхо ва кабилахои бисёре мезистанд, ки асосан сакоихо буда, бештари онхо тахчои ва кисми дигар кучманчи буданд. “Нахустин сарчашмахои хаттии санави, ки дар бораи Осиёи Миёна маълумот медиханд, …сукунат доштани кавму тоифахои эронинажот – сугдиён, бохтарихо, маргиёнихо, хоразмихо, пахлави, кабилахои мухталифи сакои ва гайрахоро хотирнишон намудаанд” (Бобочон Гафуров). Кучманчихо хам, гарчанде фасли бахору саратон ба вохахо куч мебастанд,вале фасли зимистон боз ба хамон чойхои интихоб кардаи худ бармегаштанд. Ин аз он сабаб буд, ки водии Фаргона, сохилхои Сир, мавзеи хуррами Панчакент ва Истаравшан, ки доираи хеле ваъсеро дар бар мегирифт, доманаи куххои Шахристон, заминхои беканори Самарканду Бухоро то Нишопур ва аз водии Каротегину Кулоб то Бохтар ва аз он чо то Хоразм чойи хуррамтарини сайёра ба хисоб мерафт.

Маданият дар Осиёи Миёна хеле барвакт ба вучуд омада, хатто тамоми кабилахои сокини ин хуррамзамин бо кишту кор, обёри, чорводори ва хочагидори машгул буданд. Хар як халку кабилахо урфу одати ба худ хос доштаанд. Вале аз руи гуфтаи муаррихон Г.Бейли, Э.Хертсвелд, Ричард Фрай ва дигарон, сокинони ин кишвар забони ягона даштанд. Ин шояд аз он сабаб бошад, ки Турониён системаи муктадири давлатдориро ба вучуд оварда, подшохонро аз кабилаву аккалиятхои гуногун таъин менамуданд. Ин иттиход дар замони эхёи нахзати Ориён ва барои пахн намудани он дар байни халкияту кабилахои гуногун хам боки монда, то ба замони Искандари Макдуни омада расид.

Мо имруз мафхуми Форсро кариб дар тамоми забонхои дунё вомехурем. Калимаи Форс аз номи халк-кабилаи Порсо гирифта шудааст, ки ин мафхуми эрони имруза набуда, балки соф турони (точики) аст. Барои ин турони (точики) мегуем, ки мафхуми Порсо дар Эрони  Гарби набуд. Ин мафхум на факат дар замони кухан дар Осиёи Миёна истеъмол карда мешуд, балки хозир хам точикон онро истеъмол мекунанд.

Бори аввал мафхуми Порсо дар навиштачоти мехии асири дар асри 9 пеш аз милод дар шакли Порсои хамчун номи вилоят дарч шудааст.Соли 640 пеш аз милод, мегуяд Ричард Фрай, дар бораи Куруши Кабир гуфта шудааст, ки у худро “Хокими Порси” эълон кардааст.”Порс”, “Порсуа”, “Парсхава” (яъне ватани форсхо ё бо гуфтаи Р.Фрай”Форсгард”) , “Форс” хамаи онхо як маъно дошта, топоними то Эрони Гарбианд. Хамчун ба сифати ифодаи этники ба Эрони имруза овардаанд. Э.Херстфелд акида дорад, ки гуё се хазор сол кабл аз милод ин мафхум дар Мовароуннахр вучуд доштааст.

Ин далелхо шаходати онанд, ки дар он даврахо оиди Эрон маълумоте хам набуд. Пас дар бораи “Форсхо аз Эрон” хочати гап нест. Яъне точику форс эронинажод набуда, балки ориёинажоданд, ки хомон маънои эронинажодро дорад. Ватани бобоии онхо Осиёи Миёна аст. Вале имруз хамаи ахли илм ва муаррихони мо ба чои дарки хакикат, тутивор гуфтаи муаррихони хоричиро замзама намуда, точиконро эронинажот мегуянд. Ин аломати ноогахии онхо аз таърихи худ, аз таърихи форс ва таърихи Эрон аст. Гайр аз ин, Эрон нажот намешавад, вай давлат аст, яъне калимаи Эрон аз калимаи Ориён гирифта шудааст. Он таърихи чандон тулони надорад. Ориён кабл аз он ки ба сафар бароянд ва ба хоки поки Эрони Бостон гулмехеро бикубанд, аввал аз оби Чайхуну Сайхун сер шуда буданд. Аз ин лихоз, таърихи Эрони Бостон дар нисбати таърихи Туронию Порсои (форсхо) тулони нест.

“Вакте ки мо точиконро аз чумлаи халкхои эронинажот ва забони точикиро як шохаи забонхои Эрони мешуморем, ин харгиз маънои аз Эрон омадани точиконро надорад. Бошишгохи асосии ориёиёни бостонро бисёр ховаршиносон ва муаррихон тамоми кисматхои хосилхези он суи руд – Мовароуннахр донистаанд. Аммо калимаи “арийа” бо мурури замон ба номи нажоди тамоми халкхои эрони табдил ёфтааст ва дар хамаи даврахои таърихи ин ном то рузхои мо боки монд” (Мухсин Умарзода).

Носири Хусрав (а.11) дар “Сафарнома”-аш овардааст: “Дар Табриз Катрон ном шоиреро дидам, шеъре нек мегуфт, аммо забони форси неку намедонист. Пеши ман омад, девони Мунчик ва девони Дакики биёвард ва пеши ман бихонд ва хар матн, ки уро мушкил буд, аз ман пурсид, ба у бигуфтам ва шархи он бинавишт ва ашъори худ бар ман хонд”. Сабаби забони форсиро неку надонистани шоири машхури Эрон махз дар он аст, ки вай забони точикон аст. Бинобар ин, дар Эрон барои таълифи лугат эхтиёч пайдо гардид ва дар натичаи он дар солхои 1065-1066 “Лугати форсии Асадии Туси” тартиб дода шуд, ки дар  муккаддимаи он гуфта шудааст: “Лугати фурслисони ахли Балх, Мовароуннахр ва Хуросон”.

Баъзехо мафхуми Эрон ва Форсро хамчун синоним мефахманд, ки ин хатост. Калимаи форс аз номи кабилаи Порсо гирифта шудааст, ки маънои поки, покдомани ва сидку вафоро дорад. Вакте ки дар замони мо эрониён Порс мегуянд, як кисми Эрон – Шероз, Исфахон, Кирмон ва Яздро мепиндоранд. Чунон ки шайх Саъди мегуяд:

Зани хуби фармонбари Порсо,

Кунад марди дарвешро подшо.

“Дар Осиёи Миёна, берун аз вохахо, мегуяд Херодот, кучманчихое умр ба сар мебурданд, ки онхоро Форс меномиданд. Онхо сакои буданд” Ва хамон калимаи Порс ба шакли Форс ба забони умумихалки дохил шуд. Бо таъсири юнониён кулли аврупоиён то ибтидои асри 20 агар Форс гуянд, тамоми Эрон, Хуросон, Мовароуннахр ва Помирро мепиндоштанд. ,,Олимони мо” баръакс, агар Форс гуянд, махз Эрони имрузаро мефахманд. Хол он ки хам мафхуми Порс (Порсо) ва хам худи Форс дар натичаи мухочирати Ориён аз Ватани бобоии точикон ба Эрони бостон бахри таргиби тамаддуни Ориён ва Нахзати Ориён ба он чо рафта, дертар сокини ин сарзамин гардидаанд. Кисми дигар кабилахои Порсоихо дар Осиёи Миёна монда, билохира бо дигар кабилаву халкхо махлут шуда рафтаанд. Дуруст гуфтааст шоири точик Хофизи Шерози:

Шакаршикан шаванд хама тутиёни Хинд,

З-ин канди Порси, ки ба Бангола меравад.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …