Главная / Илм / ЁРИИ ТИББИИ ТАЪЧИЛи

ЁРИИ ТИББИИ ТАЪЧИЛи

skoraya-pomoshЁРИИ ТИББИИ ТАЪЧИЛи, як навъ умури хифзи тандурустист. Ё хангоми рух додани фалокат (захмдори, шикастани устухон, сухтан, захролуди, барк задан ва г.), инчунин дар холатхои барои хаёт хавфовар (аз хуш рафтан, дарди дил ва г.) хох рузу хох шаб расонда мешавад. Ё.-ро дар чои ходиса (куча, хавли, чои кор), агар лозим ояд, дар аснои ба беморхона бурдани бемор ва дар худи беморхона низ мерасонанд.Гайр аз ин кормандони Ё. мувофики талаботи духтур занони зоям ва нозоямро ба муассисахои табобатии дахлдор бурда месупорад. Ё. ба туфайли вучуд доштани маркази хизмати диспетчери ва индекси ягонаи телефон («03») дастраси омма гаштааст.
Кормандони Ё. кумаки фаври мерасонанд, вале табобати мунтазами беморонро бар ухда надоранд. Аз ин ру онхо ба беморон варакаи корношоями, хулосахои тиббии суди, справкахои хатти намедиханд. Ёрии тиббии фавриро бояд хамаи муассисахои табобатию профилактики (сарфи назар аз тобеияти онхо) расонанд. Дар дехот духтурон ва кормандони дорои маълумоти миёнаи тибби вазифадоранд, ки дар хар вакту соати шаборуз Ё. расонанд. Ё. дар нохияхои дурдаст бо кувваю васоити авиатсияи санитари расонда мешавад. Мошинхои Ё. бо радио, алокаи дутарафаи телефони, бо дастгоххои нафаскаши ва наркоз (бехушкуни), олати нафасгири, электрокардиограф ва г. чихозонида шудаанд. Дар шахру нохия ва дехахои калон бригадахои махсуси Ё. – реаниматсияви, кардиологи, неврологи, токсикологи, педиатри ташкил мешаванд. Барои бе хавфу хатар ва саривакт ба беморхона бурдани беморони вазнин тамоми имкониятхо фарохам оварда шудааст. Муносибати чидди ба хизмати Ё., мубориза бар зидди даъватхои ночою номатлуб, ёри расондан ба бригадаи духтурон дар манзил, истехсолот ва куча барои начот додани хаёти беморон ва осебдидагон сахми босазо аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …