Главная / Илм / ЁРИИ ТИББИИ ТАЪҶИЛӣ

ЁРИИ ТИББИИ ТАЪҶИЛӣ

skoraya-pomoshЁРИИ ТИББИИ ТАЪҶИЛӣ, як навъ умури ҳифзи тандурустист. Ё ҳангоми рух додани фалокат (захмдорӣ, шикастани устухон, сӯхтан, заҳролудӣ, барқ задан ва ғ.), инчунин дар ҳолатҳои барои ҳаёт хавфовар (аз ҳуш рафтан, дарди дил ва ғ.) хоҳ рӯзу хоҳ шаб расонда мешавад. Ё.-ро дар ҷои ҳодиса (кӯча, ҳавлӣ, ҷои кор), агар лозим ояд, дар аснои ба беморхона бурдани бемор ва дар худи беморхона низ мерасонанд.Ғайр аз ин кормандони Ё. мувофиқи талаботи духтур занони зоям ва нозоямро ба муассисаҳои табобатии дахлдор бурда месупорад. Ё. ба туфайли вуҷуд доштани маркази хизмати диспетчерӣ ва индекси ягонаи телефон («03») дастраси омма гаштааст.
Кормандони Ё. кӯмаки фаврӣ мерасонанд, вале табобати мунтазами беморонро бар ӯҳда надоранд. Аз ин рӯ онҳо ба беморон варақаи корношоямӣ, хулосаҳои тиббии судӣ, справкаҳои хаттӣ намедиҳанд. Ёрии тиббии фавриро бояд ҳамаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ (сарфи назар аз тобеияти онҳо) расонанд. Дар деҳот духтурон ва кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ вазифадоранд, ки дар ҳар вақту соати шаборӯз Ё. расонанд. Ё. дар ноҳияҳои дурдаст бо қувваю васоити авиатсияи санитарӣ расонда мешавад. Мошинҳои Ё. бо радио, алоқаи дутарафаи телефонӣ, бо дастгоҳҳои нафаскашӣ ва наркоз (беҳушкунӣ), олати нафасгирӣ, электрокардиограф ва ғ. ҷиҳозонида шудаанд. Дар шаҳру ноҳия ва деҳаҳои калон бригадаҳои махсуси Ё. – реаниматсиявӣ, кардиологӣ, неврологӣ, токсикологӣ, педиатрӣ ташкил мешаванд. Барои бе хавфу хатар ва саривақт ба беморхона бурдани беморони вазнин тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Муносибати ҷиддӣ ба хизмати Ё., мубориза бар зидди даъватҳои ноҷою номатлуб, ёрӣ расондан ба бригадаи духтурон дар манзил, истеҳсолот ва кӯча барои наҷот додани ҳаёти беморон ва осебдидагон саҳми босазо аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …