Главная / Маданият ва санъат / ДОСТОНИ «КОВА ВА ЗАХХОК»

ДОСТОНИ «КОВА ВА ЗАХХОК»

kova-zahokЯке мард буд андар он рузгор
Зи дашти саворони найзагузор,
Гаронмоя(24)  хам шоху хам некмард,
Зи тарси чахондор бо боди сард,
Ки Мардос номи гаронмоя буд,
Ба доду (25) дехиш бартарин поя буд…
Писар буд мар-он покдинро яке,
К-аш аз мехр бахра набуд андаке.
Чахончуйро ном Заххок буд,
Далеру сабуксору нопок буд…
Чунон буд, к-иблис рузе пагох
Биёмад ба сони яке некхох.
Дили мехтар26 аз рохи неки бибурд,
Чавон гуш рафтори уро супурд.
Хамоно хуш омад-ш гуфтори уй,
Набуд огах аз зишт27 кирдори уй…
Чу иблис донист, к-у дил бидод,
Бар афсонааш гашт нахмор28 шод.
Фаровон сухан гуфт зебову нагз,
Чавонро зи дониш тихи29 буд магз.
Хамегуфт: «Дорам суханхо басе,
Ки онро чуз аз ман надонад касе».
Чавон гуфт: «Баргуву чандин мапой,
Биёмуз моро ту, ай некрой».
Бад-у гуфт: «Паймон-т хохам нахуст,
Пас он гах сухан баркушоям дуруст».
Чавон некдил буд, паймон-ш кард,
Чунон к-у бифармуд, савганд хвард,
Ки: «Рози ту бо кас нагуям зи бун30,
Зи ту бишнавам хар чи гуи сухун».
Бад-у гуфт: «Чуз ту касе дар сарой31
Чаро бояд, ай номвар, кадхудой?..32
Бигир ин сари моя33 даргохи уй,
Туро зебад андар чахон чохи уй.
Бар ин гуфтаи ман чу дори вафо,
Чахонро ту боши яке подшо».
Чу Заххок бишнид, андеша кард,
Зи хуни падар шуд дилаш пур зи дард.
Ба иблис гуфт: «Ин сазовор нест,
Дигар гуй, к-ин аз дари кор нест»34…
Бад-у гуфт: «Ман чора созам туро,
Ба хуршед сар бар фарозам туро.
Ту дар кор хомуш мебошу бас,
Набояд маро ёри аз хеч кас».
Мар он подшоро дар андар сарой
Яке бустон буд бас дилкушой.
Гаронмоя шабгир бархости,
Зи бахри парастиш35 биёрости.
Бар он рои вожуна36 деви нажанд37,
Яке жарф чохе38 ба рах-бар биканд.
Пас иблиси вожуна ин жарф чох,
Ба хошок пушиду биспард рох.
Шаб омад, суи бог бинход руй,
Сари тозиён39 мехтари номчуй.
Чу омад ба наздики он жарф чох,
Якояк нагун шуд сари бахти шох…
Фурумоя40 Заххоки бедодгар,
Бад-ин чора бигрифт чохи падар.
Чу иблис пайваста диди сухун41,
Яке банди дигар нав афканд бун…
Чавоне баророст аз хештан,
Сухангуву бинодилу поктан…
Бад-у гуфт: «Гар шохро дархварам42,
Яке номвар пок холигарам43.
Чу бишнид Заххок, бинвохташ,
Зи бахри хуриш чойгах сохташ.
Калиди хуришхонаи подшо,
Бад-у дод дастури фармонраво.
Зи хар гуна аз мургу аз чорпой
Хуриш карда овард як-як ба чой…
Бихурду бар у офарин кард сахт,
Маза ёфт з-он хурданаш некбахт…
Ба рузи чахорум чу бинход хон44,
Хуриш сохт аз пушти гови чавон…
Чу Заххок даст андароварду хвард45,
Шигифт46 омадаш з-он хушивор47 мард.
Бад-у гуфт: «Бингар, ки то орзуй,
Чи хохи, бихох, аз ман, ай некхуй48!
Хуришгар бад-у гуфт, к — «Ай подшо,
Хамеша бизи шоду фармонраво!
Маро дил саросар пур аз мехри туст,
Хама тушаи чонам аз чехри туст.
Яке хочат астам зи наздики шох
В-агарчи маро нест ин пойгох49,
Ки фармон дихад шох, то китфи уй,
Бибусам, бимолам бар у чашму руй».
Чу Заххок бишнид гуфтори уй,
Нихони надонист бозори уй.
Бад-у гуфт: — «Додам ман ин коми ту50,
Баланди бигирад магар номи ту».
Бифармуд то дев чун чуфти у
Хаме бусае дод бар китфи у.
Чу бусиду шуд дар замин нопадид,
Кас андар чахон ин шигифти надид.
Ду мори сиёх, аз ду китфаш бируст,
Гами гашту аз хар суе чора чуст.
Саранчом бубрид харду зи китф,
Сазад гар бимони аз ин дар шигифт.
Чу шохи дарахт он ду мори сиёх,
Баромад дигарбора аз китфи шох.
Пизишкони фарзона гирд омаданд,
Хама як ба як достонхо заданд.
Зи хар гуна найрангхо сохтанд,
Мар-он дардро чора нашнохтанд.
Ба сони пизишке пас иблис тафт51,
Ба фарзонаги назди Заххок рафт.
Бад-у гуфт, к- «Ин будани кор буд,
Бимон, то чи монад, набояд дуруд52.
Хуриш созу оромияш дех, ба хвард,
Нашояд чуз ин чорае низ кард.
Ба чуз магзи мардум мадехшон хуриш,
Магар худ бимиранд аз ин парвариш».
Нигар наррадев андар ин чустучу,
Чи чусту чи дид андар ин гуфтугу.
Магар то яке чора созад нихон,
Ки пардухта53 монад зи мардум чахон…
Чу Заххок бар тахт шуд шахриёр,
Бар у солиён анчуман шуд хазор54.
Хунар хор шуд, чодуи арчманд55,
Нихон рости, ошкоро газанд56.
Шуда бар бади дасти девон дароз,
Зи неки набуди сухан чуз ба роз…
Надонист худ чуз бад омухтан,
Чуз аз куштану горату сухтан.
Чунон буд, ки хар шаб ду марди чавон
Чи кехтар57, чи аз тухмаи58 пахлавон,
Хуришгар бибурди аз айвони шох
В-аз у сохти рохи дармони шох.
Бикуштиву магзаш бурун охти59,
Мар-он аждахоро хуриш сохти.
Чунон буд, ки як руз бар тахти оч60.
Нихода ба сар-бар зи пируза61 точ.
Зи хар кишваре мехтаронро бихост,
Ки дар подшохи кунад пушт рост62.
Аз ____________он пас чунин гуфт бо мубадон63
Ки: «Ай пурхунар номвар бихрадон64!
Яке махзар65 акнун бибояд набишт,
Ки чуз тухми неки сипахбад66 накишт».
Зи бими сипахбад хама ростон
Бад-он кор гаштанд хамдостон»67.
Дар он манзари аждахо ногузир
Гувохи навиштанд барнову пир…
Ситамдидаро пеши у хонданд,
Бари номдорон-ш бишнонданд.
Бад-у гуфт мехтар ба руи дижам68,
Ки: «Баргуй, то аз ки диди ситам?»
Хурушиду зад даст бар сар зи шох,
Ки «Шохо, манам Коваи додхох!
Бидех доди ман, омадастам давон,
Хаменолам аз ту ба ранчи равон.
Зи ту бар ман омад ситам бештар,
Зани хар замон бар дилам нештар.
Ситам гар надори ту бар ман раво,
Ба фарзанди ман даст бурдан чаро?
Маро буд хаждах писар дар чахон,
Аз эшон яке мондааст ин замон.
Бубахшову бар ман яке дарнигар,
Ки сузон шавад хар замонам чигар.
Шахо, ман чи кардам, яке бозгуй
В-агар бегунохам, бахона мачуй.
Ба холи ман, ай точвар, дарнигар,
Маяфзой бар хештан дарди сар…
Чавони намондасту фарзанд нест,
Ба гети чу фарзанд пайванд нест…
Яке безиён марди охангарам,
Зи шох оташ ояд хаме бар сарам».
Сипахбад ба гуфтори у бингарид,
Шигифт омадаш, к-он суханхо шунид.
Бад-у боз доданд фарзанди уй,
Ба хуби бичустанд пайванди уй.
Бифармуд пас Коваро подшох,
Ки бошад бад-он махзар уро гувох.
Чу бархонд Кова хама махзараш,
Сабук суи пирони он кишвараш.
Хурушид, ки «ай поймардони69 дев,
Бурида дил аз тарси кайхонхидев70,
Набошад бад-ин махзар андар гувох,
На харгиз барандешам аз подшох».
Хурушиду барчаст, ларзон зи чой,
Бидарриду бистурд71 махзар ба пой.
Гаронмоя фарзанди у пеши уй,
Аз айвон бурун шуд хурушон ба куй…
Чу Кова бурун омад аз пеши шох,
Бар у анчуман гашт бозоргох.
Хаме бархурушиду фарёд хонд.
Чахонро саросар суи дод хонд.
Аз он чарм, к-охангарон пушти пой,
Бипушанд хангоми захми дарой72,
Хамон Кова он бар сари найза кард,
Хамон гах зи бозор бархост гард…
Хамерафт пеш андар он марди гурд73,
Сипохе бар у анчуман шуд, на хурд..
Ба хар бому дар мардуми шахр буд,
Касе, к-аш зи чанговари бахр74 буд…
Зи деворхо хишту аз бом санг,
Ба куй андарун тегу тири хаданг.
Биборид чун жола з-абри сиёх…
Касеро набуд бар замин чойгох.
Сипохиву шахри ба кирдори кух,
Саросар ба чанг андарун хам гурух.
Аз он шахри равшан яке тира гард,
Баромад, ки хуршед шуд лочвард75.
Бибурданд Заххокро баста хор,
Ба пушти хаюне барафканда зор…
Биёвард Заххокро чун наванд,
Ба кухи Дамованд кардаш ба банд.
Фуру баст дасташ бад-он кух боз,
Бад-он то бимонад ба сахти дароз.
Бимонд у бар ин гуна овехта
В-аз у хуни дил бар замин рехта.
Биё, то чахонро ба бад наспарем,
Ба кушиш хама дасти неки барем.
Набошад хаме неку бад пойдор,
Хамон бех, ки неки бувад ёдгор.

24-Гаронмоя — гаронбахо, киматбахо, азиз, дар ин чо ба маънии обруманд, 25-Дод — адолат, 26-Мехтар — одами бузург, олимаком, 27-Зишт — бад, кабех, 28-Нах-мор — бисёр, беандоза, 29Тихи — холи, 30-Бун — таг, бех, асос, 31Сарой — каср, даргох, 32Кадхудой — хукмфармо, сохиб, 33Сари моя — молумулк, сарват, сармоя. 34Дари кор нест — яъне кори номувофик аст, 35Парастиш — ибодат, намоз, 36-Рои вожуна — максади нораво, 37Нажанд — хунхор, дахшатнок, 38Жарф чохе – чохи чукур, 39Този — араб, сари тозиён-сардори арабхо, 40Фурумоя — бадасл, паст- фитрат, разил, дун, сифла, 41Сухун — сухан, 42Дархварам — лоикам, сазово- ром, муносибам. 43Холигар — ошпазам, 44Хон — дастархон, 45Хвард — хурд, 46Шигифт — тааччуб, хайрат, 47Хушивор — хирадманд, окил, 48Некхуй — хушфеъл, хушхулк, 49Пой-гох — кадр, мартаба, 50Додам ман ин коми ту — ба ин максад мерасонам.

51Тафт — шитоб кард, 52Набояд дуруд — (морро) буридан лозим нест, 53Пардух-та — холи, тихи, 54Мазмуни мисраъ — подшохии у хазор сол давом кард, 55Арч-манд — сохиби эътибор, 56Газанд — зиён, зарар. 57Кехтар — хурд, 58Тухма — асл, нажод, 59Охтан — берун кардан, 60Тахти оч -тахте, ки аз устухони фил сохта шудааст, 61Пируза (фируза) — навъе аз санг-хои кимматбахои кабудранг ё осмониранг, ки барои зебу зинат ба кор меба-

ранд, 62Пушт рост кардан — устувор шудан, пойдор шудан, 63Мубад — олим вадонишманди дини зардушти, 64Бихрад — донишманд, 65Махзар — хуччат, шахо-датнома, 66Сипахбад — подшох, 67Хамдостон — хамфикр, 68Дижам — хашмгин, газаболуд. 69Поймардон — мададгорон, ёварон, 70Кайхонхидев — подшохи чахон, 71Бис-турд — пок кард, тарошид.  72-Захми дарой — болгазани, 73Гурд — пахлавон, 74Бахр — бахра, 75Лочвард — ка-буд ва тираранг.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Заххок чи тавр ба доми Ахриман афтод?
  2. Заххок ба сари раият чи ситамхо овард?
  3. Кова ки буд ва чаро шуриш бардошт?
  4. Муколамаи Кова ва Заххокро батафсил баён намоед.
  5. Аз окибати чафокорихои Заххок ба кадом хулоса омадан мумкин аст?
  6. Чабру ситами Заххок чи тавр анчом ёфт?
  7. Ба фикри шумо, хак ва адл ба чониби ки сурат гирифт?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …