Главная / Илм / ДИСБАКТЕРИОЗ

ДИСБАКТЕРИОЗ

disbakteriozДИСБАКТЕРИОЗ (Dysbacteriosis), тагйир ёфтани таркиб ва таносуби микдории микрофлораи зарурии узвхои тихи (холи), ки ба мухит (мас., рохи болои нафас, руда) ва пусти одам тамос доранд.
Фаъолияти физиологии организм ва неруи мухофизии он ба хаёти микрофлорахо сахт марбут аст. Микрофлораи зарурие, ки дар руда, рохи болои нафас ва пусти одам зиндаги мекунанд, одатан, ин узвхоро аз таъсири микроорганизмхои бемориовар хифз менамоянд. Конунияти мазкур хусусан дар микрофлораи руда хуб омухта шудааст.
Д. сабабхои гуногун дорад, мас., тагйир ёфтани мухит, тарзи гизогири, истеъмоли машруботи спирти, беморихо ва г. Яке аз сабабхои асосии Д. худсарона ва беназорат истеъмол кардани дорухои зиддибактерияви мебошад. Дар ин маврид микрофлораи зарурии организм зери таъсири дору махв гашта, микрофлораи нисбати дорухо пурбардошт зиёд мешавад. Дар хама гуна маврид ба инкишофи Д. ихтилоли масуният (иммунитет)-и организм мусоидат мекунад.
Хангоми Д. мумкин аст баъзе намудхои микрофлораи зарури (мас., бифидобактерияхо, каламчамикроби руда ва туршонандаи шир ва г.) нест гашта, ба чои онхо микроорганизмхое пайдо шаванд, ки каблан вучуд надоштанд ё хеле кам буданд (мас., занбуругхои чинси кандида, стафилококкхо, протеяхо ва г.). Дар ин маврид организм заиф шуда, илтихоби узвхо ва хатто уфунат (сенсис) ба вучуд меояд. Бисёр вакт беморихое, ки бар асари Д. рух менамоянд, табобати махсусро такозо мекунанд.
Муоличаи Д. бояд ба таври комплекси сурат гирад. Дорухои биологии бактерияви, ки таркибашон аз бифидобактерияхо иборат аст, бактерияхои бемориоварро махв сохта, масунияти организмро меафзоянд. Дар ин бобат истифодаи дорухои таквиятбахш низ нафъ дорад. Хангоми Д.-и руда дорухои ферменти (панзинорм, фестал ва г.) таъин мекунанд. Истифодаи антибиотикхо хамон вакт чоиз аст, ки агар дар микрофлораи мариз ангезандаи ягон бемории сирояти ошкор шуда бошад.
Барои пешгирии Д. рох надодан ба истифодаи худсарона ва беназорати дорухои зиддибактерияви мухим аст. Баъди муолича ба дорухои зиддибактерияви дорухои бактериявиро кор намефармоянд. Истеъмоли хуроки сергизо низ барои чилавгирии Д. ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …