Главная / Илм / ДЕМОГРАФИЯ

ДЕМОГРАФИЯ

demografiyaДЕМОГРАФИЯ (аз юн. démos – халк ва …графия), илмест, ки бахисобгирии ахоли ва конунхои тараккиёти онро меомузад. Истилохи «Д.»-ро бори аввал олими франсави А. Гийар с. 1855 дар асари тадкикотиаш «Унсурхои статистикаи ахоли ё демографияи мукоисави» истифода кардааст. Д. конунияти ходисот ва протсессхоеро, ки дар структура ва афзоиши ахоли ба амал меояд, аз руи омилхои ичтимои, иктисоди, инчунин биологи ва географи мушохида менамояд. Д. бо илмхои мухталифи чамъияти, аз чумла бо сотсиология алокаманд аст. Д. проблемаи тавлиду фанои ахолиро низ меомузад, ки он натичаи конуниятхои табии аст. Дар дохили мамлакат шумораи ахолии шахру нохияхо ба вачхи мигратсияи ахоли зиёд ё кам мешаванд. Пешгуихои демографи вазифаи мухимтарини Д. буда, шумора, таркиб, харакат ва тараккиёти 20 – 30-солаи пешаки муайян мекунад. Д. конуниятхои афзоиш ва тараккиёти ахолии хар як сохти ичтимоию иктисодиро алохида меомузад. Зеро конуни афзоиши ахоли, ба чараёни демографи низ бевосита таъсир мерасонад.
Маълумот дар бораи ахоли барои мукаррар кардани талабот нисбати кумаки гуногуни тибби низ кор фармуда мешаванд. Вазифаи асосии Д.-и тибби омузиши таваллуд, фавт (аз чумла фавти атфол), афзоиши табиии ахоли, давомоти миёнаи умр мебошад. Афзоиши табиии ахоли, ки аз руи тафовути байни таваллуд ва фавт мукаррар карда мешавад, нишондодест бахри ошкор намудани микдори ахоли. Афзоиши табии манфи ва мусбат мешавад. Маълумоти Д. бахри арзёбии вазъи саломатии ахоли ва кори босамари муассисахои тандурусти ахамияти калон доранд. Хусусан нишондодхо оид ба фавти умуми ва фавти кудакони то 1-сола мухим мебошанд.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …