Главная / Илм / ДАРИДАНИ УЗВХОИ ТАНОСУЛ

ДАРИДАНИ УЗВХОИ ТАНОСУЛ

porezДАРИДАНИ УЗВХОИ ТАНОСУЛ, як гурух осебхое, ки бинобар сабабхои гуногун рух намуда, фаъолияти аъзои чинсиро халалдор месозанд.
Даридагии узвхои таносули беруни дар мавзеи лабхои хурд ва калони фарч, луобпардаи сурохи беруни пешобдон ва клитор ба мушохида мерасад. Онро зери бехиссозии чузъи медузанд.
Даридагии чатан аз 3 дарача иборат аст. Дар мавриди даридагии дарачаи I кафшераки кафо (китъаи хурди пусти чатан ва девораи махбал) халал меёбад. Хангоми даридагии дарачаи II пусти чатан, девораи махбал ва мушакхои чатан осеб мебинанд. Дар аснои даридагии дарачаи III сфинктери рудаи рост ва баъзан девораи он низ захмнок мешавад.
Чои даридаро зери бехиссози аз руи тартиби муайян мутобик ба хусусиятхои анатомии каъри кос ва бофтахои чатан медузанд. Даридагии дарачаи III-ро бояд духтури ботачриба кук занад.
Даридагии гарданаи бачадон бо нишонахои хуншори аз аъзои таносул падид меояд. Баъди таваллуди кудак ва афтодани хамрохак ба вукуъ мепайвандад. Онро хангоми бо оина муоина кардани гарданаи бачадон ташхис менамоянд. Канорхои чои даридаро ба хам чафс карда, кук задан лозим аст, вагарна карахш пайдо шуда, гарданаи бачадон захм меёбад.
Даридагии танаи бачадон метавонад худ аз худ ё мачбуран ба вукуъ пайвандад. Даридагии мачбури хангоми нодуруст кумак расондан дар мавриди таваллуд, осеб ва г. рух менамояд. Даридагии танаи бачадон пурра ва нопурра мешавад. Хангоми даридагии пурра хамаи кабатхои бачадон зарар мебинанд. Агар факат луобпарда ва пардаи мушак бидуни сифок зиён дида бошад, пас сухан аз боби даридагии нопурра меравад. Сабаби даридаги тагйироти патологи дар девораи бачадон (хадшаи баъди чаррохи, зоимон, искот, инфантилизм) ва номувофикатии сари кудак бо коси модар (коси танг, калон будани тифл, кундаланг чой гирифтани кудак ва г.) мебошанд.
Одатан, пеш аз даридани бачадон холати хавф ба амал меояд. Дар мавриди он бинобар мувофикат накардани андозаи кудак ва коси модар фишори шадид пайдо шуда, сегманти поёнии бачадон таранг мегардад; бачадон аз будаш дароз шуда, халкаи кашишхури баланд ва кач (дар баробари ноф) меистад, бандакхои мудаввари бачадон таранг ва дарднок мебошанд. Кудак дар сегменти поёнии тарангшудаи бачадон чой мегирад. Зан бекарор аст, дод мезанад, кушиши зур задан мекунад. Ташхиси хавфи даридани бачадон хангоми осеб доштани девораи он душвор аст, зеро аломатхои ночури возех ба мушохида намерасанд.
Агар дар аснои хавфи даридани бачадон ёрии таъчили расонда нашавад, пас он медарад. Дарди сахти шикам («дарди захми ханчар»), катъ шудани дарди таваллуд, ба вучуд омадани аломатхои шок (паридани ранги ру, паст шудани фишори шараён, набзи ришташакл) нишонахои он мебошанд.
Дар мавриди ба миён омадани хатари даридани бачадон занро зуд чаррохи мекунанд (ниг. Чоки кайсар). Бо максади пешгирии Д. занхои хомиларо хангоми иллат доштани кос, калон ва нодуруст чойгир будани кудак камаш 2 хафта пештар дар таваллудхона мехобонанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …