Главная / Илм / Чинор

Чинор

screenshot-2017-11-13-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bdЧинор (чанор) — ин дарахти машхур аст, самараш кулулаи хорнок, баргаш пахн. Мизочаш сард ва тар аст, мизочи самар ва пусти он бисер сард ва хушк мебошад.

Хислатхои шифобахпш он: баргашро пухта, нав ба нав гузошта банданд, варами чашмро тахлил медихад ва ба чашм рехта шудани моддахои тармизоч ва обравии чашмро манъ месозад; варамхои сарди мулоим, варами зону ва варамхои хар як узвро, ки бошад, тахлил медихад, инчунин варамхои гармро низ дафъ мекунад. Барги тарашро начушонида куфта гузошта банданд, дарди зону ва варамхои гарммизочро дафъ менамояд.

Пусти танаши чанорро дар сирко чушонида, он сиркоро дар дахан бигардонанд, дарди дандонро таскин медихад.Барги хушкашро куфта бипошанд, реш, захм ва чарохатхоро хушк мекунад, ба сухтагии оташ даво мешавад.

bargi_chanor-300x204
Сурати самар ва барги Чанор

Пусташро сухта гузошта банданд, бисёр поккунанда ва хушккунанда аст, барои пес, дур кардани рутубати бадбуйи захмхо доруи хубест; агар инро бо об хамир карда гузошта банданд, иллати пустхезак (пустпартои)-ро шифо мебахшад.

Самари чинорро дар об чушонида, он обро бо шароб якчо карда бинушанд, захри чонварони газидаро аз бадан дафъ мекунад.Барг ва самарашро куфта, бо равган хамира сохта гузошта банданд, сухтагии оташро шифо мебахшад.

Инчунин барг ва самари онро дар хона дуд кунанд, гамбуски саргинро аз он чо мегурезонад, инчунин онро дар об чушонида, он обро муттасил бипошанд, низ хамин асарро дорад.

Губоре, ки бар руйи барги он менишинад, ба касабаи шуш, овоз, гуш ва чашм хеле зарарнок аст, агар ба онхо бирасад. Дар ин холат шири тозадушидаро бихуранд ва бичаконанд, ислохи зарар мекунад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

УСУЛХОИ ТАХКИКИ ИЛМИ ГЕОГРАФИЯ

Усулхои тахкики илми география – Ахамияти тахкикоти географи Хангоми омузиши ходисахои табии, хар як илм …