Главная / Гуногун / Чи кадар пулро ба амонат гузошт?

Чи кадар пулро ба амонат гузошт?

Дар матни мазкур ба саволи чи кадар маблагро ба амонат гузошт маълумот дода мешавад. Хамин тавр бояд гуфт, ки аксари мардум мехоханд, ки харчи зиёдтар маблагашонро ба амонат гузоранду харчи зиёдтар аз бонк фоидаи фоизи гиранд. Лек бештари онхо фикр намекунанд, ки зиёд кардани амонати бонки ба зиёд кардани хавфу хатар оварда мерасонад.

Савол: Чи гуна хатар зиёд мешавад?

Чавоб: Вакте, ки хаммаи пулро ба бонк гузошта мешавад, пас хавф як намуд мешавад ки онро хавфи бонки меноманд. Ба назар гирифт, ки бонк ташкилоти молиявиест, ки у низ ба хатар дучор мешавад, ки бар асоси тагйир ёфтани шароит дар бозор сар мезанад. Масалан агар бахор хушк ояд пас сохаи кишварзи зиён мебинад ва дар навбати худ бонке, ки ба кишварзон карзи зиёд додаст, маблагхои худро баргардонида наметавонад ва якбора хаммаи кишоварзон амволи гарави худро ба бонк медиханд ва бонк дар навбати худ амволи зиёдро ба фуруш мебаррорад ки дар нихоят нархи амволхо дар бозор мефарояд ё фуруши онхо дурру дароз мекашад, ки ин дар навбати худ ба муфлисшавии бонк оварда мерасонад.

vklad-bankБа ин хотир ва ба хотири камхавф кардани амонатхои худ тавсия карда мешавад, ки амонати худро вакте, ки дар бонк мегузоред якчанд роххоро истифода баред.

  1. Амонатро дар хамон хачм гузошта шавад, ки муддати наздиктарин ба он эхтиёч надошта бошед. Масалан шумо медонед, ки як соли наздик ин хачми пул ба шумо лозим намешавад. Хуб мешад, ки амонати мегузоштаатон агар аз маблаги 2-моха барзиёд харчшаванда дар рузгори шумо бошад, пас дар бонк гузоред. Масалан дар як мох шумо 1000 сомони харочоти оилави доред ва агар шумо сохиби 5000 сомони бошед пас метавон гуфт, ки маблаги 3000 сомониро ба амонат гузореду боки 2000-ро дар киссатон монед;
  2. Харакат кунед, ки амонати мегузоштаатонро дар 2 ё 3 бонки бехтарин кисм-кисм карда гузоред. Масалан 1000 сомони дар 3-бонк;
  3. Кушиш ба харч дихед, ки дар хар як бонки амонатро мегузоштаатон боз ба кисмхо ва бо мухлатхои гуногун таксим карда шартнома бандед. Масалан амонати 1-сола ба маблаги 300 сомони, амонати 2 — сола ба маблаги 700 сомони.
  4. Амонатро боз харакат кунед, ки дар асъорхои курбаш мустахакамтар гузоред, ки чумлаи онхо ин пеш аз хама доллари ИМА, Евро, пули чопони ё хитои ва гайрахо;

Дар холати риоя кардани ин коидахо талаф додани амонати худ хело кам мешавад ва ин роххо барои ба пурраги аз даст додани амонатхои шумо ёрдам медиханд.

Зарбулмасали руссиро фаромуш накунед «Не клади все яйца в одну корзину»!

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …