Главная / Чугрофия / ЧАРАЁН ДАР УКЁНУС ВА БАХРХО

ЧАРАЁН ДАР УКЁНУС ВА БАХРХО

 Чараёни оби укёнусхо. Дар укёнус ва бахрхо харакат кардани обро одамон хатто дар замонхои кадим мушохида карда буданд. Харакат хоси на танхо оби сатх, инчунин хоси оби кабатхои каъри укёнус ва бахрхо низ мебошад.
Сабабхои харакати об гуногун аст. Сабаби аз хама асосии он бод. тафовути харорат, шурии оби укёнус ва бахрхо мебошад. Дар натичаи ин тафовут дар укёнусу бахрхо селобхои бузург хосил мешаванд ва ба таври уфуки бо самти муайян доими харакат мекунанд, ки онхоро чараёнхои укёнуси мегуянд. Чараён ин дарёест дар укёнус. Аммо онхо ба дарё пурра монанд нестанд. Самти харакати чараёнхо гуногун аст. Онро ба воситаи шишахои ба об партофта муайян мекунанд.

Ба ин максад ба даруни шиша хатчае меандозанд, ки дар он координати махали шишаро махкам карда Партофтан навишта шудааст. Маллохоне, кн чунин шишахоро аз об мегиранд, дархол мефахманд, ки шишаро чараёни бахри аз кучо ба ин чо овардааст. Олимоки Канада-барои тадкик кардани чараёни Укёнуси Атлантика ба об кариб 40 хазор шиша партофтаанд.

Олимон чараёнхои укёнусиро омухта, ба хулоса омаданд, ки самти харакати чараёнхо ба самти бодхои мунтазам вазандй мутобикат менамояд. Бодхои доимй ба об фишор оварда, онро мачбур мснамоянд, ки ба самти муайян харакат кунад. Якс аз ин чараёнхо дар сохили шаркии Африка дар ду тарафи хати истиво хосил шуда, тавассути бодхои доимие, ки аз Африка ба суи Амсрика мевазанд (пассати Шимолй), ба тарафи гарб чори мешавад. Он кад-кади хати истиво харакат карда, ба сохили Америкаи Чанубй бархурда, ба ду шоха чудо мешавад.

Як шохаи он аз он чо ба шарк бармегардад, кисми дигари он ба Халичи Мексика дохил шуда, аз он чо ба сохилхои шаркии Амермкаи Шимоли ва баъд аз он ба сохилхои Европа харакат менамояд. Ин чараёнро Голфистрим меноманд. Оби он гарм аст (20°С). Дарозии ин чараёни гарм 3000 километр буда, бо суръати 10 километр дар як соат хараказт мекунад. Васегии анбухи оби ин чараён аз 75 то 120 километр тагйир меёбад Гайр аз чараёихои гарм дар Укёнуси Олам инчунин чараёнхои хунук ба монанди чараёни Лабрадор, Канар, Перу ва гайра ба самтхои гун-огун харакат мекунанд.

 Пахншавни наботот ва хайвонот дар укёнус. Дар укёнус ба монанди сатхи хушки наботот ва хайвоноти гуногун пахн, гардидаанд. Мувофики акидаи бисёр олимон хаёт хам аз ибтидо дар укёнус пайдо шуда, намудхои аввалиии растани ва хайвонот аз он чо ба хушки баромадаанд. Холо дар оби укёнус аз организмхои соддатарин то ширхурон хаёт ба cap мебарад. Растанихо (обсабзхо) ба равшани эхтиёчи зиёд доранд, бинобар ин дар чукурихои 100 150 метр васеъ пахн гардидаанд. Дар ин чо обсабзхо ва карами бахрй то дах метр дароз мсшаваид. Хайвонот ба равшани кам эхтиёч доранд, бинобар ин дар хама кабатхои оби укёнус хаёт мегузаронанд.

Онхо мувофики шароити хаётгузарони аз сатхи оби укёнус каъри он нобаробар таксим шудаанд. Аз сатхй оби укёнус то чукурии якчанд метр организмхон гумрох, (планктонхо) пахн гардидаанд. Онхо наботот ва хайвоноти хурдтарин мебошанд. Худашон фаъолона харакат карда наметавоманд, мавч ва чараёни об онхоро аз чое ба чое мебарад. Ин мавчудотро дигар организмхо хамчун манбаи дигар истифода мебаранд, аз чумла нахангхо. Организмхои фаъол ба монанди наханг, морж, мохи ва гайра дар кабати гафси об хаёт мегузаронанд. Дар каъри укёнус наботот дида намешавад, факат баьзе намуди хайвонот вомехуранд, ки ба чукурии зиёди об мутобик шудаанд. Холо дар укёнус беш аз 10 хазор намуди наботот ва 160 намуди хайвонот зиндаги мекунанд. Ба онхо баъзе намуди мохихо, харчангхо, кирмхо, нармбаданхо ва гайра мансубанд.

Мухофизати сарватхои укёнус. Укёнуси Олам нихоят азим аст. Бинобар ин одамон тасаввур мекарданд, ки сарватхои он адонашавандаанд. Аммо ин тасаввурот нодуруст аст. Зиёд шудани талаботи инсон ба хурокворй ва саноат ба ашёи хом (равган, пуст, муина ва гайра) ба он оварда расонд, ки давлатхои сохили бахр барои шикори хайвонот ва чамъ кардани наботот флоти махсус ташкил карданд.
Онхо дар кисмхои алохидаи укёнус хайвоноти гуногунро шикор. обсабзхо ва карами бахриро чамъ мекарданд. Дар натичаи он баъзе намудхои хайвонхо несту нобуд шуданд. Микдори бисёр намудхо кам шуд. Масохати сабзиши набототи бахри хам махдуд гардид. Бинобар ин баъзе намудхои хайвонот, аз чумла нахангхои кабуд, гурбахои бахри тахти мухофизат карор доранд.
Солхои охир микдори мохихои сайдшаванда хам кам гардидаанд. Барои зиёд кардани микдори онхо дар бисёр мамлакатхои сохили бахр заводхои мохипарвари сохта шудааид. Онхо аз тухми мохи мохичахо парвариш карда, ба бахрхо cap медиханд. Инчунин барои афзун намудани обсабзхо ва карами бахрй баъзе мамлакатхо дар тунукобаи сохили бахрхо китъахои сабз ва карамиарвари бунёд намудаанд. Парвариши онхо ахамияти калон дорад. Карамро хамчун хурокворй ва дору истифода мебаранд. Аз обсабзхо хам хуроки одамон, дору, когаз, матоъ, нурй, хуроки чорво тайёр мекунанд.
Барои кам шудани микдори мавчудоти биологии укёнусхо ифлосшавии онхо хавфи калон дорад. Хар сол ба оби укёну партовхои корхонахои саноати, моддахои химиявии аз сатхи хушки шусташуда. моддахои радиоактивии дар натича озмоиши яроки хастави (ядрои) хосилгардида ва партов саноатии онхо ворид мешаванд. Агар ин амалиётхои номатлуб пешгири карда нашаванд, хавфи дар китъахои алохидаи укёнус охиста-охиста нест шудани хаёт ногузир аст.

Тадкики бахру укёнусхо. Тамоми укёнус холо хам пур аз шаклхои то хануз номаълуми хаёту асрорхои нихони аст Олимон укёнусро омухта, онхоро ошкор мекунанд. Ба ин максад давлатхои алохида киштихои экспедитсиони ташкил намуда; Максади ин экспедитсияхо тахкик ва аз худ намудани сарватхо укёнус мебошад, киштихои экспсдитсионй бо асбобхо хозиразамон тачхизонида шудаанд. “Михаил Ломоносов”. “06 “Академик Курчатов”. “Юрий Гагарин”, “Витяз” аз кабл чунин киштихо мебошанд. Барои гузарондани тадкикоз да киштихои экспеднтсионй гайр аз олимони сохахои гуногун илм, гаввосону дигар кормандон иштирок мекунанд.

Гаввосоя дар чукурихои то 100 метр мушохида мегузаронанд, аксбардо мекунанд, намунаи наботот, хайвонот, тахшинхо ва дигар чонваронн зериобиро гирифга тахкик менамоянд.
Барои дар чукурихои зиёдтар тадкикот гузарондап воситахои техники истифода мебаранд. Аз чумла каъри укёнус ба воситаи батискаф, чукурии бахрхо ба воситаи заврак» зериоби ва батистат тадкик карда мешавад. Соли 1960 олимй швейсариявй Жак Пикар бо батискаф ба каъри фурухамидам Мариана фуромада, дар он чо мушохида гузаронд. Дар каърй хамаи ин воситахо олимон барои хаматарафа омухтани укёнус аз стансияхои руи яххои шинокунанда, радифони маснуий
Замин, киштихои кайхони низ истифода мебаранд. Натичаи тадкикотхоро барои пешрафги илмхои гуногун, азхуд намудани сарватхои биологй, минерали ва харакати бехатари киштихо истифода мекунанд.

Савол на супориш

  1. Пайдоиши чарасни укёнуси ба чи вобастаасг?
  2. Наботот ва хайвонот дар укёнус чи тавр пахн шудаанд?
  3. Барои чи набототи бахрй бештар дар чукурии 100-150 метр месабзанд?
  4. Аз обсабзхо чй хел махсулот истехсол мекунанд?
  5. Чи зарурат пайдо шуд, ки укёнус ва сарватхои онро мухофизат намоянд?
  6. Барои афзун намудани наботот ва намудхои камшудаи хайвонот чи чорахо меандешанд?
  7. Барои тадкики укёнус аз кадом воситахо истифода мебаранд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …