Главная / Илм / Бронхоскопия чист

Бронхоскопия чист

«Барои чи як одами хуберо ба бронхоскопия равон меунед? – гуфта аксар вакт аз пульмонолог  ё аз чаррохи торакали (торакального хирурга) мепурсанд. Биёед мутахассисони сохахои чудогонаро (махсусро) пуштибони мекунем: ин тахкики инвазиви аст (яъне бронхоскоп ба даруни организми одам ворид мешавад), мехнати бронхоскопист бошад арзон намеистад, барои хамин хам агар сабаби чидди набошад одатан бронхоскопияро таъин намекунанд.

bronhoskopiya

Ба нишонахои маъмулие, ки зарурати бронхоскопияро пеш меоранд инхо дохил мешаванд.

– хунтуфкуни;
– нафастанги, агар хеч маълумоте оиди иллатнокии дил ё астма набошад;
– гумонбар шудан ба омоси шушхо ё илтихоби музмини бронххо.

Таърихи алохида – тахкик бо максади дарёфт кардан ва безарар кардани чисмхои бегона,  ки ба роххои нафаскаши афтидаанд.

Бронхоскопистхои кудакона коллексияи пурраи тугмахо, нишонахои сарисинаги, бозичахои хурдро чамъовари кардаанд, ки онхоро аз дарахти бронхиалии беморони хурдсол пайдо карда баровардаанд.

Дар вакти бронхоскопия духтур метавонад биопсия гирад —  анбурчаи бронхоскоп метавонад порачаи хурди луоби бронхро газида гирад, ки баъдан онро дар шуъбаи патоморфологи дар зери микроскоп тахкик мекунанд. Дар холатхои муглаку духура ин имкон медихад, ки ташхиси дуруст гузошта шавад. Дар байни халк бехуда намегуянд, ки ташхисгари бехтарин – патологоанатом аст. Баъзан вакт бронхоскопияро ба максадхои табобати низ истифода мебаранд – то ин ки маводхои доругиро ворид кунанд ва бронххои тангшударо васеътар кунанд ва стентхо (васеъкунандахо) васл кунанд.

7 САВОЛ ДАР БОРАИ БРОНХОСКОПИЯ

БИСЁР БЕМОРОН АЗ ОН ДАР ТАШВИШАНД, КИ ДАР АСНОИ ИН ГУНА ТАХКИКОТКУНИ ЧИ ТАВР НАФАС ХОХАНД КАШИД

Барои он ки хиссиёти нофорам дар гулу камтар карда шаванд ва рефлекси кайкуни бартараф карда шавад, пеш аз проседура ковокии дахонро бо махлули  лидокаин  дорушуйи мекунанд. Диаметри бронхоскоп аз мурии (сурохии) бронххо камтар аст ва ба хеч вачх нафасгир шудан имкон надорад. Ба гайр аз ин дар вакти тахкиккуни мо ба беморон тавсия медихем, ки тез-тез ва бо сатхи болои, ба мисли сагча нафас кашанд– ин на факат диккати онхоро ба суи дигар мекашад, балки ба таври иловаги рефлекси кайкуниро низ камтар мекунад.

ЧИ ТАВР БА ТАХКИКОТ ТАЙЁР МЕШАВАНД?

Аз аввали бегохирузи дигар хурок хурдан мумкин нест. Пеш аз хоб доруи оромкунандаро хурдан мумкин аст, одами эхсосоти (эмотсионали) метавонад пагохи низ ин дорухуриро такрор кунад, аммо ин бояд бо духтур маслихат карда шавад. Пагохи бехтар аст, ки то тахкикот хеч чиз нанушед. Агар шумо дандонхои протезии чудошаванда дошта бошед, бояд пеш аз бронхоскопия онхоро кушода гиред.

ОЁ ЯГОН ХЕЛ ТАХЛИЛ СУПОРИДАН ЗАРУР АСТ?

Бале, тахлили гурухи хун ва резус-фактор, маркерхои вирусхои гепатитхо, сифилис ва ВНМО (ВИЧ) ва коагулограмма (тахлили лахтбандии хун). Агар шумо доими дорухои тунуккунандаи хунро истеъмол мекарда бошед, хатман духтуро огох намоед. 

ТАХКИКОТ ДАР КУЧО  ВА ЧИ ТАВР ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД?

Бемор дар руи стул менишинад ё дар руи нимкати мулоим хоб меравад. Дар назди духтур монитори калоне истодааст, ки расми узвхои роххои нафаскашии шумо ба он интикол дода мешаванд. Се дакика кифоя аст, ки бронххои шумо бодиккат мушохида карда шаванд ва расми он ба хотираи компютер навишта шавад. Агар духтур барои гирифтани биопсия аз мавзеъи шубханок карор дихад, боз 1-2 дакикаи дигар зарур меояд.

ОЁ ГИРИФТАНИ БИОПСИЯ – ДАРДНОК АСТ?

Не, пардахои луобии бронххо амалан дардро хис намекунанд, барои хамин хатто доруи бедардкунанда хам зарур намешавад.

ПАС АЗ БРОНХОСКОПИЯ ЧИ ГУНА ЭХСОСОТИ НОФОРАМ БОКИ МЕМОНАД?

Аз сабаи таъсири анестезия шояд дар гулуятон хиссиёти нохинчори ва мушкилии фурубарии оби дахон пайдо шавад. Ин гуна нишонахо (симптомхо) пас аз 40-60 дакика нопадид мешаванд. Аз сабаби барангезиши пардахои луобии бронххо шояд каме сулфа пайдо шавад, баъзан бо хатчахои сурхе дар балгам. Агар дар давоми руз ин гуна нишонахо нопадид шаванд – хамааш хуб аст, аммо агар онхо давом ёбанд – дар ин бора  ба духтуратон хабар дихед.

ОЁ ЗАРУРАТИ БИСТАРИ КАРДАН (ГОСПИТАЛИЗАТСИЯ) ВУЧУД ДОРАД?

Ин тахкикот аз руи коида бо фибробронхоскопи эластики дар дармонгох (поликлиника) гузаронида мешавад. Дар холати махсусан душвор  аз руи натичахои бронхоскопияи мулоим мумкин аст сахташро таъин кунанд. Он тавассути бехискуни (дар зери наркоз) ва дар шароити статсионари ичро карда мешавад.

Маълумотхо аз тарафи хонаи нашриётии «Здоровье» пешниход шудаанд.

Оё  хатоеро дарёфт кардед? Онро намудор  кунед ва клавишхои Ctrl+Enter – ро зер кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …