Главная / Маданият ва санъат / Бихишти сеюм, ки онро доруссалом гуянд

Бихишти сеюм, ки онро доруссалом гуянд

Бихишти сеюм, ки онро доруссалом гуянд

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ману Чабраил (а) ва Ризвон дар бихишти сеюм расидем, ки онро доруссалом гуянд, аз ёкути сурх аст. Ва дари у аз ёкути сабз аст. Ва кунгурахои у аз марворид аст ва бар он дар навишта дидам, ки “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох” гуянд, ки дар ин бихишт Хак таъоло бо дустони худ сухан гуяд. Дар ин бихишт касоне меистанд, ки дар мачлиси илм нишаста бошанд. Ва мавъизаи олимонро гуш карда ба он амал карда бошанд. Ва чои шахсони сахи ва чавонмардон аст. Неъматхои у фаровон ва бакои у човидон ва дарахтонаш cap ба осмон ва хурони вай хама анорпистон. Дар чуйхояш обу шир, гулобу асал равон буд. Ва либоси онхо харир бувад. Наззораи онхо ба Худои чахон бувад. Дар ин бихишт камбагалхои сабркунанда аз уммати Мухаммад (с) медароянд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки дар бихишт хонае дидам, ки аз ёкути сурх буд. Ва дахлези он низ аз ёкути сурх буд. Ва фарохии он бенихоят буд. Аз Ризвон пурсидам, ки ин хона аз они кист? Ва инро ба ман бинамо. Ризвон гуфт: – Ё Расулаллох, ин хона бенихоят бузург аст, ки хамаи ин хонаро дида нашавад, аммо дар дахлези ин хона дохил шав, то ачоиби Худои таъоло бубини.

Фармуданд, дар дахлези он хона даромадам. Ризвон гуфт:

– Хар кадом хурон ва гилмон дар ин хона оянд. Хурон хозир шуданд. Фармуданд, хазрат (а) аз дидани он хона ва хурон мутааччиб бимондам. Аз хурон пурсидам, ки Хак таъоло шуморо аз барои ки офаридааст? Гуфтанд: – Барои касоне аз умматони ту, ки намози чошт бигузоранд. Гуфтам: – Эй Ризвон ва сокинони бихишт, ман ин намозро бар худ назр ва вочиб гардонидам.

Расули акрам (с) фармуданд, ки дар бихишт дар лаби чуйе расидам, ки сангрезаи у аз ёкут ва марчон буд. Овозе шунидам, ки “Ассалому алайкум ё Расулаллох”.

Гуфтам: – Лаббайка.

Аз Чабраил (а) пурсидам, ки инхо киёнанд, ки бар ман салом карданд?

Гуфт: – Хуронанд, ки аз Худои таъоло ичозат хостанд, то бар ту салом карданд.

Он гох хурон гуфтанд: – Мо зиндагонем, харгиз намемирем. Ва мо неъмат дода шудем, ки харгиз ранч ва сахти надидаем. Ва мо чуфтони мардони порсоем ва чуфтони чавонмардонем аз умматони ту.

Хурон дар бихишт дастхои якдигарро бигиранду бираксанд ва бо овози хуш замзама намоянд, чунонки касе аз он хубтар овоз нашунида бошад. Ва мегуянд, ки мо шодгонем, ки харгиз ба чуфтони худ хашм нагирем. Ва мо хамеша дар хамин чо мебошем, ки харгиз ба чое наравем. Ва мо хушхислатонем, ки харгиз туршру нашавем.

Оиша (р) гуяд, ки хурон ин суханхо бигуянд. Занони муъминон низ бигуянд ба овози хуштар аз он овоз, ки хуронрост.

Мегуянд, ки мо намоз хондаем дар дунё ва шумо намоз нахондаед. Ва мо садака додаему шумо надодаед. Занони муъминон галаба кунанд бар хурон.

Хурони бихишт чашм ба дидани касе накушоянд, магар ба дидани чуфтони худ. Бигуянд ба иззати он Худои, ки чуз вай Худои дигаре нест, хеч чиз намебинем дар бихишт хубтар ва некутар аз ту, ки чуфти мои. Алхамдулиллох, ки ту аз они мои ва мо аз они туем.

Хар ки дар дунё чашм аз харом ва лаззатхои дунё бипушад, дар ивази он ин хуронро ба у диханд. Гуянд, ки онхо ёкутанд дар покизаги ва марвориданд дар некуи. Ва хар ахли бихиштиро хафтоду ду зан бошад аз хурони бихишти ва хафтоду ду зан аз занони дунё, ки аз дузахиён мерос монда бошад. Яъне шавхарони онхо дузахиву он занон бихишти  бошанд ва онхоро ба мардони бихишти диханд.

Дар хабар аст, ки нуре дар бихишт битобад, гуянд, ки ин чи нур аст?

Гуянд: – Нури дандони хуре аст, дар руи шавхари худ (хандидааст. Аз овози кафшхои у овози тасбех меояд. Ва аз гарданбанди заррини у овози тахлил меояд.

Абухурайра (р) гуяд, ки махри хур ба ин некуи кабзаи мавиз ва ё хурмое аст, ки ба мискин бидихи ва ё масчидеро бируби ва ё пораи нони хушк ба дарвешон бидихи ё нонрезаи афтодаро аз хок бардори  ва бихури. Ин хама мукофоти онхо бошад дар бихишт.

Пайгамбар (с) фармуданд, ки дар пеши бихиштиён моидае бошад, яъне дастархон. Дар он хаштод табаки заррин ва дар хар табак хафтод хазор гуна таъом. Бишитобед ба амале, ки расонад шуморо дар бихишт.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

bihishti-haftum-ki-onro-jannatulmavo-guyand

Бихишти хафтум, ки онро Чаннатулмаъво гуянд.

Бихишти хафтум, ки онро Чаннатулмаъво гуянд. Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ману бародар Чабраил …