Главная / Маданият ва санъат / Биҳишти сеюм, ки онро доруссалом гӯянд

Биҳишти сеюм, ки онро доруссалом гӯянд

Биҳишти сеюм, ки онро доруссалом гӯянд

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ману Ҷабраил (а) ва Ризвон дар биҳишти сеюм расидем, ки онро доруссалом гӯянд, аз ёқути сурх аст. Ва дари ӯ аз ёқути сабз аст. Ва кунгураҳои ӯ аз марворид аст ва бар он дар навишта дидам, ки “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ” гӯянд, ки дар ин биҳишт Ҳақ таъоло бо дӯстони худ сухан гӯяд. Дар ин биҳишт касоне меистанд, ки дар маҷлиси илм нишаста бошанд. Ва мавъизаи олимонро гӯш карда ба он амал карда бошанд. Ва ҷои шахсони сахӣ ва ҷавонмардон аст. Неъматҳои ӯ фаровон ва бақои ӯ ҷовидон ва дарахтонаш cap ба осмон ва ҳурони вай ҳама анорпистон. Дар ҷӯйҳояш обу шир, гулобу асал равон буд. Ва либоси онҳо ҳарир бувад. Наззораи онҳо ба Худои ҷаҳон бувад. Дар ин биҳишт камбағалҳои сабркунанда аз уммати Муҳаммад (с) медароянд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки дар биҳишт хонае дидам, ки аз ёқути сурх буд. Ва дахлези он низ аз ёқути сурх буд. Ва фарохии он бениҳоят буд. Аз Ризвон пурсидам, ки ин хона аз они кист? Ва инро ба ман бинамо. Ризвон гуфт: – Ё Расулаллоҳ, ин хона бениҳоят бузург аст, ки ҳамаи ин хонаро дида нашавад, аммо дар дахлези ин хона дохил шав, то аҷоиби Худои таъоло бубинӣ.

Фармуданд, дар даҳлези он хона даромадам. Ризвон гуфт:

– Ҳар кадом ҳурон ва ғилмон дар ин хона оянд. Ҳурон ҳозир шуданд. Фармуданд, ҳазрат (а) аз дидани он хона ва ҳурон мутааҷҷиб бимондам. Аз ҳурон пурсидам, ки Ҳақ таъоло шуморо аз барои кӣ офаридааст? Гуфтанд: – Барои касоне аз умматони ту, ки намози чошт бигузоранд. Гуфтам: – Эй Ризвон ва сокинони биҳишт, ман ин намозро бар худ назр ва воҷиб гардонидам.

Расули акрам (с) фармуданд, ки дар биҳишт дар лаби ҷӯйе расидам, ки сангрезаи ӯ аз ёқут ва марҷон буд. Овозе шунидам, ки “Ассалому алайкум ё Расулаллох”.

Гуфтам: – Лаббайка.

Аз Ҷабраил (а) пурсидам, ки инҳо киёнанд, ки бар ман салом карданд?

Гуфт: – Ҳуронанд, ки аз Худои таъоло иҷозат хостанд, то бар ту салом карданд.

Он гоҳ ҳурон гуфтанд: – Мо зиндагонем, ҳаргиз намемирем. Ва мо неъмат дода шудем, ки ҳаргиз ранҷ ва сахтӣ надидаем. Ва мо ҷуфтони мардони порсоем ва ҷуфтони ҷавонмардонем аз умматони ту.

Хурон дар биҳишт дастхои якдигарро бигиранду бирақсанд ва бо овози хуш замзама намоянд, чунонки касе аз он хубтар овоз нашунида бошад. Ва мегӯянд, ки мо шодгонем, ки ҳаргиз ба ҷуфтони худ хашм нагирем. Ва мо ҳамеша дар ҳамин ҷо мебошем, ки харгиз ба ҷое наравем. Ва мо хушхислатонем, ки ҳаргиз туршрӯ нашавем.

Оиша (р) гӯяд, ки ҳурон ин суханҳо бигӯянд. Занони мӯъминон низ бигӯянд ба овози хуштар аз он овоз, ки ҳуронрост.

Мегӯянд, ки мо намоз хондаем дар дунё ва шумо намоз нахондаед. Ва мо садақа додаему шумо надодаед. Занони мӯъминон ғалаба кунанд бар ҳурон.

Ҳурони биҳишт чашм ба дидани касе накушоянд, магар ба дидани ҷуфтони худ. Бигӯянд ба иззати он Худои, ки ҷуз вай Худои дигаре нест, ҳеҷ чиз намебинем дар биҳишт хубтар ва некӯтар аз ту, ки ҷуфти моӣ. Алхамдулиллоҳ, ки ту аз они моӣ ва мо аз они туем.

Ҳар ки дар дунё чашм аз ҳаром ва лаззатҳои дунё бипӯшад, дар ивази он ин ҳуронро ба ӯ диҳанд. Гӯянд, ки онхо ёқутанд дар покизагӣ ва марвориданд дар некӯӣ. Ва ҳар аҳли биҳиштиро ҳафтоду ду зан бошад аз ҳурони биҳиштӣ ва ҳафтоду ду зан аз занони дунё, ки аз дӯзахиён мерос монда бошад. Яъне шавҳарони онҳо дӯзахиву он занон биҳиштӣ  бошанд ва онҳоро ба мардони биҳиштӣ диҳанд.

Дар хабар аст, ки нуре дар биҳишт битобад, гӯянд, ки ин чӣ нур аст?

Гӯянд: – Нури дандони ҳуре аст, дар рӯи шавҳари худ (хандидааст. Аз овози кафшҳои ӯ овози тасбеҳ меояд. Ва аз гарданбанди заррини ӯ овози таҳлил меояд.

Абӯҳурайра (р) гӯяд, ки маҳри ҳур ба ин некӯӣ қабзаи мавиз ва ё хурмое аст, ки ба мискин бидиҳӣ ва ё масҷидеро бирӯбӣ ва ё пораи нони хушк ба дарвешон бидиҳӣ ё нонрезаи афтодаро аз хок бардорӣ  ва бихӯрӣ. Ин ҳама мукофоти онҳо бошад дар биҳишт.

Пайғамбар (с) фармуданд, ки дар пеши биҳиштиён моидае бошад, яъне дастархон. Дар он ҳаштод табақи заррин ва дар ҳар табақ ҳафтод ҳазор гуна таъом. Бишитобед ба амале, ки расонад шуморо дар биҳишт.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …