Главная / Гуногун / Барои чи курби доллари ИМА боло меравад?

Барои чи курби доллари ИМА боло меравад?

Аз чи сабаб нархи доллор афзоиш ёфта ба паст шудани арзиши пулли милли сабаб мегардад ?

Аз эътидол берун паст шудани курби рубли руси нисбати доллари ИМА бинобар чори шудани тахримхои нав алайхи Федератсияи Руссия дар чанд рузи охир бевосита  таъсири худро ба курби пули милли-сомони расонд.  Дар натичаи курби доллари ИМА-и накд дар бозори гайрирасми яку якбора баланд шуда,  фаркияти байни ин курб ва  курби расми аз ду фоиз зиёд гашта,  талабот ба харидории доллари ИМА-и накд аз чониби сохибкорони инфироди ва ахоли ба маротибахо афзуд.

Доллари ИМА

Пайдо шудани фаркияти назаррас дар байни курби бозори расми ва гайрирасмии хариду фуруши доллари ИМА-и  накд боиси он гаштааст,  ки шахсони вокеи ба таври оммави бо максади гирифтани даромади ханноти,  фурухтани асъори накдро аз ташкилотхои карзи талаб менамоянд.

Аз ин ру,  ташкилотхои карзи бояд барои бахисобгирии шахсони вокеие,  ки мунтазам асъори накдро бо максади гирифтани  даромади ханноти аз муассисахои ташкилотхои карзи харидори менамоянд ва харидории ин асъор ба фаъолияти онхо умуман алокаманди надорад, чорахои зарури андешида, фуруши накдинаро ба онхо манъ намоянд.

Тахлилхои нишон медиханд,  ки  дар баробари таъсири омилхои объективи-мавсими  ва субъективи-психологи (овозаю тахлука) дар бавучудоии ин вазъи ногувор муассисахои ташкилотхои карзи ва кормандони онхо сахми назаррас доранд.

Бонки миллии Точикистон каблан ташкилотхои карзиро вазифадор карда буд,  ки фаъолияти худро дар бозори дохили бо дарназардошти максаду вазифахои сиёсати курбии давлат ва эхтиёчоти муштариёнашро ба рох монда,  асъори хоричии харида ва ё аз дигар манбахо ба дастовардаашонро бемамоният,  хатман ба фуруш бароранд.

Мутаассифона, ташкилотхои карзи аз вазъияти баамаломада ва мавкеи монополии худ дар бозори дохилии асъор суиистифода намуда, бар хилофи дастури Бонки миллии Точикистон хариди доллари ИМА-ро бо курби паст зиёд намуда, фуруши онро ба ахоли махдуд ва ба таври сунъи кам кардаанд.

Бинобар ин,  Бонки миллии Точикистон бари дигар ташкилотхои карзиро барои ичрои бечунучарои талаботи хатман фурухтани асъори аз Бонки милли Точикистон ва ахоли харидоришуда, вазифадор менамояд.

Рохбарони аввали ташкилотхои карзи барои ичрои дастури мазкур шахсан чавобгар буда,  дар холати мушохида гаштани беэътинои ва бемасъулияти, нисбати онхо ва ташкилотхои карзи фавран чорахои таъсиррасони татбик хохад шуд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

rastanihoi-shifo

Гиёххои шифобахши Точикистон

Дар Точикистон зиёда аз хазор намуди гиёххои шифобахш мавчуданд, ки дар байни онхо барги зулф …