Главная / Чамъият / Барномахои давлати ва махаллии мубориза бо обхези

Барномахои давлати ва махаллии мубориза бо обхези

Моддаи 1322-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Барномахои давлати ва махаллии мубориза бо обхези

  1. Мубориза бо обхези бояд бо назардошти хавфи сар задани он, хусусиятхои хар як объекти об ва хавзахои дарёхо дар асоси барномаи ягона анчом дода, дар хамаи сатххои макомоти ичроияи хокимияти давлати таъмин карда шавад.
  2. Номгуи объектхои об ва хавзахои дарёхоро, ки нисбати онхо Барномаи давлатии мубориза бо обхези тахия ва амали мешавад, бо пешниходи макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва хифзи захирахои об Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  3. Барномахои махаллии мубориза бо обхези дар объектхои дигари об ва хавзахои дарёхо бо мувофикаи макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва хифзи захирахои об, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхои дахлдор тахия, тасдик ва амали менамоянд. (КЧТ аз 16.04.2012с., №821)
  4. Барномахои давлати ва махаллии мубориза бо обхези, ки бо максади пешгири, химоя ва кам намудани зарари обхези пешбини шудаанд, бояд чорабинихои зеринро дар бар гиранд:

– чамъовари ва тахлил намудани маълумоти  мониторинги холати объектхои дахлдори об,  ба хисоб гирифтани иншооти мавчудаи сохаи мелиоратсия ва захирахои об, арзёбии техникию иктисодии чузъхои мавчуда ва  зарурии иншооти мазкур бо максади мубориза бо обхези:

– чори намудани равандхои мутавозии истифодаи захирахои об бо рохи хамачониба ва асоснок кор фармудани оби партов, захбуру захкашхо ва обхои дигар дар хочаги хангоми амали намудани фаъолияти  иктисоди;

– амали намудани лоихахои кучонидани ахолии минтакахое, ки ба онхо хавфи зиёди обхези тахдид менамояд, баркарорсозии саддхои мухофизи сохил ва иншооти дигари гидротехники,  мустахкам намудани сохили дарёхо ва каналхо.

  1. Барномахои давлати ва махаллии мубориза бо обхези бо назардошти маблагхои мавчуда, чалби маблаг ва захирахои моддию техникии имконпазир тахия мешаванд.
  2. Барномахои мубориза бо обхези дар мачмуъ тахия шуда, онхо дар баробари мубориза бо обхези инчунин чорахои мубориза бо биёбоншавиро низ пешбини менамоянд. (КЧТ аз 3.12.09с, №572).

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …