Главная / Илм / БЕМОРИХОИ ЗАНБуРУГИИ ПуСТ

БЕМОРИХОИ ЗАНБуРУГИИ ПуСТ

dermatomycosisБЕМОРИХОИ ЗАНБуРУГИИ ПуСТ (Dermatomycosis, dermatophytosis), микозхо, дерматомикозхо, беморихое, ки ангезандаи онхо занбуругхои микроскопии пуст ва луобпардахои одам ва хайвонот мебошанд. Чор гурухи микозхо вучуд дорад:
Ба гурухи якум микозхое дохил мешаванд, ки ангезандаашон дар кабати болоии пуст сукунат доранд. Дар мавриди он пуст газак, дард ё хориш намекунад, холати умумии бемор бетагйир аст. Чунин беморихо чандон сироятнок нестанд, мас., шукуфаи сабусакмонанд, ки бештар дар одамони серарак вомехурад.
Ба гурухи дуюм амрози багоят сироятнок – эпидермофитияи кафи по, руброфития (ниг. Микози кафи пой) ва эпидермофитияи чинхои кадкашак (ниг. Эпидермофитияи кадкашак) дохил мешаванд. Ангезандахои эпидермофития ва руброфития ба кабати шохии пуст зиён расонда, боиси газаки кабатхои поёнии он мегарданд; онхо инчунин нохунхои дасту пойро иллатнок мекунанд. Пешгирии хама навъхои эпидермофития нисбат ба табобати онхо осонтар аст. Аз ин ру коидахои гигиенаи шахси бояд хатман риоя карда шаванд. Бемории кандидамикози пуст ва луобпардахо низ ба ин гурухи микозхо мансуб аст (ниг. Кандидоз).
Ба гурухи сеюми Б. трихофития, микроспория ва чараб мансуб мебошад. Ангезандаи онхо ба гайр аз пусту нохун муйро низ иллатнок мекунанд. Ин навъи микозхо бисёр ва хеле сироятнок мебошанд. Баъзан чунин беморон дар беморхонаи амрози пуст бистари гардонда мешаванд.
Ба гурухи чорум споротрихоз, хромомикоз, беморихои магори ва г. дохил мешаванд. Онхо бештар дар кишвархои иклимашон тропики ва субтропики вомехуранд. Ангезандаи онхо нафакат пуст, балки бофтахо, мушак, устухон ва баъзан узвхои дарунро низ иллатнок мекунад.
Ниг. низ Занбуругхои микроскопи.
Ад.: Зоиров П.Т., Беморихои пуст, Д., 1999; Хамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; Хамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

А. А. Хусайнов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …