БЕМОРИҲОИ ЗАНБӯРУҒИИ ПӯСТ (Dermatomycosis, dermatophytosis), микозҳо, дерматомикозҳо, бемориҳое, ки ангезандаи онҳо занбӯруғҳои микроскопии пӯст ва луобпардаҳои одам ва ҳайвонот мебошанд. Чор гурӯҳи микозҳо вуҷуд дорад:
Ба гурӯҳи якум микозҳое дохил мешаванд, ки ангезандаашон дар қабати болоии пӯст сукунат доранд. Дар мавриди он пӯст газак, дард ё хориш намекунад, ҳолати умумии бемор бетағйир аст. Чунин бемориҳо чандон сироятнок нестанд, мас., шукуфаи сабӯсакмонанд, ки бештар дар одамони серарақ вомехӯрад.
Ба гурӯҳи дуюм амрози бағоят сироятнок – эпидермофитияи кафи по, руброфития (ниг. Микози кафи пой) ва эпидермофитияи чинҳои қадкашак (ниг. Эпидермофитияи қадкашак) дохил мешаванд. Ангезандаҳои эпидермофития ва руброфития ба қабати шохии пӯст зиён расонда, боиси газаки қабатҳои поёнии он мегарданд; онҳо инчунин нохунҳои дасту пойро иллатнок мекунанд. Пешгирии ҳама навъҳои эпидермофития нисбат ба табобати онҳо осонтар аст. Аз ин рӯ қоидаҳои гигиенаи шахсӣ бояд ҳатман риоя карда шаванд. Бемории кандидамикози пӯст ва луобпардаҳо низ ба ин гурӯҳи микозҳо мансуб аст (ниг. Кандидоз).
Ба гурӯҳи сеюми Б. трихофития, микроспория ва ҷараб мансуб мебошад. Ангезандаи онҳо ба ғайр аз пӯсту нохун мӯйро низ иллатнок мекунанд. Ин навъи микозҳо бисёр ва хеле сироятнок мебошанд. Баъзан чунин беморон дар беморхонаи амрози пӯст бистарӣ гардонда мешаванд.
Ба гурӯҳи чорум споротрихоз, хромомикоз, бемориҳои мағорӣ ва ғ. дохил мешаванд. Онҳо бештар дар кишварҳои иқлимашон тропикӣ ва субтропикӣ вомехӯранд. Ангезандаи онҳо нафақат пӯст, балки бофтаҳо, мушак, устухон ва баъзан узвҳои дарунро низ иллатнок мекунад.
Ниг. низ Занбӯруғҳои микроскопӣ.
Ад.: Зоиров П.Т., Бемориҳои пӯст, Д., 1999; Ҳамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; Ҳамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.
А. А. Ҳусайнов.