Главная / Илм / БАЙХАКи Захируддин Абулхасан Али ибни Зайд

БАЙХАКи Захируддин Абулхасан Али ибни Зайд

imagesБАЙХАКи Захируддин Абулхасан Али ибни Зайд (1106, Сабзавор, музофоти Байхак – 1174, хамон чо), муаррих, муначчим, математик, табиб ва шоир. Аз оилаи хакимони машхури Фундук. Оилаи онхо бо муаррих Табари каробат дошт. Дар Нишопур, Марв, Рай тахсил намуда, илмхои замонро аз худ кард. Хамрохи падараш Умари Хайёмро зиёрат намудааст. С. 1148 Б.-ро Султон Санчар ба дарбор таклиф намуд. Доир ба тиб ва наботот асархои «Китобу атъимати-л-марзо» («Китоби хуроки беморон») ва «Китобу асоми-ил-адвия ва хавосийхо ва манофийхо» («Китоби номи давохо ва манфиати онхо»)-ро таълиф кард. Ба забонхои форси-точики ва араби чамъ 74 асар эчод намудааст. Машхуртарини онхо «Таърихи Байхаки» давоми «Суввону-л-хикма» («Хазинаи хикмат»)-и Абусулаймон ас-Сичистони ва низ «Машорибу-т-тачориб фи таворих» («Роххои тачриба дар таърих») мебошанд. Асари якум вокеахои таърихии а-хои 11 – 12-ро дарбар мегирад. Холномаи Б. дар асари дуюми у зикр ёфтааст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …